Мулоқоти Пешвои миллат бо Томас Никлассон

№44 (4464) 09.04.2022

51990155219_2005d9b57e_o8 апрели соли 2022 дар Маҷмааи давлатии ­«Қасри миллат» — и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон Намояндаи махсуси Иттиҳоди Аврупо оид ба Афғонистон ҷаноби Томас Никлассонро, ки бо сафари корӣ дар Душанбе қарор дорад, ба ҳузур пазируфтанд.

Ҷонибҳо зимни мулоқот перомуни муносибатҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо ибрози андеша намуда, масоили таъмини амнияти минтақавиро аз ҷумлаи самтҳои муҳими шарикӣ донистанд. Сатҳи баланди ҳамкориҳо дар мубориза алайҳи хатарҳо ва таҳдидҳои амниятӣ, ки ба арзишҳои умумибашарӣ хавфи ҷиддиро ба бор овардаанд, низ таъкид гардид.

Пешвои миллат, бо изҳори нигаронӣ аз раванди афзоиши таҳдидҳои терроризми байналмилалӣ, экстремизм, ҷинояткории муташаккили фаромарзӣ, аз ҷумла қочоқи маводи мухаддир ва силоҳ, ҳамчунин, ҷиноятҳои киберӣ, рушди ҳамкориҳои Тоҷикис­тонро бо шарикони байналмилалӣ дар ҷодаи муқовимати самарабахш муҳим арзёбӣ намуданд.

Вобаста ба вазъи ҳозираи низомиву сиёсӣ ва иқтисодиву иҷтимоии Афғонистон, ки ба ҳолати амниятии минтақа таъсири бевосита мерасонад, ҳамчунин, дигар масъалаҳои мубрами мавриди эҳтимоми муштарак низ мубодилаи афкор сурат гирифт.

Инчунин, Сарвари давлати Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон зарурати ҳар чӣ зудтар афзоиш додани ҳаҷми кумакҳои башардӯстона ба мардуми Афғонистонро таъкид карданд ва омодагии Тоҷикистонро ҷиҳати мусоидати ҳамаҷониба барои расонидани кумак тавассути имкониятҳои логистикӣ изҳор доштанд.