«Фародис» ба муваффақ шудани 60 оила боис гардид

№75 - 76 (4495 - 4496) 18.06.2022

Реклама логоТашкилоти ҷамъиятии «Фародис» соли дуюм аст, ки дар доираи лоиҳаи «Зиндагии шоиста» бо шарикии филиали ташкилоти хайриявии «Интернешнл Алерт дар Тоҷикистон» ва маблағгузории идораи «Занон» -и СММ амал намуда, ба як қатор комёбиҳо ноил гардид.

Мақсади лоиҳа аз амалӣ намудани фаъолияти тақвиятбахшии муҳити иҷтимоӣ ва иқтисодӣ миёни 60 оилаи зерҳадаф дар деҳаҳои «Сумбула», «Тоҷикистони Сурх» ва «Роҳи сотсиализм» — и ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ баҳри пешгирии хушунати хонаводагӣ, бо дарназардошти роҳандозии раванди васеътари муносибатҳо дар оилаҳо, иборат мебошад.

Баҳрабарандагон аз оилаҳои мақсаднок – шахсони калидии хонавода, аз ҷумла занҳои ҷавон, дар омӯзишҳои иҷтимоӣ фаъолона иштирок намуда, аксари онҳо муносибатҳояшонро дар оила мусбат ­тағйир доданд.

Бахши иқтисодии барнома, ки муддати ду моҳ ҷараён ­дошт, низ ҷолиб пазируфта шуд. Дар ин бахш занони зерҳадафи лоиҳа, тибқи хоҳишу завқашон соҳиби дониш ва тиҷорат гардиданд. Онҳо пасандоз кардан, сарфакорона истифода бурдани маблағ, тартиб додани буҷети оила, таҳияи нақшаи тиҷорат, ба роҳ мондани фаъолияти даромаднокро омӯхтанд ва ҳоло дар зиндагии рӯзмарра истифода мебаранд.

Ҳадафи татбиқгардонии лоиҳаи «Зиндагии шоиста» нек аст, зеро бар асари амалӣ шудани он муносибат дар оилаҳои зерҳадаф беҳтар гашта, дар баробари ин, онҳо фаъолияти даромаднокро ба роҳ монда, вазъи иқтисодиашонро беҳтар гардониданд.

Инак, назари бархе аз он баҳрабарандагон:

Соҳиба Қурбонова (зани ҷавон): «Шавқи дӯзандагӣ доштам, вале ҷудо кардани вақт барои ҳунаромӯзӣ бароям ғайриимкон буд. Ширкат дар барнома боис гардид, ки соҳиби мошинаи дарздӯзӣ ва касбу ҳунар шавам. Акнун шод аз онам, ки дар хона нишаста бошам ҳам, соҳиби кору маблағ ҳастам».

Гулнора Пулодова (зани ҷавон): «Хаёл мекардам, ки хондану омӯхтан танҳо дар замони мактабхонист. Ҳоло бошад, баъди ширкат дар омӯзишҳо дониши зиёд гирифтам. Муносибати ману шавҳарам тағйир ёфт ва манфиати иқтисодию иҷтимоӣ низ ба даст овардем».

Ҷамшед Асомиддинов (марди ҷавон): «Бартараф кардани дағалӣ боиси лаззату хушҳолии ҳаётам гардид».

Ашӯрова Тағойгул (хушдоман): «Ба созиш омадани ману арӯси хонадонам фазои хонаамро оромиш бахшид».

Фаъолият аз рӯи лоиҳа давом дорад ва ташкилоти ҷамъиятии «Фародис» умед дорад, ки сафи оилаҳои муваффақ аз шумори баҳрабарандагон бештар мегардад.

Шаҳло СУБҲОНОВА,

директори ТҶ «Фародис»