Неруи бузурги ваҳдатовар

№79 (4499) 25.06.2022

87852849_132782178054468_6297621064776155136_nБаробари пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ Тоҷикистон низ дар қатори дигар ҷумҳуриҳо соҳибистиқлол гардид. Аммо хиёнаткорону тафриқаангезон, ки аслан нияти соҳибдавлат будани миллати тоҷикро намехостанд, ба сари ӯ мусибати сангин оварданд. Тоҷикистонро ҷанги шаҳрвандии аз берун тарҳрезишуда ва ба мардуми содадил таҳмилгардида фаро гирифт. Он замон кишвар ба кулбае шабоҳат дошт, ки аз дохилу берунаш оташи ҳасад ва нотавонбинӣ забона мезад, аммо хомӯш намудани он майлу қудрати бузург­ро металабид.

Қисмати хеш ва фарзандон, мушкилии дарёфти як бурда нон ҳамаро маъюс карда буд. Дар он ҷанги бемантиқи бародаркуш беш аз 150 ҳазор нафар бераҳмона қатл шудаву садҳо ҳазор нафар гуреза гардиданд, беш аз 25 ҳазор зан бе шавҳар мондаву наздик ба 55 ҳазор кӯдак ятим ва ҳазорон оила бесаробон гаштанд. Вазъи иқтисодию иҷтимоии мамлакат вазнин гардида, хавфи аз байн рафтани Тоҷикистон ба миён омада буд.

Барои хомӯш кардани оташи ҷанги бародаркуш, барои раҳо намудани миллат аз ин фоҷиаи бузург ва нигоҳ доштани якпорчагии Тоҷикистон неруи бузурги ваҳдатовар зарур буд.

Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 16 ноябри соли 1992 дар Қасри Арбоби шаҳри Хуҷанди бостонӣ баргузор гардид, саҳифаи наверо дар таърихи миллати тоҷик кушод. Дар он намояндагони мардумӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба ҳайси Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб карданд. Ҳамчунин ваколати сарварии давлат ба он кас дода шуд. Пас аз чанд муддати бесарусомониҳо, бенизомиҳо Тоҷикистон роҳбари ҳақиқиро пайдо кард. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо хиради азалӣ, кордониву тадбирандешӣ ва ҷуръати беканору муҳаббати самимӣ нисбат ба сарзамину мардуми он ба неруи бузурги ваҳдатовар мубаддал гашта, ҳама саъю кӯшишро барои якпорчагиву ваҳдати комили Тоҷикистон сарф намуданд.

27 июни соли ҷорӣ мардуми кишвар 25 — солагии ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллиро ҷашн мегиранд. Дар ҳақиқат, ваҳдат бузургтарин неъмат, наҷот ва рушду нумӯи миллату давлат аст.

Дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 декабри соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ваҳдати миллиро яке аз дастовардҳои бузурги давраи соҳибистиқлолӣ дар қатори дигар ком­ёбиҳо номида, зикр карданд: «Барои расидан ба бузургтарин дастоварди замони истиқлолият — сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ, ноил шудан ба зиндагии босаодати имрӯза ва бунёди Тоҷикистони навин, ки ҳоло аҳли башар онро мешиносад ва эътироф мекунад, мардуми шарафманди тоҷик содиқона заҳмат кашиданд, мушкилоту маҳрумиятҳои ниҳоят вазнинро аз сар гузарониданд, фидокориву ҷоннисориҳо нишон доданд ва қаҳрамониҳо карданд».

Соли 2016 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ» қабул гардид, ки нишони эҳтирому эътироф ба Пешвои миллат аст. Дар моддаи 2-юми он омадааст: «Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат шахсияти барҷастаи таърихии миллат мебошад, ки дар Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвари давлат интихоб гардида, дар бунёди низоми давлатдории Тоҷикис­тони соҳибистиқлол, барқарорсозии сохти конститутсионӣ, ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллӣ саҳми беназир гузошта, тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1994 дар асоси овоздиҳии умумихалқӣ аввалин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуда, дар эъмори давлати соҳиб­ихтиёр, демок­ратӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ нақши арзанда гузошта, миллатро аз парокандагӣ, давлатро аз нестшавӣ ва халқро аз ҷанги шаҳрвандӣ раҳо намуда, дар рушди сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва таърихиву фарҳангии давлати мустақили Тоҷикистон хизматҳои бузурги тақдирсоз намудааст».

Гиромӣ доштану қадр кардани ваҳдати миллӣ ва он неруи бузурги ваҳдатовар, ки сарнавишти неки мо ва наслҳоямонро муқаррар намуда, бароямон осмони софу ҳаёти осоиштаро таъмин кард, вазифаи муқаддаси ҳар як фарди огоҳу соҳибхирад мебошад. Ҳоло аз қалби поки мардум, ки тарафдори якдигарфаҳмиву сулҳу ваҳдатанд, садо шунида мешавад, ки дар паҳнои кишвар танин меандозад: «Сано бодо, ба неруи бузурги ваҳдатовар, сано бодо ба он марде, ки ҷавонии хешро сарфи якпорчагиву иттиҳоди Тоҷикис­тон кард!».

Парвиз ШОДИЗОДА,

вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон