Ҳамовозӣ

Масъалаҳои баррасишуда ислоҳталабанд, на баҳсталаб

№44 (4464) 09.04.2022

Дар шумораи 13-и рӯзномаи «Садои мардум» аз 26 январи соли 2022 мақолаи проблемавӣ – таҳлилии номзади илмҳои кишоварзӣ Зикирёхон Ҳайдаров ва хабарнигори рӯзнома Абдухолиқ Мирзозода, бо унвонии «Пойкӯбӣ дар як ҷой. Ё чаро пахтакор ғалбери холиро аз об мебардорад?» — ро хондам.

Мавриди баррасӣ ва интиқод қарор додани проблемаи муҳими соҳаи кишоварзӣ моҳиятан иҷрои дастуру ҳидоятҳои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад, ки дар Паёмашон таъкид намуданд: «Масъулинро зарур аст, ки вобаста ба шароити иқлим ва имкониятҳои истеҳсолии ҳар як минтақаи мамлакат ҷиҳати мунтазам зиёд намудани масоҳати заминҳои кишти пахта, баланд бардоштани ҳосилнокӣ ва ба ин васила зиёд кардани ҳаҷми истеҳсоли он, беҳтар намудани ҳавасмандии кишоварзон ба афзун гардонидани истеҳсоли пахта ва бо ашёи хом таъмин намудани корхонаҳои саноати сабук тадбирҳои иловагӣ андешанд».

Мушкилоти зикршуда ҳеҷ касро бетараф гузошта наметавонад ва воқеият он аст, ки пахтакорӣ ба имтиҳони иқтисодӣ тоб наоварда истодааст.

Муаллифон барҳақ қайд қардаанд: пахта зироатест, ки ҳеҷ як зироати дигар аз ҷиҳати иқтисодӣ аз он даромадноктар нест. Самаранокии замини обӣ, ки дар онҳо ҳар сол гандум мекоранд ё боғ бунёд мекунанд, касеро ба ташвиш намеорад. Бояд самаранокии заминҳои обиро ҳар сол «ревизия» кард. Дар ин самт ягон тадбири мушаххас андешида нашуда истодааст. Ин ҷиҳат ба соҳа аллакай халал ворид кард.

Қаблан меъёрҳои агротехникӣ ва дурнамо ба таври қатъӣ риоя мешуд. Пахтакорӣ низ низоми дигар дошт.

Масъалаи муҳими дигар, ки муаллифон доир ба он изҳори андеша кардаанд, бесобиқа коҳиш ёфтани майдони кишти пахта, ба талабот ҷавобгӯ набудани корҳои селексионӣ ва фаъол набудани хоҷагиҳои махсуси тухмипарварӣ мебошад. Дар ин замина, барои барқарорсозии имкониятҳои мавҷуда механизми кунунии таҳвили пахтаро дар асоси таҳаввулоти илмию истеҳсолӣ бояд тағйир дод.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, (21 декабри соли 2021) бо санадҳои дақиқ чунин дастур доданд: «… дар 5 соли минбаъда барои таъмин кардани рушди саноати сабук доир ба таъсиси 5 маҷмааи коркарди ниҳоии нахи пахта бо ҷалби беш аз 11 миллиард сомонӣ чораҳои амалӣ андешанд».

Эродҳои муаллифон оид ба омехташавии ­навъи тухмиҳои пахта, ки аз нигоҳдории нодурусти он сар мезанад, қобили қабуланд. Чӣ бояд кард? Заминҳои обиро аз дасти фермерҳои тасодуфӣ бозпас гирифта, ба соҳибаш – деҳқони шарафманди зарофар баргардонидан лозим аст. Зеҳни онҳоро ба он бояд машғул кард, то ба кори мефаҳмидагӣ ва метавонистагиашон банд шаванд, на ба замини деҳқон, чунки маблағи иҷораи замин аз ҷумлаи хароҷотест ва деҳқон тоби бардошти ин сарбориҳоро надорад. Воқеан, мақола беғаразона иншо шудаасту мушкилот ҳалталабанд, на баҳсталаб.

Дар мақола оид ба хоҷагиҳои пешқадами пахтапарвар мисол оварда шудааст. Айни замон барои деҳқон баъзе мушкилиҳо вуҷуд доранд, ки монеи ба даст овардани ҳосили дилхоҳи пахта мегарданд. Яке аз сабабҳои коҳиш ёфтани соҳаи пахтакорӣ риоя нагардидани технологияи парвариши он мебошад, чунки барои риояи технология таъмини саривақтаи омилҳои таъсиррасон зарур аст. Ба ин нархи гарони нуриҳои маъданӣ мисол шуда метавонад.

Фароҳамсозии шароит барои деҳқон метавонад шуҳрати пешинро эҳё ва рушди соҳаи пахтапарвариро таъмин намояд. Масалан, дар Ҷумҳурии Ӯзбекистон ҳангоми парвариши зироатҳои кишоварзӣ аз тарафи бонк ё сармоягузорон нуриҳои маъданӣ, сӯзишворӣ, техника ва мошинҳои кишоварзии лозима ба хоҷагиҳои фермерӣ дастрас мегарданд ва пас аз ҷамъоварии ҳосил қарзҳо бозгардонида мешаванд.

Абдуносир ҲАФИЗОВ,

номзади илмҳои кишоварзӣ, дотсент,

мудири кафедраи «Агроэкология, механиконӣ ва технологияҳои кишоварзӣ»-и Донишгоҳи давлатии Данғара