Зимни нишасти матбуотӣ, ки даҳуми феврали соли ҷорӣ баргузор гардид, директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода оид ба фаъолияти марказ дар соли сипаригардида маълумот дода, аз ҷумла зикр кард, ки дар самтҳои «Амнияти миллӣ ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ дар марҳилаи нави рушди давлатдории Ҷумҳурии Тоҷикистон: масъалаҳо ва дурнамои стратегии таъмини он» ва «Роҳҳои баландбардории амнияти миллӣ ва таъмини рақобатпазирии иқтисодӣ дар Тоҷикистон» таҳқиқот гузаронида шуд.
Инчунин, дар мавзӯъҳои «Технологияи сиёсии ҳамкории ниҳодҳои давлатӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ дар раванди таъмини амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Трансформатсияи сохтории иқтисодиёт ва мушкилоти навсозии инноватсионии саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Амнияти миллӣ, минтақавӣ ва манфиатҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон: моҳият, мундариҷа, таҳаввулот ва ҷанбаҳои сиёсию ҳуқуқӣ», «Моҳият ва методикаи арзёбии амнияти иқтисодӣ дар шароити муосир», «Хусусиятҳо ва заминаҳои такмили сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳалаи нави рушди давлатдории миллӣ», «Таҳлилу арзёбии вазъи соҳибкории инноватсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Амнияти иҷтимоӣ: муҳтаво ва махсусиятҳои он дар марҳалаи нави рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон» пажӯҳишҳои илмию тадқиқотӣ анҷом ёфтанд.
Зикр гардид, ки дар давраи ҳисоботӣ ҳамкории Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи созишномаҳои ҳукуматӣ бо созмонҳои байналмилалӣ, аз ҷумла намояндагиҳои Созмони Милали Муттаҳид, САҲА, СҲШ, СААД, Бонки ҷаҳонӣ, Фонди байналмилалии асъор, Созмони олмонии ҳамкории байналмилалӣ, Маркази дипломатияи пешгирикунанда (шаҳри Ашқобод) густариш ёфта, марказ ба узвияти Маркази таҳлилии СААД, Форуми СҲШ ва Форуми марказҳои зеҳнии Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё пазируфта шуд. Ҳамкорӣ бо як қатор ниҳодҳои таҳлилӣ ва пажӯҳишии хориҷи кишвар, аз ҷумла бо марказҳои стратегии Россия, Қазоқистон, Хитой, Афғонистон, Ҳиндустон, Эрон, Ӯзбекистон, Озарбойҷон, Туркия, Латвия, Литва ва Лаҳистон самарабахш арзёбӣ гардид.
Рӯзибойи УМАР,
«Садои мардум»