Қонуни афв нисбат ба 120 590 муҳоҷири меҳнатӣ татбиқ гашт

№21 (4441) 15.02.2022

Амонзода

Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Ширин Амонзода нуҳуми феврали соли ҷорӣ дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки соли 2021 рушди нишондиҳандаҳои асосии сатҳи зиндагии аҳолӣ идома ёфта, музди миёнаи меҳнат дар ҷумҳурӣ 1525,4 сомониро ташкил намуд. Ин рақам нисбат ба соли 2020-ум 148,3 сомонӣ ё 10,8 дарсад афзудааст. Бино ба гуфти ӯ, пардохти саривақтии музди меҳнат ва пешгирии афзоиши қарз аз пардохти маош таҳти назорати доимӣ қарор дорад. То якуми январи соли равон қарз аз маош 36,4 миллион сомониро ташкил медиҳад, ки нисбат ба аввали соли 2021-ум 2,2 баробар коҳиш ёфтааст.

- Соли 2021 аҳолии дар иқтисодиёт фаъол 2533,2 ҳазор нафарро ташкил намуд. Дар ин давра ба мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ 141824 нафар муроҷиат намуданд, ки 106262 кас ҳамчун корҷӯй ба қайд гирифта шуда, ба 58908 нафар расман мақоми бекорӣ дода шуд. Соли гузашта 205773 шахс аз хизмат­расонии иҷтимоии мақомоти меҳнат ва шуғли аҳолӣ бархӯрдор ва 70641 нафар бо кор таъмин шуданд. Ҷиҳати машғул шудан ба фаъолияти соҳибкорӣ ба 3323 шаҳрванди бекор 10 миллиону 340,6 ҳазор сомонӣ кумаки молиявӣ дода шуд.

Аз ҳисоби ҳама сарчашма соли 2021-ум 189188 ҷойи кори нав таъсис дода шуд, ки 70295 ҷойи кори доимӣ, 73327 — муваққатӣ ва 38623 ҷойи кори мавсимӣ мебошад. Аз ҷойҳои кори таъсисшуда 61 дарсади он ба бахши воқеӣ ва 39 дарсади дигар ба бахши хизматрасонӣ рост меояд, — зикр кард вазир.

Ширин Амонзода доир ба муҳоҷирати меҳнатии шаҳрвандони кишвар ба давлатҳои дигар, хусусан Федератсияи Россия, маълумот дода, изҳор дошт, ки дар доираи ҷаласаи 17 — уми Комиссия оид ба ҳамкории иқтисодӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия, ҷаласаи 25-уми Шӯрои роҳбарони мақомоти муҳоҷирати давлатҳои аъзои ИДМ, Форуми 7-уми байнипарлумонии Тоҷикистону Россия ва ҷаласаи 16-уми Комиссия оид ба ҳамкории иқтисодӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қазоқистон масоили муҳоҷирони меҳнатӣ баррасӣ ва протоколҳои дахлдор қабул гардид. Дар натиҷа, аз ҷониби Федератсияи Россия нисбат ба 120 590 шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон қонуни авф татбиқ гардида, бо баргузории чорабиниҳои иттилоотӣ зиёда аз 150 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон будубошро дар давлати мазкур расмӣ намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки соли гузашта 373773 нафар ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтаанд, ки 352385 нафар ба Федератсияи Россия ва 9089 нафар ба Ҷумҳурии Қазоқис­тон рост меояд. Инчунин, 150 ҳазор нафар аз муҳоҷират ба Ватан баргаштаанд.

Шариф АТОБУЛЛОЕВ,

«Садои мардум»