5 апрели соли 2022 раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба илм, маориф, фарҳанг ва сиёсати ҷавонон Насиба Содиқӣ дар кори ҷаласаи Шӯрои коршиносон оид ба илм ва маорифи назди Ассамблеяи байнипарламентии кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки дар шаҳри Санкт-Петербург баргузор гардид, аз тариқи фосилавӣ иштирок намуд.
Иштирокчиён нахуст лоиҳаи Кодекси намунавии моликияти зеҳнӣ барои кишварҳои аъзои ИДМ-ро дар таҳрири нав баррасӣ карданд, ки он муқаррароти шартномаҳои байналмилалии дар доираи ИДМ басташударо амалӣ намуда, ба рушди минбаъдаи танзими ҳуқуқии муносибатҳои ҷамъиятӣ дар кишварҳо, аз ҷумла муносибатҳои марбут ба ҳуқуқи муаллиф ва гирифтани патент, нигаронида шудааст.
Сипас, аъзои Шӯрои коршиносон лоиҳаи қонунҳои намунавии «Дар бораи аттестатсия (аккредитатсия)-и давлатии субъектҳои фаъолияти илмӣ ва илмию техникӣ», «Дар бораи экспертизаи илмӣ ва илмию техникӣ», лоиҳаи тавсияҳо оид ба муносибатҳои ҳамоҳангшуда, ташаккул додани системаи таълими муосири фармасевтӣ, инчунин лоиҳаи «Нақшаи дарозмуддати қонунгузории намунавӣ дар ИДМ барои солҳои 2023-2025 дар соҳаи илм ва маориф» ва чорабиниҳои барои соли ҷорӣ банақшагирифташударо мавриди баррасӣ қарор доданд.
Дар хотима аз рӯи масъалаҳои баррасишуда дар алоҳидагӣ қарор қабул гардид.
Муҳаммадато Султонов,
мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон