Табиби ман - ҳабиби ман

Ҳабиби беморон ва бунёдгузори маркази эндоҷарроҳӣ

№15 (4435) 01.02.2022

photo_2022-01-26_13-34-16Соли 2021 дар кишвар сиюмин солгарди Истиқлолияти давлатиро ҷашн гирифтанд. Зикр шуд, ки Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Раштонзамин сафари корӣ доранд ва баъд аз вохӯрӣ бо сокинон дар маросими фарҳангии таҷлили ҷашни миллӣ ширкат меварзанд.

Рӯзе академик Ғиёсиддин Қутбиддинович Мироҷов занг  заду гуфт, ки «мо ба ин чорабинӣ даъват шудаем». Ба пешвозашон баромадам. Ҳамроҳаш ҷавонмарди ботамкине ҳам буд.

- Шинос шавед, — гуфт академик Мироҷов. — Ин кас доктори илмҳои тиб Ҳайдаршоҳ Қурбонов.

Аз ошноӣ бо Ҳайдаршоҳ хурсанд шудам, вале он рӯзҳо натавонистам ҳамсуҳбат шавам. Ҳама саргарми чорабинӣ буданд…

Чун ба шаҳри Душанбе омадам, ҳамроҳи ҳамкорам Тиллои Некқадам ба суроғи доктори илмҳои тиб Ҳайдаршоҳ Қурбонов рафтем.

- Саҳарии барвақт ба кор меояд, — гуфт ҳамшираи шафқат. — Аз аҳволи беморон хабар мегирад. Сипас, ба маҷлиси васеъ медарояд, бо ҳамкасбон машварат карда, ба ҳуҷраи қабули беморон ворид мешавад. Баъд аз қабули беморон ба шогирдонаш машғулият мегузаронад.

- Кай истироҳат мекунад? — пурсид Тилло.

- Соатҳои истироҳаташро намедонам, — гуфт ҳамшираи шафқат. — Он кас сардухтури беморхонаи пажӯҳишгоҳ, масъулияти бузургро ба дӯш доранд.

Соати чоряк кам дувоздаҳ Ҳайдаршоҳ вориди дафтари корӣ шуд ва моро дар қабулгоҳ дида, бо чеҳраи кушод пазироӣ намуд.

- Агар фурсат пайдо шавад, суҳбат меорем, — баъди пурсупос гуфтем.

- Албатта, — ба соаташ нигариста гуфт вай. — Бемореро овардаанд, ки вазъаш хеле бад аст. Бояд хунравии захми меъдаашро пешгирӣ ва ӯро барои ҷарроҳӣ тайёр намоем. Фардо ҷарроҳии ӯро ба нақша гирифтаем. Маъзарат, ба шогирдон баъзе супоришҳо медиҳаму назди шумо бармегардам.

Ҳайдаршоҳ Қурбонов 26 августи соли 1964 дар деҳаи Лоҳур (Тоҷмаҳал) — и ­ноҳияи Данғара ба дунё омадааст. Падараш солиёни зиёд корманди соҳаи фарҳанги ноҳия буда, ба ҳайси хабарнигор дар рӯзномаи ноҳиявӣ кор кардааст. Дертар ӯро барои кор ба Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ даъват карданд ва то ба нафақа баромаданаш он ҷо кор кард.

Ҳайдаршоҳ мактаби таҳсилоти умумии асосии деҳаи Лоҳурро хатм карда, соли 1979 барои идомаи таҳсил ба Омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Кӯлоб ҳуҷҷат супорид. Баъди хатм ӯро барои кор ба Беморхонаи марказии ноҳияи Данғара мефиристанд ва то соли 1983 он ҷо кор мекунад. Соли 1983 Ҳайдаршоҳро барои хизмат ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ даъват менамоянд. Баъд аз адои хизмати Модар — Ватан соли 1986  дар Донишкадаи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино имтиҳонҳои қабулро супурда, ба номи баланди донишҷӯ сазовор мегардад. Соли 1992, баъди хатми донишкада, дар Беморхонаи клиникии «Ёрии таъҷилӣ»-и шаҳри Душанбе фаъолиятро оғоз намуда, то соли 1998 ҷарроҳ буд.

 Қаҳрамони матлаб пайваста илми тибро меомӯхт ва дар дил орзу дошт, ки тавонад дар пешрафти соҳаи тиб саҳмгузор бошад. Ҳамин орзуи нек ӯро водор кард, ки ба аспирантура ҳуҷҷат супораду таҳти роҳбарии олими варзида, аъзо — корреспонденти Академияи илмҳои Тоҷикис­тон Тошмурод Гулмуродов ба кори илмӣ машғул шавад. Мавзӯи интихобнамудаи ӯ хеле мушкил буд. «Як намуди манъ кардани хунравӣ аз меъда ва рӯдаи дувоздаҳангушта ба воситаи усулҳои мининвазили». Баъд аз корҳои зиёди назариявию амалӣ муваффақ шуд, ки усули наверо кашф кунад. Ин усул метавонад беморро аз марг наҷот диҳад. Хушбахтона, кашфи ин усул барои рушди соҳаи ҷарроҳӣ дар ин самт хизмати хуб карда тавонист. Соли 2002 бо сарбаландӣ аспирантураро хатм кард ва номзади илм шуд.

Бо талошҳои пайвастаи вай ва дастгирии роҳбарияти беморхона соли 2004 аввалин шуъбаи эндоҷарроҳӣ дар Тоҷикистон таъсис ёфт ва Ҳайдаршоҳ сарварии онро ба зимма гирифт. Ин нахустин дастоварди олимони тоҷик дар таъсиси шуъба буд, ки сатҳи фавти беморони захми меъда ва рӯдаи дувоздаҳангуштаро чанд маротиба дар ҷумҳурӣ коҳиш дод.

Соли 2006 ӯро барои идомаи таҳсил дар докторантура ба шаҳри Москва фиристоданд. Вай дар мавзӯи «Ташхис ва табобати эндоскопии беморони ҷарроҳишудаи захми меъда ва рӯда» таҳти роҳбарии мудири шуъбаи эндоҷарроҳии Пажӯҳишгоҳи илмӣ — тадқиқотии ба номи Вишневский,  профессор Юрий Геннадович Старков кори илмӣ анҷом дод, ки барои хубтар табобат намудани бемории захми меъда ва рӯдаи дувоздаҳангушта усули нав замина фароҳам овард.  Старков роҳбари сахтгир буд ва шогирдони танпарвару коҳилро дӯст намедошт. Ҳайдаршоҳ бо ҷӯяндагию кордонӣ ба роҳбар писанд омад. Таҳсил дар шаҳри Москва, ҳамкорӣ бо олимони варзидаву машҳури рус, шиносоӣ бо олимони номдор аз дигар мамолик ба рӯи вай дари дигар боз намуданд. Ҳамин буд, ки чор соли таҳсил ва кор дар яке аз бемористонҳои машҳури Федератсияи Россия ба Ҳайдаршоҳ имкон дод, ки сатҳи донишро баланд бардораду таҷрибаи ҳамкорони номдорашро омӯзад.

Баъд аз бозгашт ба Тоҷикистон Ҳайдаршоҳ Қурбонов барои кушодани Маркази таълимию клиникии эндоҷарроҳӣ талош кард ва ба ин кори хайр муваффақ шуд. Баъдтар дар заминаи он дар Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон кафедраи эндоҷарроҳӣ ташкил шуд, ки алҳол кафедраи технологияи иноватсионӣ номгузорӣ шудааст.

Ҳайдаршоҳ Қурбонов бо мақсади ба арзи олимони дунё расонидани дастовардҳои олимони тоҷик дар конфронсҳои байналмилалӣ дар даҳ мамлакати дунё ширкат варзидааст. Дар се конфронси байналмилалӣ дар шаҳри Лоҳури Покистон, дар шаҳри Шинҷони Ҷумҳурии Халқии Хитой ва дар вилояти Балхи Афғонистон бо маърӯзаҳои илмӣ баромад карда, аз дастовардҳои олимони тоҷик дар самти эндоҷарроҳӣ ба олимони олам навид дод.

Ӯ дар фаъолияти 30 — сола беш аз сад мақолаи илмӣ, 14 дастурамал барои донишҷӯён ва се монография навиштааст.

- Боиси ифтихор аст, ки чандин конфронси байналмилалиро устоди донишманди мо, академики Академияи илмҳои Тоҷикистон Мироҷов Ғиёсиддин роҳбарӣ кард, — гуфт Ҳайдаршоҳ Қурбонов. — Шиносоии ман бо ӯ дар Федератсияи Россия, ҳангоми баргузории конфронси илмӣ рух дод. Он солҳо дар шаҳри Москва таҳсил мекардам ва фаъолиятамро идома медодам. Мебоист дар он конфронс Тоҷикистонро намояндагӣ мекардем. Лаҳзаи танаффус паҳлуи вай омада нишастам. Аз дер боз орзу доштам, ки бо ин шахсияти шинохта ошноӣ пайдо кунам. Ӯ бо тааҷҷуб ба ман менигарист.

- Ман набераи бобои Мироҷам, — ба нигоҳи маънидори вай посух гуфтам ман.

- Боз ин набера аз куҷо пайдо шуд? — хандида гуфт устод.

- Дар деҳаи Лоҳур, деҳае, ки бобои Мироҷ боғ бунёд карда буд, ба дунё омадаам. Боғи ӯ барои мо бачаҳои деҳа сарчашмаи таъмини витаминҳо буд. Ҳамин ки дарахтони боғ ғӯра мебастанд, бачаҳои деҳа ба боғ меомадему то тамом шудани мева аз ҳосили он поямон канда намешуд.

Устод Мироҷов баъд аз шунидани қиссаи ман хандид ва аз он рӯз байни мо дӯстӣ пайдо шуд. Ӯ дар ҳама маврид маслиҳатгару дастгири ман аст. Марди хоксору донишманд на танҳо маро, балки аксари олимони ҷавонро маслиҳат медиҳад ва барои расидан ба орзуҳояшон мадад менамояд. Академик Мироҷов ва донишмандони ба ӯ монанд шаҳсутуни тибби тоҷик ҳастанд ва дар тарбияи ҷавонони боистеъдод саҳми босазо доранд.

- Барои шумо ба хотир овардани кадом лаҳзаҳои зиндагӣ гуворост? — пурсид Тиллои Некқадам.

- Дар зиндагӣ лаҳзаҳои ширин кам нес­танд, вале он лаҳза гуворост, ки бемореро аз чанголи марг раҳо мекунам, — мегӯяд Ҳайдаршоҳ. — Баъзан бемореро меоранд, ки касе умеди зинда монданашро надорад. Ҳатто мо ҳам аз дидани вазъи чунин беморон ба таҳлука меафтем. Ноумед мешавем. Рӯҳан азоб мекашем. Тамоми имкони мавҷударо истифода мебарем ва лаҳзае, ки ӯ ба сӯи зиндагӣ бармегардад, саропоямро ҳолати аҷиб фаро мегирад. Аз худ розӣ ва қаноатманд мешавам. Он соат хешро хушбахттарин шахси олам медонам….

- Табибӣ мушкилии зиёд дорад, — мегӯям ман. Чаро шумо ин пешаро ихтиёр кардед?

Дар лабонаш табассум ҳувайдо мегардад ва сар ба домони тафаккур фурӯ мебарад. Хеле дар ҳамон ҳолат меистад ва баъд сукутро бо садои ширадораш халалдор мекунад.

- Шукр, ки падару модарам сиҳату саломатанд. Баъзан вақти холӣ меёбаму ба аёдати онҳо меравам. Сари дастархон падарам, ки акнун синнаш аз ҳаштод гузаш­тааст, гузаштаи дурро ба хотир меорад: «Ҳайдаршоҳи мо дар синфи ибтидоӣ мехонд ва «хирург мешавам», мегуфт. Шукр, ки ба гапаш истоду ба касби дӯстдоштааш соҳиб шуд». Дар гуфтори вай оҳанги ифтихорро пай мебарам. Падарам аз он ифтихор мекунад, ки фарзанди вай соҳибкасб шудааст ва ба мардуми кишвар хизмат мекунад…

Оре, бачаи хурдсол будам. Он солҳо дар мактаб корҳои тарбиявии зиёд буд. Интихоби касб дар мадди аввал қарор ­дошт. Ман ба умқи маънии вожаи «хирург» сарфаҳм намерафтам, аммо медонистам, ки табиб асту беморонро табобат мекунад. Ҳатто ҳаким Фирдавсӣ низ аз ин хусус  ишораҳои хеле ҷолиб дорад. Мурғи афсонавии Симурғ дар «Шоҳнома» чун табиб, чорасоз ва дармонбахши дарду иллатҳо тасвир шудааст. Масалан, ҷанги Рустам ва Исфандиёрро ба хотир оред. Вақте ки Рустам ва аспаш захми зиёд мебардоранд, Симурғ ба муоинааш мепардозад. Пайконҳоро аз бадани Рустам ва Рахш берун кашида, малҳами шифобахш  мемоладу дорую дармон мекунад:

Нигаҳ кард мурғ андар он хастагӣ,

Бидид андар ӯ роҳи пайвастагӣ.

Аз ӯ чор пайкон ба берун кашид,

Ба минқор аз он хастагӣ хун кашид.

Бар он хастагиҳо бимолид пар,

Ҳам андар замон гашт бо зебу фар.

Аз ин бармеояд, ки гузаштагон аз нозукиҳои касби ҷарроҳӣ бохабар буданд ва бо тарзи хеш беморонро дармон мебахшиданд.

Он солҳо Ҷаҳони Азонзод — шогирди устод Ғиёсиддин Қутбиддинович, ки ҳоло яке аз олимони  шинохтаи соҳаи тиб аст, дар деҳаи мо духтур буд. Аз мактаб меомадам ва ба ҷои кори вай давида мерафтам. Сумкаашро бардошта, ҳамроҳаш хона ба хона мегаштам ва дар олами орзуҳо худро қатори вай табиб мешумурдам.

- Медонем, ки ҳанӯз дар кишвар сафи табибони босаводу ҷонфидои касб каманд, хоса дар соҳае, ки шумо интихоб намудаед. Оё шогирд тарбия кардаед? — савол дод Тиллои Некқадам.

- Албатта. Се шогирдам соҳиби унвони илмӣ шуданд. Шаъмиров Хурсанд, Дилшод Дилмуродов, Зафар Каримов. Онҳо қатори ман ба беморон хизмат мекунанд. Нафари чорум дар арафаи ҳимоя бемор шуд ва аз дунё гузашт. Шогирдони зиёд дорам. Хурсанд Шаъмиров ҷавони боистеъдод аст. Ёд дорам, рӯзи ҳимоя ба саволҳои устодон ҷавобҳои хуб дод. Академик Старков омада буд. Дар ҷамъбаст ба олими ҷавон баҳои баланд дод.

- Аз оилаи шумо фарзандон ба пайроҳаи падар қадам гузоштаанд? — пурсидам ман.

- Ибтидо хоҳарам ба ман пайравӣ кард. Ҳамсарам табиби бачаҳост. Шукр панҷ фарзанд дорам. Писари калониам касби дигарро ихтиёр кард. Ду духтарам Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Синоро хатм намуданд. Духтари дуюмам ҳоло дар аспирантура таҳсил дорад. Писари дуюмам донишҷӯи соли чоруми ҳамин донишгоҳ аст. Фарзанди хурдиам, ки дар синфи ёздаҳум таҳсил мекунад, ният дорад, ки баъд аз хатми мактаби миёна ба донишгоҳи зикршуда дохил шавад. Ҳамин тавр оилаи мо қариб ки ҳама табибанд, яъне сулолаи табибон.

Ҳанӯз саволҳои зиёд дорем, аммо касе дарро мекӯбаду иҷозаи вуруд мепурсад. Ҳайдаршоҳ ба мо менигарад. Хайрухуш мекунему барояш барори кор орзу менамоем…

Диловари МИРЗО,

Тиллои НЕКҚАДАМ,

«Садои мардум»