Дар нишасти матбуотие, ки 9 феврали соли ҷорӣ доир гардид, муовини директори Агентии хоҷагии ҷангали назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Наим Набизода мухтасар оид ба фаъолияти агентӣ, аз ҷумла бунёду барқароркунии ҷангал, тухмипарварӣ, ниҳолпарварӣ пешгирии қонунвайронкунӣ иттилоъ дода, аз ҷумла чунин гуфт:
- Соли сипаригардида дар 1561,4 гектар ниҳолҳои мевадиҳанда, аз ҷумла дар 163,5 гектар хуҷ, 28,1 олучаи кӯҳӣ, 179,3 писта ва дар 176,8 гектар бодоми талхдона, шинонда шуд.
Дар ин давра аз ҷониби ташкилоту муассисаҳои зертобеи агентӣ 11873 кило тухмии зиёда аз 18 навъи дарахту буттаҳо ҷамъоварӣ шуд. Ҷоиз ба зикр аст, ки дар тобеияти агентӣ 5 хоҷагии ниҳолпарварӣ ва 42 ниҳолхона фаъолият менамоянд. Дар ин замина соли 2021 2549,6 ҳазор бех ниҳол ва бутта барои фурӯш пешниҳод гардид.
Бинобар вайрон кардани талаботи қонунгузории соҳаи ҷангал нисбат ба 2025 нафар санад тартиб дода, 991,2 ҳазор сомонӣ зарар муайян гардид. Дар ин давра 1429 протоколи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба маблағи 365,7 ҳазор сомонӣ тартиб дода, аз он 284 ҳазор сомонӣ ситонида шудааст.
Дар мавсими шикор ба 404 нафар роҳхат барои шикори ҳайвоноту парандаҳо дода, аз ин ҳисоб 81 ҳазор сомонӣ ба агентӣ ворид гардид, ки нисбат ба соли гузашта 40 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Баҳри эмин доштани ҳайвоноту парандагон дар мавсими сармо 30,1 тонна рези гандум, 7,5 — ҷав, 46, 2 — хошоки дурушт, 159 тонна намакдон барои эҳтиёҷоти ҷонварон гузошта, 211 чашма барои обхӯрии ҳайвонот тоза карда шудааст. Дар раванди саволу ҷавоб маълум гардид, ки барои муайян кардани саршумори ду ҳайвони нодир — бузи кӯҳии пармашоҳ (морхӯр) ва гӯсфанди кӯҳии бухороӣ (уриал) гурӯҳи корӣ таъсис ёфтааст.
Абдухолиқ МИРЗОЗОДА,
«Садои мардум»