Чашмаи меҳри ҷаҳонтоб зан аст,
Ки шабу рӯзи Худо шуълазан аст.
Рӯз хуршеду ба шаб маҳтоб аст,
Ҳама тан нур, Суҳайли Яман аст.
Дар таби ишқаш агар месӯзӣ,
Лаби гулғунчаи ӯ табшикан аст.
Қоматаш шохи шукуфони баҳор,
Ҳам ба сар гул задаву гулбадан аст.
На фақат дил зи рухаш гулзор аст,
Сабзу пургул ҳама дашту даман аст.
Зан ғизоли ғазали девонҳост,
Зери пояш чамани шеъри ман аст.
Дар бараш тунги шароби нобе,
Ба саропо-ш чамони чаман аст.
Ҷуръае гар зи лабаш менӯшӣ,
Мешавӣ масти абад, то заман аст.
Гузарад умраш агар ҳам зи навад,
Ҳамчу дӯшиза дилаш дар задан аст.
Шаб ба гаҳвораи нози тифлӣ
Мо ҳама хуфтаву ӯ бевасан аст.
То, мабодо, зи Ватан дур афтем,
Домани ӯст, ки моро Ватан аст.
Сари зонуи ҳарими меҳраш
Маҳрами амнияти Таҳмтан аст.
Зан агар шер бувад дар сурат,
Сираташ лек ғизоли Хутан аст.
Ту агар разм аз ӯ мехоҳӣ,
Разми зан бар сиҳати ҷону тан аст.
Нест шамшер задан кори зане,
Кори зан зодани шамшерзан аст.
Ба сари нанг, вале чун ояд,
Урдуи садрадаро садшикан аст.
Ҳар кӣ моро бувад ӯ, зан ё мом,
Тоҷ бошад ба сари мо, чу зан аст.
Аскар ҲАКИМ,
Шоири халқии Тоҷикистон