22 марти соли 2022 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Раиси Ҷумҳурии Халқии Хитой муҳтарам Си Ҷинпин номаи ҳамдардӣ ирсол намуданд, ки дар он омадааст:
«Муҳтарам ҷаноби Раис!
Хабари суқути ҳавопаймои мусофирбар дар ҷануби Хитой, ки боиси талафоти зиёди ҷонӣ гардид, моро сахт андуҳгин намуд.
Дар ин лаҳзаҳои ҳузнангез ба Шумо ва ба ҳамаи наздикону пайвандони қурбониёни ин фоҷиа ҳамдардиву тасаллияти хешро изҳор менамоям».
www.president.tj