Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар

№ 06.05.2022

Барои ХИЛОЛИ АХМАР САЙТҲар сол 8 май дар дунё Рӯзи умумиҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар таҷлил мегардад.

Ин рӯз ба хотири зодрӯзи ходими ҷамъиятӣ ва гуманист, асосгузори Ҳаракати байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, Жан Анри Дюнан, ки 8 майи соли 1828 дар шаҳри Женеваи Швейтсария ба дунё омадааст (8 майи соли 1828 — 30 октябри соли 1910), бахшида шудааст.

Соли 1863 бо ташаббуси Анри Дюнан конфронси байналмилалӣ даъват карда шуд, ки он ба таъсиси Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх асос гузошт. Номи расмии «Салиби Сурхи Байналмилалӣ» соли 1928 дар конференсияи 13-уми байналмилалӣ дар шаҳри Гаага тасдиқ ёфт. Рӯзи Салиби Сурх бори аввал танҳо пас аз 20 сол, соли 1948 ҷашн гирифта шуд. Бо гузашти вақт, номи ин рӯз тағйир ёфт ва соли 1984 «Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар» номида шуд.

Ҳаракати байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар  шабакаи глобалии башардӯстонаест, ки беш аз 80 миллион нафар аҳолиро фаро мегирад ва ба онҳое, ки дучори офатҳои табиӣ, низоъ, саломатӣ ва мушкилоти иҷтимоӣ мебошанд, ёрӣ мерасонад. Он аз Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх, Федератсияи байналмилалии Ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар ва 192 Ҷамъияти Миллии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар иборат аст.

Рӯзи ҷаҳонии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар дар ҷаҳон бо мақсади ташвиқ ва пешбурди амалҳои башардӯстона, ки аз ҷониби аъзои Ҳаракати байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар (Кумитаи байналмилалии Салиби Сурх, Федератсияи байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, 192 Ҷамъияти миллии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар)  таҷлил карда мешавад. Ин рӯз ба зарурати ҳифзи ҳаёти инсонҳо ба ғайр аз шаъну шарафи қурбониёни ҳама гуна низои мусаллаҳона ва ҳама шароити хушунат нигаронида шудааст. Ҳафт принсипи бунёдии  Ҳаракати байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар, ки онро тамоми аъзои Ҳаракат эътироф намудаанд, ба мисли, башардӯстӣ, бетарафӣ, беғаразӣ, мустақилӣ, ихтиёрӣ, ягонагӣ, ҷомеъият мебошанд.

Ҷамъиятҳои миллии Салиби Сурх аломати Салиби Сурх ва Ҷамъиятҳои миллии Ҳилоли Аҳмар бошанд аломати Ҳилоли Аҳмарро дар заминаи сафед истифода мебаранд, ки ҳар ду аломат низ баробаранд.

Аломати Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар ҳамчун аломати ҳимоявӣ ва ҳамчун аломати фарқкунандаи Ҷамъиятҳои миллии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар истифода мешаванд.

Соли 2005 Ҳаракати Байналмилалии Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмар аломати иловагӣ қабул кард – аломати булӯри сурх (квадрати сурх дар заминаи сафед), ки он ба кишварҳое, ки намехоҳанд аломати Салиби Сурх ё Ҳилоли Аҳмарро истифода баранд, бо ҳамроҳ шудан ба ин ҳаракат ва узви комилҳуқуқ шуданашон, фароҳам меоварад.

Дар Федератсияи Россия Ҷамъияти Салиби Сурх моҳи майи соли 1867 бо номи «Ҷамъияти нигоҳубини ҷангиёни маҷрӯҳ ва бемор» таъсис дода шуд. Соли 1918 он ба Салиби Сурхи Пролетар табдил ёфта, соли 1925 Иттиҳоди Ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмари Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ (ИҶШС) таъсис дода шуд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 декабри соли 1927 Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) таъсис ёфт, ки низ аъзои Иттиҳоди Ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмари ИҶШС буд.

Соли 1992 дар робита бо пошхӯрии ИҶШС санад «Дар бораи барҳам додани Иттиҳоди Ҷамъиятҳои Салиби Сурх ва Ҳилоли Аҳмари ИҶШС» қабул карда шуд.

Феълан дар ҷаҳон садҳо ташкилоту созмон ва ниҳодҳои байналмилалӣ амал мекунанд, ки самтҳои фаъолияташон дар асоси принсипҳои гуногун шакл гирифтааст. Дар ин миён метавон аз фаъолияти самарабахши Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон (ҶҲАТ) ба унвони як ниҳоди умумиҷумҳуриявӣ ва хайрхоҳу имдодрасон дифоъ кард. Ин ҷамъият дар кишвар ду бахши вилоятӣ (Суғд ва ВМКБ), ду бахши минтақавӣ (Бохтар ва Кӯлоб) ва 65 бахши шаҳриву ноҳиявӣ дошта, зиёда аз 14 000 аъзо ва беш аз 12 000 волонтёр дорад.

Воқеан, ҶҲАТ ҷамъияти мустақили беғаразест, ки дар амри пиёда намудани ниёзи шахсони ниёзманд ҳангоми ба мушкилиҳо мувоҷеҳшуда дар нуқоти гуногуни кишвар саҳми арзанда дорад, зеро аҳдофи калидии он ҳифзи ҳаёт, шаъну шарафи инсонҳо, бахусус доираи одамоне, ки дар пайи ҳаводиси гуногуни фавқулода ё даргириҳо осеб дидаанд, мебошад.

Раванди фаъолияти ибратбахши ин ниҳод далолат бар он мекунад, ки он дар саргаҳи таҳкими арзишҳои инсондӯстӣ қарор дорад. Ин аст, ки пайваста барои пешгирӣ ва сабук намудани азобу шиканҷаи одамон иқдом меварзад.

Дар ин муддат Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон корҳои зиёди назаррас ва судмандро дар мавриди дастгирии аҳолии осебдида аз офатҳои табиӣ, гузарондани нуқтаҳои оби нӯшокӣ ба минтақаҳое, ки ба он ниёз доранд, барқарорсозии робитаҳои оилавӣ ва хадамоти ҷустуҷӯ, огоҳсозии аҳолӣ аз хатари минаҳо ва лавозимоти нотаркида дар минтақаҳои наздисарҳадии ҷумҳурӣ, омӯзиши курсҳои кӯтоҳмуддати забони русӣ, компютер ва маслиҳатҳои ройгони ҳуқуқӣ ба муҳоҷирони меҳнатӣ ва аъзоёни оилаҳои онҳо, ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ мераванд ва ғайраро ба роҳ мондааст. Дар солҳои аввали Истиқлолияти давлатии кишвар фаъолияти Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо шарикон дар Тоҷикистон, ки дар замони ҷанги шаҳрвандӣ иттифоқ афтода буд, ба шахсони эҳтиёҷманд ёриҳои башардӯстона расонда мешуд. Дар ин муддат тақрибан ба 200 ҳазор нафар, ки маҳалли зисти доимиашонро тарк карда, ба ёриву дастгирӣ эҳтиёҷ доштанд, маводи ғизоӣ, ғайриғизоӣ ва доруворӣ дастрас гардид.

Дар ин самт қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон» дар соли 2010 ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 07 октябри 2011 № 594 «Дар бораи тартиб, шарт ва мӯҳлати гузаронидани моҳвораи Ҳилоли Аҳмар» боиси дастгирии фаъолияти башардӯстона аз ҷониби Ҳукумати мамлакат маҳсуб меёбад.

Имрӯзҳо дар байни аҳолии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз ҷониби кормандон ва волонтёрони Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон чорабиниҳои гуногуни иттилоотӣ оид ба пешгирӣ аз бемории сироятӣ ва ғайрисироятӣ, расонидани ёрии аввал, кӯмакҳои иҷтимоӣ, гузаронидани нуқтаҳои оби нӯшокӣ, дастгирии ятимону бепарасторон, пиронсолони яккаву танҳо, шахсони дорои маъюбиятдошта ва дигар ниёзмандони кишвар ба роҳ монда шудааст.

Танҳо дар моҳи шарифи Рамазон бо дастгирии шарикони рушд ҶҲАТ ба 9625 нафар ниёзманд кумаки озуқаворӣ расонид. Инчунин, ба зиёда аз 1440 нафар ятим дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ кумаки молиявии ҳармоҳа мерасонад.

Нодир АМИНЗОДА,

масъули иттилоот ва ҳуқуқи байналмилалии башардӯстии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон