Аз нишастҳои матбуотӣ

Чаро воридоти андозҳо ба буҷет коҳиш ёфт?

№87-88 (4507-4508) 19.07.2022

НАЪЛОГ (6)- Дар нимсолаи якуми соли 2022 нақшаи андоз ва пардохтҳо дар шаҳру ноҳияҳои Шуғнон 93,2 фоиз, Абдураҳмони Ҷомӣ — 96,0, Норак — 74,0, Роғун — 63,7 ва Ҳисор 91,2 фоиз таъмин гардида, аз ин ҳисоб ба буҷет 60 млн. сомонӣ кам ворид гардид, — иброз намуд 14 июли соли равон зимни нишасти матбуотӣ раиси Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Нусратулло Давлатзода. Зикр шуд, ки иҷрои сифати қисми даромади буҷети давлатӣ нисбат ба солҳои пешин беҳтар шуда, дар ин давра нақшаи ду навъи андоз — андоз аз арзиши иловашуда ва андози иҷтимоии корхонаҳои ғайрибуҷетӣ таъмин нагардид.

Бақияи қарзи андозҳо то 1 июни соли 2022 дар маҷмӯъ як миллиарду 2,9 млн. сомониро ташкил дод, ки нисбат ба 1 январи соли 2022 ба андозаи 196,5 млн. сомонӣ зиёд мебошад.

Дар ин давра, қарзи андозҳои зиёд асосан ба ҶСК «Сангтӯда — 1» 245,6 млн. сомонӣ, ҶСК «НБО Роғун» — 55,8 , ҶСК «Тоҷиктелеком» ва корхонаҳои тобеи он 123,3 млн. сомонӣ тааллуқ дошта, қарзи ин субъектҳо нисбат ба аввали сол 190 млн. сомонӣ афзуд.

Ҳамчунин, дар нишасти матбуотӣ доир ба «Шарҳу тавзеҳи Кодекси андоз дар таҳрири нав» маълумот дода шуд.

Ш. АБДУЛВОҲИДОВА,

 «Садои мардум»