Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2021 дар доираи нақша – чорабиниҳои «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» ва «Стратегияи рушди сайёҳӣ барои солҳои 2019 – 2022» бо мақсади муаррифии имкониятҳои сайёҳии мамлакат дар дохил ва хориҷи ҷумҳурӣ, эҳё ва рушди ҳунарҳои мардумӣ ва ҷалби сармоя якчанд чорабиниҳои сатҳи миллию байналмилалиро баргузор намуд, — зикр кард раиси кумита Тоҷиддин Ҷӯразода дар нишасти матбуотие, ки 10 феврали соли 2022 доир гардид.
Номбурда зикр намуд, ки аз шаҳрвандони хориҷие, ки ба ҷумҳурӣ ташриф оварданд, 296,3 ҳазор нафарашон сайёҳ мебошанд, ки нисбат ба соли гузашта 15,5 фоиз кам аст. Дар давраи мавриди назар 288 субъекти хизматрасонии сайёҳӣ фаъолият намуданд, ки аз ин 182 меҳмонхона, 29 ҳостел, 56 осоишгоҳ ва лагерҳои солимгардонӣ, 8 маркази муолиҷавӣ мебошанд.
Соли 2021-ум 11 маротиба ҷаласаи Комиссияи иҷозатномадиҳии фаъолияти сайёҳӣ доир гардида, ба 24 ширкат иҷозатномаи фаъолияти сайёҳӣ дода, муҳлати амали 11 ширкати сайёҳӣ тамдид шуд.
Тоҷиддин Ҷӯразода иброз намуд, ки Тоҷикистон ҳамчун кишвари сайёҳӣ аз ҷониби созмонҳои байналмилалӣ ва воситаҳои ахбори оммаи ҷаҳонӣ мусбат арзёбӣ мегардад. Аз ҷумла, моҳи январи соли 2021 маҷаллаи бонуфузи Шоҳигарии Британияи Кабир — «The travel magazine» дар бораи мавзеъҳои ҷаззоби сайёҳии Тоҷикистон мақола нашр намуд. Тибқи муҳтавои он, Тоҷикистон дорои имкониятҳои фарохи сайёҳии байналмилалӣ буда, баъзе аз онҳо қобили ворид намудан ба феҳристи Мероси моддии ҷаҳонии ЮНЕСКО мебошанд. Инчунин, моҳи ноябри ҳамон сол маҷаллаи сайёҳии «Travel» мақолаи «10 чизеро, ки бояд дар Тоҷикистон бубинӣ ва ба анҷом расонӣ» — ро ба табъ расонд. Дар он таъкид шудааст, ки «Кӯҳҳои Тоҷикистон яке аз асрори Осиё мебошанд, ки бояд ифшо шаванд». Ассотсиатсияи ширкатҳои сайёҳии Федератсияи Россия Тоҷикистонро дар қатори 15 кишвари дигар ба рӯйхати давлатҳое, ки шаҳрвандони Россия метавонанд ба онҳо озодона ба истироҳат раванд, шомил намуд.
Масъулин аз он қаноатманданд, ки бо 12 мамлакат созишномаҳои ҳамкорӣ ва ёддоштҳои тафоҳум ба имзо расонида, рушди соҳа ҳамкориҳо бо ниҳодҳои байналмилалии молиявӣ тақвият дода, аз Бонки ҷаҳонӣ 30 миллион доллари ИМА ва аз Бонки осиёии рушд 10 миллион доллари ИМА ҷиҳати татбиқи лоиҳаи «Рушди иқтисодиёти деҳот» ва «Рушди сайёҳӣ» ҷалб шуд.
Абдухолиқ МИРЗОЗОДА,
«Садои мардум»