Дар нишасти матбуотие, ки 11 феврали соли 2022 дар КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» доир гардид, директори генералии он Усмон Давлатзода минҷумла қайд кард: «Корхонаҳои тобеи КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ» воқеъ дар шаҳру ноҳияҳо ва деҳоти ҷумҳурӣ ба истифодабарандагон ба маблағи 196 миллиону 627,1 ҳазор сомонӣ хизмат расонида, аз рӯи ҳама навъи фаъолият ба маблағи 44 миллиону 930,7 ҳазор сомонӣ андоз супориданд. Ҳаҷми умумии кашонидани партовҳо бошад, 498 ҳазор метри мукаабро ташкил медиҳад, ки 102 фоизи нақшаҳои пешбинишуда мебошад».
Соли гузашта ба истифодабарандагон ба миқдори 52 миллиону 369 ҳазор метри мукааб оби нӯшокӣ дастрас шуда, 21 миллиону 793, 6 ҳазор метри мукааб партов бароварда шуд.
Тибқи қарори дахлдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2020, муҳлати татбиқи «Барномаи беҳтар намудани таъмини аҳолии ҷумҳурӣ бо оби нӯшокӣ барои солҳои 2008 – 2020» як сол тамдид шуд. Лозим ба ёдоварист, ки дар деҳоти ҷумҳурӣ барои татбиқи барномаи зикршуда аз ҳама манбаи маблағгузорӣ 54 миллиону 451 ҳазор сомонӣ равона шудааст.
Дар баробари татбиқи ҳадафҳои барномаи мазкур, дастрасии аҳолӣ бо оби нӯшокӣ, 1,6 фоиз афзуд. Аммо ин нишондиҳанда талаботи ҳозираи аҳолиро қонеъ гардонида наметавонад. Зикр шуд, ки бинобар зиёдшавии шумораи аҳолӣ талабот ба оби тозаи нӯшокӣ низ афзуда истодааст. Ҳоло дар ҷумҳурӣ 67 фоизи аҳолӣ бо оби тозаи нӯшиданӣ таъмин мебошанд.
Бо дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои сохтмон, таҷдид ва барқарорсозии иншооти соҳа сармояи созмонҳои молиявӣ дар доираи татбиқи се лоиҳаи инвеститсионӣ — «Барқарорсозии системаи обтаъминкунии шаҳрҳои Хатлон», «Барқарорсозии системаи обтаъминкунии шаҳрҳои Шимол» ва «Барқароркунии системаи обтаъминкунии шаҳрҳои Шимол — 2» корҳои назаррас ба анҷом расиданд.
Қобили зикр аст, ки лоиҳаи «Обтаъминкунӣ ва беҳдошт дар деҳот» аз ҷумлаи тадбирҳое мебошад, ки дар доираи ташаббусҳои Пешвои миллат дар робита ба эълон гардидани солҳои 2018 — 2028 «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор» амалӣ шуда истодааст. Вобаста ба ин ташаббус дар ҳамоҳангӣ бо Бонки ҷаҳонӣ лоиҳаи зикршуда ба маблағи 58 миллион доллари ИМА (грант) татбиқ шуда истодааст.
Абдухолиқ МИРЗОЗОДА,
«Садои мардум»