Ё чаро пахтакор ғалбери холиро аз об мебардорад?
Пахтапарварӣ дар мамлакат яке аз соҳаҳои стратегӣ ба шумор рафта, пахта боигарии кишвар эътироф шудааст. Вале агар дар пахтакорӣ муваффақ нагардем, пас, онро чӣ тавр боигарии асосии кишвар ҳисобем?
Ҳанӯз дар асрҳои I — IV мелодӣ дар Осиёи Миёна пахта кишт мекарданд. Бояд ёдовар шуд, ки пеш аз инқилоб пахтакорӣ дар Бухорои Шарқӣ (Тоҷикистон) таваҷҷуҳи Россияи подшоҳиро ҷалб кард, чунки дар бозори ҷаҳонӣ талабот ба он зиёд буд. Баъди худмухтор гаштани Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳа рӯ ба тараққӣ ниҳод. Соли 1930 аз 634 колхоз 500 — тоаш ба пахтакорӣ машғул буданд ва то соли 1938 истеҳсоли он ба 174 ҳазор тонна расонида шуд. Солҳои 60 — 80-уми асри гузашта, вақте ки дар Тоҷикистон аз ҳар гектар 35 — сентнерӣ ҳосил мегирифтанд, дар Исроил ҳосилнокии пахта аз ҳар гектар ба 17 — сентнерӣ ва дар ИМА ба 27 — сентнерӣ баробар буд.
Соли 1980 Тоҷикистон ба он комёб гашт, ки 1 миллион тонна пахта истеҳсол намояд. Он шуҳрат то ҳол дар хотираҳо мондааст.
Ҳоло тасаввурнопазир аст, ки чаро маҳсулоти стратегӣ аз назарҳо дур мондааст? Дар ҳоле ки аз пахта 200 навъи маҳсулот истеҳсол мешавад. Солҳои 85 — 90 — уми асри гузашта технология ва фанноварӣ, чунон ки ҳоло ҳаст, пешрафта набуд, вале Ҷумҳурии Тоҷикистон 800 ҳазор тонна пахта истеҳсол мекард. Ҳар бригада барои коркарди аввал — хушконидани пахта хирман дошт ва ҳар хоҷагӣ пункти пахтақабулкунӣ. Дар паркҳои техникӣ мошинҳои пахтачинӣ қатор мешуданд. Роҳбарияти ҷумҳуриро аввал аз иҷрои нақшаи истеҳсоли пахта мепурсиданд. Дар дохили ҷумҳурӣ корхонаҳои равғанкашии зиёд фаъолият дошт ва собун, дигар маҳсулоти ниёзи мардум низ истеҳсол мекарданд. Пахта он қадар манзалат дошт, ки дар назди замини он касе ёрои чаронидани чорворо надошт, пахтакорон ба пахта хӯ гирифтаву муносибату маҳбубият доштанд. Чаро ин ҳавасмандӣ якбора аз байн рафт?
Пахтапарварӣ дар он замон чунон аҳамият дошт, ки таълим дар макотиби миёна ва олӣ қатъ мегашт, муассисаҳо ва корхонаҳои саноатӣ ба пахтачинӣ сафарбар шуда, воситаҳои ахбори омма аз рафти пахтапарварӣ гузориш медоданд. Ҳатто доир ба иҷрои ҳаррӯзаи нақшаи пахтасупорӣ ба мардум маълумот пешниҳод мегардид. Пахтапарварӣ самти бонуфузи истеҳсолоти кишоварзӣ буд. Ҳама унвони баланд ба пахтапарварон дода мешуд. Чунки онҳо ба хотири пахтакорӣ туғайзорҳои касногузарро бо меҳнату машаққат ба пахтазор табдил доданд. Ҳама қувваро барои сарсабзии пахтазор равона мекарданд. Деҳқон дар ин самт бо заҳмат таҷриба андӯхт.
Вале аз он фидокориҳо ҳоло танҳо хотира мондааст. Масалан, ду Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ – Абдуғаффор Самадов ва Миралӣ Маҳмадалиевро, ки намунаи меҳнатқаринию фидокорӣ буданд, чӣ гуфта ба насли ҳозираву оянда муаррифӣ кунем? Агар гӯем, ки дар гузаштаи начандон дур пахтакорӣ ончунон ривоҷ дошт, ки як миллион тонна пахта истеҳсол кардем ва онҳо қаҳрамон ва диловарони саҳро буданд, кӣ бовар мекунад? Хоҷагие, ки М. Маҳмадалиев аз он шарафу шуҳрат ёфт, 16 ҳазор тонна пахта истеҳсол мекард. Таваҷҷуҳ кунед: замин ҳамон замин, об ҳамон об, таҷрибаву собиқа ҳанӯз як наслро паси сар накардааст, аммо истеҳсол назаррас нест.
Чунин менамояд, ки донишҳои кишоварзиамон дигар тоби пахтапарвариро надорад. Фаҳмишу собиқа дар ҳоли фаромӯшист, вале ҳоло ҳам вақт аст, ки таҷрибаи бо заҳмат андӯхтаи марди деҳқонро дастури кор қарор диҳем ва интизор нашавем, ки кай аз хориҷа омада, дар бораи пахтакорӣ ба мо семинар баргузор мекунанд. Ҳоло дар 186 ҳазор гектар замин пахта кишт кардаву аз рӯи омор ҳар сол тайи 350-400 ҳазор тонна пахта истеҳсол мекунем, вале дар ягон ҷо хушконидани пахтаро намебинем. Замоне дар дилхоҳ бригада заминҳои пахтаро ба 100 — 200 — гектарӣ расонида, ҳатто заминҳои санглохро корам карда буданд. Ҳоло дар деҳаҳои ба пахтапарварӣ шуҳратёфта базӯр дар 10-15 гектар замин пахта кишт мекунанд. Бо рақамҳо оморро зиёд нишон медиҳем. Ҳатто ғунучин ва нигоҳдории он ноуҳдабароёна буда, дар таҳхонаю оғилхонаҳо нигоҳдорӣ мешавад, ки дар натиҷа сифати нахи он паст мегардад. Харидор намедонад, ки пахтаи харидааш кадом навъ аст ва донад ҳам, дар назар менамояд, ки барои ӯ фарқ надорад. Дар гузашта бошад, дар пунктҳои қабул пахтаро ба навъҳо ҷудо карда, ба корхонаҳои коркард месупориданд.
Барои таъмини рушди мунтазами соҳаи пахтакорӣ вазъи баамаломадаро ба назар гирифта, Ҳукумати ҷумҳурӣ як қатор қонун ва барномаҳоро қабул кард. Аз ҷумла, қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 марти соли 2004 «Дар бораи барномаи рушди соҳаи пахтакорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2002 — 2005» ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи барномаи рушди соҳаи пахтакорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2010 — 2014» ба тасвиб расиданд. Тибқи барномаҳои қабулгардида, бояд соли 2005 истеҳсоли пахта ба 700 ҳазор ва соли 2014 ба 850 ҳазор тонна расонида мешуд.
Як замон шарикони истеҳсолӣ (фючеристҳо) пахтаи деҳқонро дар ивази дорую сӯзишворӣ ва техникаи баиҷорадодаашон бо нархи ночиз мегирифтанд. он айёми «найрангбозӣ» ҳам гузашт. Кишоварзон чобуқ ва дигар коркардҳоро дар саҳро фақат ба хотири ғӯзапоя мекарданд, ки ин раванд то ҳол давом дорад. Фермерҳо деҳқононро маош намедиҳанд. Ҳатто табели маошгирӣ надоранд. Деҳқон ва хоҷагиҳои деҳқонӣ ба қарз ғӯтиданд.
Зимнан, бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин самт тадбирҳои зарурӣ андешида шуд: 5 марти соли 2007 Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқ намудани Нақша — чорабиниҳо оид ба ҳалли қарзҳои хоҷагиҳои пахтакор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2007- 2009» қабул гардид. Аммо аз қабули қарорҳо чанд сол сипарӣ шуда бошад ҳам, истеҳсоли пахта соли 2020 ба 350 ҳазор тонна расонида шуд.
Ба ҳар як дастуру супориши Пешвои миллат, аз ҷумла, беҳтар намудани ҳавасмандии кишоварзон ба афзун гардонидани истеҳсоли пахта ва ба ашёи хом таъмин намудани корхонаҳои саноати сабук, масъулин тадбирҳои судманд андешида, бояд он пайгарди ҷавобӣ дошта бошад. Дарвоқеъ, калиди ҳалли мушкилоти соҳаи саноати сабукро кӣ бояд дар даст дошта бошад?
Мутаассифона, ҳавасмандии марди деҳқон ва бо кадом нарх харидорӣ кардани пахтаи бо арақи ҷабин рӯёнидаи ӯ ба фикри касе намерасад. Механизми таҳвили пахта бошад, фурӯши чаканаи кӯчагист.
Мутахассисон бар онанд, ки барои ноил шудан ба барномаҳои рушд, майдони кишти пахта васеъ карда шавад ва ё шакли дигари хоҷагидориро ба роҳ бояд монд. Аммо аз кадом ҳисоб? Соҳаи пахтапарварӣ таҳаввулоти илмиву истеҳсолиро интизор аст. Баъзе аз заминҳо бебозгашт аз соҳа берун рафтанд ва бозпас гирифтани онҳо кори саҳл нест. Иқтидори соҳа поён фуромад. Коҳиши ёфтани масоҳати кишти пахтаро мутахассисон ҳар хел шарҳ медиҳанд: сохтмони манзили зист дар замини обӣ, бунёди боғҳо, кишти ғалладона дар он заминҳо, нарасидани оби полезӣ ҳангоми ҷӯшу хурӯши сабзиши пахта ва ғайра. Илова бар ин, набудани рӯҳияи пахтакорӣ ва муносибати сард ба соҳа ба рушди пахтакорӣ монеъ мешавад.
Дар аксар заминҳо пахта кишт карда, 35 — 40 — сентнерӣ ҳосил бардошта мешуд, ҳоло як навбат ғалла мекоранду по болои по монда мешинанд, ки кай аз хориҷ ба онҳо равғану собун ва тойи пахта меоранд. Ҳол он ки дар замини обӣ, ҳатто гандум коридан тахаллуф ба кишоварзии рушдёбанда мебошад ва қитъа — қитъа парвариши пахта кори деҳқононро дучанд душвор кардааст.
- Мо дар саргаҳи об қарор дорем. Дар 80 сотих замин пахта кишт кардам. Ниҳолҳо хуб нашъунамо ёфтанд, вале бо сабаби нарасидани оби полезӣ аз ду ваҷаб баланд намешаванд. Ба пахта нуриҳои минералӣ додем, он обталаб аст, вале аз об фақат моҷаро боқӣ мемонаду халос, — мегӯяд сокини деҳаи Файзободи деҳоти «Даҳана»-и шаҳри Кӯлоб Сафаралӣ Бобоев.
Дар ҷавоб ба саволи «Дар шароити ҳозира пахта чанд сентнерӣ ҳосил диҳад, ки даромаднокии истеҳсолии он фоидаовар шавад?», Файзалӣ Шарифов яке аз собиқадорони соҳаи пахтапарварӣ чунин ҷавоб дод:
- Дар гузашта дар ҳолати аз ҳар гектар замин гирифтани 22 сентнер ҳосил хароҷотро рӯйпӯш мекард. Вале он вақт ҳосилнокӣ то 40 — 45 — сентнерӣ расонида мешуд. Ҳоло чӣ? Ташвишҳои дигар сарбории кори марди деҳқон гардидаанд. Барои як ҳосил об намеёбем, заминро аз фалонӣ харидам, пахтаи ҳосилшударо ба кӣ фурӯшам? Ё интизор шавем, шояд нархи пахта баланд шавад? Инҳо суханҳои ҳаррӯзаи деҳқони пахтапарвар аст.
Аз рӯи меъёри агротехникӣ, дар як гектар замини кишти пахта 800 кило ғизои минералӣ сарф мешавад. Оё деҳқони одӣ барои хариди он қудрат мекунад? Саранҷом, парвариши пахта 16 — 17 сарчашмаи хароҷот дорад (агар замин саҳми деҳқон бошад) ва ба ҳисоби миёна барои коркарди як гектар замини пахта 11,5 – 12 ҳазор сомонӣ сарф мешавад. Ҳоло коркарди пахта ва арзиши аслии нархи онро дар бозори фурӯш, агар ба назар гирем, дар сурати аз як гектар рӯёнидани 25 сентнер ҳосил (агар ба он муваффақ гардед), деҳқон дар ҳолати маҳсули заҳматашро 7 – 8 сомонӣ фурӯхтан (соли гузашта фурӯш 5 сомонӣ буд) фақат хароҷотро мепӯшонад. Деҳқон аз куҷо ҳавасманд мегардад, ки барои истеҳсоли 2, 5 тонна пахта 8 моҳ заҳмат кашидааст ва аз он як тонна нах ҳам коркард намешавад.
Ҳар сол нақшаи кишти пахта дар ҷумҳурӣ зиёд карда мешавад. Аммо олимон ба он андешаанд, ки зиёд кардани майдони кишти пахта роҳи ниҳоӣ ва раҳоӣ аз ҳалли мушкилот нест. Дар даврони фанноварӣ нақшаю андешаҳои шахшудаи қолабиро шикастан даркор. Аз ин лиҳоз, тавассути баланд бардоштани ҳосилнокии майдонҳои кишти пахта, бидуни халал ворид кардан ба дигар барномаҳои соҳавӣ, истеҳсоли ҳосилнокии лозимии пахтаро дар ҷумҳурӣ таъмин кардан мумкин аст.
Хоҷагиҳо масъулиятро аз худ дур карданӣ нестанд, аммо тасаввур кунед, ки бо ин тарзи хоҷагидорӣ онҳо чӣ тавр аз банди қарз раҳо меёбанд? Нокифоягии дастгирии молиявӣ ва гаронии фоизи қарзҳои бонкӣ хоҷагидоронро дилшикаста кардааст.
Деҳқон бозорро таҳлил карда, маҳсулот парвариш мекунад. Ҳавасмандии ӯ ва ҷумла заҳматкашон аз маҳсулу натиҷаи меҳнат аст. Дар ин ҳолат деҳқон шавқ надорад, ки ба ҷои сабзавот пахта корад. Масалан, солҳои 2008 — 2010, ки нахи пахта дар бозори фурӯш баланд буд, дар навоҳии минтақаи Қӯрғонтеппа дар қитъаҳои наздиҳавлигӣ пахта мекориданд, чунки ҳавасманд буданд. Ин махсусияти иқтисоди бозоргонист.
Чӣ бояд кард? Роҳ ёфтан лозим, ки деҳқон аз ин банд раҳо ёбад ва аз ин маҳсулоти стратегӣ чун пештара баҳраманд шавад. Вақти он расидааст, ки олимони соҳа дар натиҷаи навҷӯӣ рисолатро, чунон ки ҳаст, адо намоянд. Мутахассисони кишоварзӣ, ки олимони баркамоли соҳаи пахтапарварианд, бояд ба натиҷае расанд, ки дар ин самт барои рушд ва густариши соҳа шароити мусоид фароҳам оранд, то дарҳамбарҳамиҳо рафъ гардад.
Ҳоло масоҳати кишти пахта ба таври бесобиқа кам гардида, аз 320-340 ҳазор гектар ба 180-186 ҳазор расид. Дар минтақаҳое, ки тобистони гарму дароз ва хушк доранд, дар ҷойи кишти пахта боғ бунёд шуд, ки на ҳама вақт метавонад даромади дилхоҳ орад. Агар ин кор имкон медошт, гузаштагони пахтапарвари собиқадор ин корро ба роҳ мемонданд. Хоҷагиҳои бузурги пахтапарварӣ таҷдид ва дар як вақт бе воситаҳои асосии истеҳсолӣ ва маблағ монданд, ки имкони ба таври лозима ба роҳ мондани агротехникаи парвариши пахтаро надоранд.
Бисёрнавъӣ дар ҷумҳурӣ афзоиш дорад, омехташавии навъҳо ҳар сол боис ба пастравии ҳосилнокӣ гардида, дастрасии марди деҳқон ба тухмии хушсифат ба таври назаррас коҳиш ёфтааст.
Таассуфовар аз ҳама, пасттар аз арзиши аслӣ харидорӣ шудани пахтаи ба заҳмати зиёд рӯёнидаи марди деҳқон мебошад. Агар ҳама ин мушкилотро зина ба зина бартараф кунем, деҳқонон бе кумаки мутахассисон пахта истеҳсол мекунанд, зеро онҳо таҷрибаю собиқаи беназири пахтапарвариро ҳанӯз гум накардаанд.
Замини кишти пахта дар ҳама ноҳияҳо кам гардида, ин тамоюл рӯ ба афзоиш дорад. Сабаб он аст, ки механизми таҳвили фоидаовари ин маҳсулотро наёфта истодаанд. Замини обиро бо дигар мақсадҳо истифода мебаранд. Вале мусаллам аст, ки боғ дар замини обӣ ба фоидаи давлат набуда, ҳатто зараровар мебошад. Ҳосили даҳсолаи як боғи даҳгектараро таҳлил кунед. Он ба ҳосилнокии як гектар лимӯ баробар намешавад. Дар ҷое, ки пахта кишт мекардем, ғалла кишт ва боғ бунёд карда истодаанд, манзили зисту иншоот месозанд. Бунёди боғ дар замини зархези обии минтақаи Кӯлоб, инсофан гӯем, авфнопазир аст. Инро мутахассисон нағз медонанд.
Дар ҷумҳурӣ ба ҳисоби миёна, ба ҳар гектар замини об 7,5 ҳазор метри мукааб об дар як мавсим сарф мешавад. Вале барои ба об таъмин кардани як гектар замини пахта вобаста ба намудҳои обнигоҳдории хокҳо хароҷот бештар аз ин нишондод аст. Қарзи истифодабарандагони об, хусусан хоҷагиҳои деҳқонӣ, ҳоло 144,6 млн. сомониро ташкил медиҳад ва ин нишондод ҳар сол меафзояд.
Хулосаҳои шитобкорона намебарорем: бе дастгирию пуштибонӣ аз манфиати деҳқон наметавон рушди соҳаро таъмин кард, ҳарчанд он дар назар таъмин менамояд. Роҳи нави муфидтареро ҷустуҷӯ карда, ба деҳқон имтиёзҳои зиёд бояд дод. Агар яке аз омилҳои камҳосилӣ дар хоҷагиҳо норасоии оби полезӣ бошад, сабаби дигар набудани низоми ягонаи тухмипарварӣ мебошад, ки ба воситаи он тухмӣ таъмин мегардад. Хоҷагиҳои тухмипарварии соҳавӣ бошанд, фаъолияти хуб надоранд. Онҳо ба ном амал мекунанд.
Вақте ки аз пахтакор Расул Қодиров пурсидем, ки тухми пахтаро аз куҷо харидӣ? «Аз ҳосили порсола», — беибо ҷавоб дод ӯ. Ҳол он ки тухмиро дар хоҷагиҳои махсусгардонидашудаи тухмипарварӣ омода мекарданд. Деҳқон бошад, дониши кофии агрономӣ надорад ва бо фаҳми худаш тухмӣ интихоб ва «рӯ ба раҳми Худо» пунба кишт мекунад.
Мо вазъи бозори фурӯшро ба назар мегирем. Хуб, вале механизми фаъолияти корхонаҳои коркарди пахтаро кӣ бояд фаъол кунад?
Дар ин бора Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 20 апрели соли 2012 чунин таъкид карданд: «… дар баробари инкишоф додани истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ бояд коркарди он низ дар дохили мамлакат тадриҷан афзоиш дода шавад. …то имрӯз қисми зиёди маҳсулоти истеҳсолшаванда коркард нашуда, ҳамчун ашёи хом содирот мегардад ё талаф мегардад». Агар истеҳсоли тухмиро ба назар гирем, бо дарназардошти гирифтани тухмӣ аз 400 ҳазор тонна пахта чӣ қадар фоида ба даст меорем, ки онро «боигарӣ» гӯем? Барои ин воситаи дигари мақсаднокро бояд ба роҳ монд. Ин бояд зеҳни касеро машғул кунад.
Деҳқон аз субҳ то шом ба парваришу коркарди пахта машғул мешавад, вале он фоидае, ки чашмдор аст, ба даст намеояд. Ба ибораи дигар, тирамоҳ «ғалбери холиро аз об мебардорад». Ин тамоюл торафт шакл гирифта, амали «пойкӯбӣ дар як ҷой»-ро шабеҳ аст.
Зикриёхон Ҳайдаров,
номзади илмҳои кишоварзӣ,
Абдухолиқ МИРЗОЗОДА,
«Садои мардум»