Тибқи маълумоти Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҷумҳурӣ 763930 гектар замини обӣ мавҷуд мебошад. Таъмини об ва беҳ кардани ҳолати мелиоративии заминҳо ба уҳдаи Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Соли ҷорӣ зерсохторҳои он дар шаҳру ноҳияҳо бо 62540 истифодабарандаи об барои обёрӣ кардани 545710 гектар замин шартнома ба имзо расониданд.
Сардори Раёсати ҳавзавии беҳдошти замин ва обёрии Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шафоат Назифов иттилоъ дод, ки то моҳи апрели соли равон 2794 ҳазор метри кубӣ шабакаҳои обёриро тоза намудаанд, ки 96 дарсади нақшаро ташкил медиҳад. Дар ин давра аз 770 иншооти гидротехникӣ 726 адади он таъмир шуд. Ҳамчунин, таъмири биноҳои обкашӣ 57 дарсад, дастгоҳҳои обкашӣ — 99, чоҳҳои амудӣ — 75, зеристгоҳҳои барқӣ — 99, трансформаторҳо — 92, сулулҳо (ячейкаҳо) — 98 ва хатҳои барқӣ 95 дарсад иҷро шуда, дар ин самт корҳо идома доранд.
Бино ба гуфти ӯ, раёсатҳои беҳдошти замин ва обёрӣ дар вилоятҳои Суғду Хатлон, Иттиҳодияи беҳдошти замин ва обёрии минтақаи Кӯлоб фаъолияти назаррас дошта, нақшаро 100 фоиз таъмин намудаанд. Аммо аз ҷониби баъзе аз идораҳои давлатии беҳдошти замин ва обёрии шаҳру ноҳияҳо иҷрои корҳо мувофиқи мақсад нест. Чунин ҳолат дар идораҳои давлатии беҳдошти замин ва обёрии шаҳру ноҳияҳои Душанбе 25 фоиз Ваҳдат — 84, Рашт — 23, Нуробод — 57, Сангвор — 59, Зафаробод — 63, Тоҷикобод — 80 ва Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 25 фоиз ҷой дорад.
Инчунин, аз ҷониби идораҳои давлатии беҳдошти замин ва обёрии шаҳру ноҳияҳо то моҳи апрели соли 2022 шӯршӯйии замин дар 8665 гектар ба нақша гирифта шуда, иҷрои нақша 88 фоизро ташкил медиҳад.
Дар семоҳаи якуми соли ҷорӣ тибқи дархости кишоварзон 9,8 млн. м3 бо арзиши 213,8 ҳазор сомонӣ об дастрас шуд.
Дар ин давра пардохти маблағи хизмати обрасонӣ 10,5 миллион сомониро ташкил намуда, нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 449,7 ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
Номбурда иттилоъ дод, ки дар ҷумҳурӣ дарозии наҳрҳои обёрикунанда 31594 километр, аз ҷумла байнихоҷагӣ 6199 километр, дохилихоҷагӣ — 25395, заҳбуру заҳкашҳо — 12022, аз ҷумла байнихоҷагӣ 2463 километр ва дохилихоҷагӣ 9559 километрро ташкил медиҳад.
Яке аз вазифаҳои дигари агентӣ беҳтар намудани ҳолати мелиоративии замин ба ҳисоб меравад. Ҳоло дар ҷумҳурӣ 36200 гектар замини ғайриқаноатбахши кишоварзӣ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 3941 гектар кам мебошад.
Бино ба гуфти Шафоат Назифов, бо ҷалби сармояи дохилию хориҷӣ соли 2022 дар доираи «Барномаи беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳои обёришавандаи кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2019-2023» беҳтар намудани ҳолати мелиоративии 9695 гектар замин бо харҷи 10178 ҳазор сомонӣ (аз ҳисоби маблағи обрасонӣ 2388, буҷети маҳаллӣ — 6563 ва аз ҳисоби буҷети мутамарказ 1227 ҳазор сомонӣ) ба нақша гирифта шуд. То моҳи апрели соли ҷорӣ аз ҷониби идораҳои зертобеи агентӣ ин кор бо харҷи 2336 ҳазор сомонӣ (23%) ба анҷом расида, ҳолати 2500 гектар (26%) замин беҳтар гардид.
Барои беҳтар намудани ҳолати мелиоративии замин дар вилояти Суғд аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ 487 ҳазор сомонӣ (17%) маблағ ҷудо гардида, ҳолати 789 гектар (25%) ва дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 50 ҳазор сомонӣ (11%) ҷудо гардида, ҳолати 53 гектар (11%) замин беҳбуд ёфт.
Ба истиснои ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, ки дар он бо ҷудо намудани 104 ҳазор сомонӣ (100%) 87 гектар (100%) вазъи замин беҳ шуда, солҳои охир дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ба ин мақсад маблағ ҷудо намешавад. Ҳол он ки ҳар сол мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоят бояд 3,3 миллион сомонӣ ҷудо намояд.
Инчунин, дар шаҳру ноҳияҳои Хоруғ, Рӯшон, Шуғнон ва Ишкошим бо ин мақсад маблағ ҷудо нашудааст.
- Дар маҷмӯъ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар семоҳаи якуми соли ҷорӣ, ба ҷойи 6 миллиону 563 ҳазор сомонӣ 591 ҳазор сомонӣ ҷудо намуданд, ки 9 дарсади нақшаро ташкил додааст, — изҳори нигаронӣ кард ҳамсуҳбатам.
Шариф АТОБУЛЛОЕВ,
«Садои мардум»