Мусоҳиба бо сардори Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамила Лангарӣ
- Ба назар чунин мерасад, ки ҷомеа доир ба фаъолияти Саридораи бойгонӣ ва зерсохторҳои он огоҳии комил надорад. Шояд дар воситаҳои ахбори омма ҳам дар ин бобат кам мегӯянд. Лутфан, вобаста ба вазифа ва самтҳои фаъолияти он маълумот диҳед.
- Бойгонӣ яке аз қисмҳои таркибӣ ва ҷудонашавандаи сохтори давлатӣ ва манбаи асосии нигоҳдории далелҳои ҳуҷҷатӣ мебошад, ки далелҳои раднашавандаи фаъолияти сохторҳои давлатӣ ва паҳлуҳои гуногуни ҳаёти ҷомеаро дар марҳилаҳои гуногуни таърихӣ ифода менамоянд. Ҳуҷҷатҳои дар бойгониҳо маҳфузбуда ҳамчун хазинаи гаронбаҳо ва ифодакунандаи воқеаҳои таърихӣ аз насл ба насл гузашта, ба сифати далелҳои боэътимод хизмат менамоянд.
Самти фаъолияти бойгонӣ ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ, баҳисобгирӣ ва истифодаи ҳуҷҷатҳо буда, моҳияти бойгонӣ таъмини ҷомеа бо иттилооти тарҷеҳист.
Гузаштагон дар баробари бунёди давлату давлатдорӣ дар ташкили коргузорӣ, бойгониҳо ва кори бойгонидорӣ низ саҳми сазовор гузоштаанд. Дар давраҳои гуногуни таърихӣ шахсони баору номус, фидоиёни миллат бо душворию машаққат тавонистанд, ки нишонаеро аз гузашта ва рӯзгори худ ба тариқи ҳуҷҷату санад ба наслҳои оянда ба ёдгор боқӣ гузоранд.
Баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ халқи тоҷик бо роҳбарии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба марҳилаи нави созандагӣ ва бунёдкорӣ ворид шуда, рушди соҳаҳо, аз ҷумла бойгонидорӣ, бомаром идома дорад. Зикр намудан бамаврид, аст ки таваҷҷуҳ ва ғамхорию дастгириҳои пайвастаи Ҳукумати мамлакат, бахусус Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, нисбат ба рушди соҳаи бойгонидорӣ хеле зиёд аст.
- Фаъолияти бойгонӣ аз рӯи кадом қонун ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба роҳ монда шудааст?
- Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати идоракунии давлатӣ, ташкил ва ба роҳ мондани фаъолияти кори бойгонӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Хазинаи бойгонии миллӣ ва муассисаҳои бойгонӣ», ки 13 ноябри соли 1998 қабул шудааст, мавриди амал қарор дошта, Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2006 таҳти №616 «Дар бораи Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон», талаботи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 майи соли 2000 таҳти №203 «Дар бораи муҳлатҳои ниҳоии дар бойгониҳои идоравӣ нигоҳ доштани ҳуҷҷатҳо ва ба нигоҳдории давлатӣ супоридани онҳо», Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи чораҳои таъхирнопазир оид ба беҳтар намудани кори нигоҳдории давлатии сарватҳои бойгонии миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 2 ноябри соли 2007 таҳти №531 ба тасвиб расонида шуда, мавриди амал қарор доранд.
Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки вазифаҳои қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, назорати риояи қонунгузорӣ оид ба кори бойгонидорӣ ва коргузорӣ дар мақомоти давлатӣ, муассисаҳо, корхонаҳо ва дигар ташкилотҳоро сарфи назар аз шакли моликият ва тобеияташон иҷро менамояд ва ба рушди минбаъда ва такмили кори бойгонидорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон масъул мебошад.
- Дар саридора чӣ қадар ҳуҷҷат мавҷуд аст?
- Ҳуҷҷатҳои Хазинаи бойгонии миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар бойгониҳои давлатӣ ва идоравии Ҷумҳурии Тоҷикистон нигоҳдорӣ мешаванд, дар ихтиёри Саридораи бойгонӣ мебошанд.
Зимнан, баҳри пешбурди соҳаи бойгонидорӣ дар ҷумҳурӣ 13 бойгонии давлатӣ ва 65 бойгонии байниидоравии ҳуҷҷатҳои ҳайати шахсии назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо фаъолият доранд, ки дар маҳфузгоҳҳои онҳо 37 ҳазору 544 хазина ё 11 миллиону 208 ҳазору 935 парванда нигоҳдорӣ карда мешаванд. Дар баробари ин, вазорату идораҳо, кумитаҳо, ташкилоту муассисаҳо, новобаста ба шакли моликияташон дорои бойгониҳои идоравӣ мебошанд.
- Раванди электронӣ кардани ҳуҷҷатҳо чӣ гуна ҷараён дорад?
- Бо мақсади зуд дастрас намудани ҳуҷҷатҳо ва дар сатҳи баланд ба роҳ мондани хизматрасонӣ ба шаҳрвандон, ҳуҷҷатҳои дар маҳфузгоҳҳо мавҷудбуда давра ба давра ба шакли электронӣ гузаронида шуда истодаанд. Чунончӣ, дар Бойгонии марказии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шуъбаи Бойгонии электронӣ таъсис дода шудааст, ки вазифааш бевосита ба шакли электронӣ гузаронидани ҳуҷҷатҳо мебошад. Раванди электроникунонии ҳуҷҷатҳо дар бойгониҳои давлатии ҷумҳурӣ идома дорад. Соли 2021 дар бойгониҳои кишвар 8 ҳазору 636 парванда ба шакли электронӣ гузаронида шудааст.
- Қадимтарин ҳуҷҷатҳои мавҷуда аз кадом солҳост?
- Дар маҳфузгоҳҳои Бойгонии марказии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷатҳо аз соли 1836 маҳфуз дошта шудаанд. Омӯзиши амиқи таъриху фарҳанги гузаштаву ҳаёти муосири халқи тоҷик дар заминаи ҳуҷҷати бойгониҳо ба роҳ монда мешавад, чунки онҳо ҳамчун оинаи равшану беғубор инъикоскунандаи паҳлуҳои ҳаёти ҷомеа мебошанд. Аз ҳуҷҷатҳои бойгонӣ кормандони Саридораи бойгонӣ ва муҳаққиқон, олимони дохилӣ ва хориҷ аз ҷумҳурӣ барои навиштани рисолаҳои илмӣ васеъ истифода бурда истодаанд.
- Тартиби ба бойгонӣ ворид кардани ҳуҷҷатҳо чӣ гуна аст?
- Тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муҳлатҳои ниҳоии дар бойгониҳои идоравӣ нигоҳ доштани ҳуҷҷатҳо ва ба нигоҳдории давлатӣ супоридани ҳуҷҷатҳо» аз 4 майи соли 2000 таҳти №203 ҳар як вазорату идора, новобаста ба шакли моликият баъди ба охир расидани муҳлати нигоҳдориашон дар бойгониҳои идоравӣ, бояд барои нигоҳдории давлатӣ супорида шаванд.
Ҳангоме ки ба бойгонӣ ҳуҷҷат ворид шуд, он аз коркарди илмӣ-техникӣ гузаронида шуда, дар Комиссияи марказию муттаҳидаи ташхисию тафтишотӣ ва методии Саридораи бойгонӣ баррасӣ шуда, баъдан ба маҳфузгоҳҳои бойгонӣ барои нигоҳдории доимӣ супорида мешавад. Ҳуҷҷате, ки ба маҳфузгоҳ ворид шуд, аз он ҷо бароварда намешавад. Аз ҳуҷҷатҳои бойгонӣ тадқиқотчиён ё дигар шахсони воқеӣ танҳо дар асоси ариза ё мактуби расмӣ дар толори хониши бойгонӣ истифода менамоянд.
- Саридора ҳамкориро бо идораҳои хориҷи кишвар низ ба роҳ мондааст?
- Саридораи бойгонӣ барои рушди соҳа ва баланд бардоштани савияи дониши кормандон бо бойгониҳои давлатҳои ИДМ ҳамкории зич ба роҳ мондааст. Аз соли 2017-ум 7 нафар корманди Саридораи бойгонӣ ва сохторҳои он дар Институти илмӣ-тадқиқотии кори бойгонидорӣ ва ҳуҷҷатнигории умумироссиягӣ (ВНИИДАТ)-и Федератсияи Россия барои такмили ихтисос дар семинар-омӯзишии бойгоншиносон сафарбар карда шуданд.
10 декабри соли 2020 ҷаласаи 16 Шӯрои машваратии роҳбарони бойгониҳои давлатии давлатҳои аъзои ИДМ тариқи видеоконференсия баргузор гардид, ки дар он масъалаҳо вобаста ба ҳолати вазъи кори соҳаи бойгониҳои давлатҳои аъзои ИДМ, таъсиси заминаи муттаҳидаи маълумот оид ба нигоҳдории ҳуҷҷатҳои ҳайати шахсии давлатҳои аъзо оид ба соҳаи бойгонидорӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Дар ҷаласаи 17 Шӯрои машваратии роҳбарони бойгониҳои давлатии давлатҳои аъзои ИДМ, ки 10 декабри соли 2021 доир гардид, аз натиҷаи таъсиси заминаи муттаҳидаи маълумот оид ба нигоҳдории ҳуҷҷатҳои ҳайати шахсии давлатҳои аъзои ИДМ оид ба соҳаи бойгонидорӣ маълумоти муфассал дода шуд.
- Оё соҳаи бойгонӣ бо кадрҳои баландихтисос таъмин аст?
- Омода ва таъмин намудани кадрҳои баландихтисоси соҳаи бойгонӣ дар мадди назари Ҳукумати мамлакат ва роҳбарияти Саридораи бойгонӣ мебошад. Ҷиҳати тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси соҳа бо Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Академияи идоракунии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода ҳамкории зич ба роҳ мондаем. Дарсҳои амалӣ ва таҷрибаомӯзии донишҷӯёни муассисаҳои таълимии мазкур дар Бойгонии давлатӣ гузаронида мешаванд.
Айни замон, аксар кормандони Саридораи бойгонӣ ва муассисаҳои тобеи онро кадрҳои хатмкардаи ихтисоси бойгонишиносии факултети таърихи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ташкил медиҳанд.
- Барои боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани фаъолияти муассисаҳои бойгонӣ кадом корҳоро бояд анҷом дод?
- Бо дастгириии бевоситаи Ҳукумати мамлакат соҳа ба як қатор тағйирот ва пешрафтҳо ноил шуд. Аз ҷумла, соли 2015 Бойгонии давлатии таърихи навтарини Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфт. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии як қатор шаҳру ноҳияҳо ба масъалаи таъмини иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Хазинаи бойгонӣ ва муассисаҳои бойгонӣ» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба самти бойгонидорӣ диққати ҷиддӣ дода, ҷиҳати фароҳам овардани шароити хуби хизматӣ чораҳои мушаххас меандешанд. Соли гузашта дар арафаи ҷашни Ваҳдати миллӣ бинои дуошёнаи замонавии Бойгонии байниидоравии ҳуҷҷатҳои ҳайати назди Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Балҷувон ба истифода дода шуд.
Дар баробари пешравиҳо, мутаассифона, дар соҳаи бойгонидории кишвар мушкилот низ ҷой дорад. Дар аксар шаҳру ноҳияҳо бинои алоҳида барои бойгонӣ ҷудо нашуда, дар таҳхонаҳо фаъолият мекунанд ё иҷоранишин мебошанд, ки ин барои пешравии соҳа монеа эҷод мекунад. Масалан, филиали Бойгонии давлатии вилояти Суғд дар шаҳри Панҷакент аз соли 1985 дар Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди шаҳри Панҷакент, ки ба Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон тааллуқ дорад, ҷойгир аст.
Мушкили дигар дар аксар шаҳру ноҳияҳои кишвар аз ҷониби ташкилоту идораҳо ба таври зарурӣ таъмин нагардидани иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 майи соли 2000 таҳти №203 «Дар бораи муҳлатҳои ниҳоии дар бойгониҳои идоравӣ нигоҳ доштани ҳуҷҷатҳо ва ба нигоҳдории давлатӣ супоридани онҳо» мебошад.
Тибқи қарори мазкур, ташкилоту идораҳо, сарфи назар аз шакли моликият ва тобеияташон, вазифадор шудаанд, ки бо гузашти муҳлатҳои дар бойгониҳои идоравӣ нигоҳ доштан, ҳуҷҷатҳояшонро ба бойгониҳои байниидоравии ҳуҷҷатҳои ҳайати шахсии шаҳру ноҳияҳо ва бойгониҳои давлатии ҷумҳурӣ супоранд. Аммо аксар ташкилоту муассисаҳои дар шаҳру ноҳияҳо воқеъбуда ин корро анҷом намедиҳанд ва ҳаққи хизматрасониро барои иҷрои коркарди илмӣ – техникии ҳуҷҷатҳояшон дар бойгониҳои байниидоравии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ сари вақт пардохт намекунанд.
Мушкили дигар норасоии техника ва технологияи ҳозиразамон мебошад.
- Ташаккур барои суҳбат.
Мусоҳиб Рӯзибойи УМАР,
«Садои мардум»