Аз нишастҳои матбуотӣ

Афзоиши бесобиқаи истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ

№89 (4509) 20.07.2022

Шерали18 июли соли ҷорӣ Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотиро доир ба нимсолаи аввали соли ҷорӣ баргузор намуд.

- Дар давраи мавриди назар истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ба 19,1 млрд. сомонӣ расонида шуд, ки суръати афзоиш нисбат ба соли сипаришуда 117,3 фоизро ташкил медиҳад, — гуфт вазири саноат ва технологияҳои нави ҷумҳурӣ Шералӣ Кабир.

Ӯ таъкид намуд, ки дар умум нишондоди шашмоҳаи аввали соли равон нисбат ба шашмоҳаи аввали соли сипаришуда 2,8 млрд. сомонӣ зиёд мебошад.

Иттилоъ доданд, ки истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар ҳамин давра, бе назардошти соҳаҳои энергетика, об ва табъу нашр ба 15,6 млрд. сомонӣ ва суръати афзоиш 126,3 фоиз баробар аст. Бо нархҳои муқоисавӣ бошад, ин нишондиҳанда ба 122,3 фоиз расидааст, ки он дар миёни Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баландтарин ба ҳисоб меравад.

Зикр гардид, ки дар ин давра маҳсулоти саноатии содиротшуда, маъданҳои тозакардашуда 190 ҳазор тонна, семент — 677, ангишт — 278,3, нахи пахта — 49,9, ресмони пахтагӣ — 6,9, пилла — 18,2, меваи хушк 18,6 ҳазор тонна, консерваи меваю сабзавот 1432 тонна ба ҳисоб мераванд.

Шералӣ Кабир ёдовар шуд, ки дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ аз ҳаҷми маҳсулоти саноатӣ 57,2 фоиз ба саноати коркард, 18,4 — ба таъминоти неруи барқ, газ, буғ, тозакунии ҳаво, 24 -  ба саноати истихроҷ ва 0,5 фоиз ба соҳаи таъминоти об, тозакунӣ, коркарди партовҳо рост меояд.

Ҳ. ТОҲИРӢ,

«Садои мардум»