15 июли соли 2022 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ Иҷлосияи ёздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум баргузор гардид.
Дар он Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баробарӣ ва барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия», Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва як қатор қонунҳои дигар, дар маҷмӯъ 45 масъала, мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуд.
(Гузориши муфассал дар бораи ҷараёни Иҷлосияи ёздаҳуми Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум дар шумораи ояндаи рӯзнома ба нашр мерасад).
«Садои мардум»