- Соли сипаришуда аз ҷониби Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба ҷашнҳои давлатию миллӣ, чорабиниҳои сатҳи баланди минтақавию байналмилалӣ ва санаҳои муҳим барномаҳои ҷолиб таҳия шуданд. Ҷашни Сада, Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Модар, Ҷашни байналмилалии Наврӯз, Рӯзи Ваҳдати миллӣ, Рӯзи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Конститутсия, иди Меҳргон, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Парчами давлатӣ аз ҳамон ҷумлаанд, — зикр кард раиси кумита Нуриддин Саид зимни нишасти матбутӣ, ки ҳаштуми феврали соли ҷорӣ баргузор шуд.
Соли 2021 ду шабакаи нави телевизионӣ – «Илм ва табиат» ва «Шаҳнавоз» ҳамчун муассисаи алоҳида ба фаъолият шурӯъ намуданд. Бархӯрдории аҳолии ҷумҳурӣ аз телевизиони рақамӣ 78,7 фоиз ва шабакаҳои давлатии радиоӣ 88,6 фоизро ташкил медиҳад.
Соли гузашта ба хотири густариши ҳамкории байналмилалӣ байни Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ассотсиатсияи дӯстии «Ҷумҳурии Корея – кишварҳои Осиёи Марказӣ» дар соҳаи телевизион ва радиошунавонӣ шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расид. Ҳамчунин, лоиҳаи Протоколи ҳамкорӣ байни Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати телевизион ва радиои Ҷумҳурии Туркия, пешнависи Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони садо ва симои Ҷумҳурии Исломии Эрон таҳия ва ҷиҳати баимзорасонӣ пешниҳод шуд. Ҳоло Кумитаи телевизион ва радио бо 19 давлат дар соҳаи телевизион ва радио ҳамкорӣ дорад.
Бо мақсади иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 июли соли 2021 «Дар бораи дурнамои нишондиҳандаҳои макроиқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022 — 2024» кумита 6 лоиҳаи сармоягузориро ба маблағи беш аз 73 млн. доллари ИМА таҳия намуда, барои муаррифӣ ва пайдо намудани сармоягузорон ба вазоратҳои рушди иқтисод ва савдо, молия ва Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии мамлакат пешниҳод намуд.
Мафтунаи ҲИСОРӢ,
«Садои мардум»