Нишони Маҷлиси миллӣ тасдиқ гардид

№89 (4509) 20.07.2022

Нишон-2Бо мақсади тақвияти фаъолияти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муаррифии он дар дохил ва хориҷи кишвар дар асоси қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 майи соли 2022 таҳти №283 Нишони Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.

Нишони мазкур муаррификунандаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дохил ва хориҷи кишвар ба ҳисоб рафта, хусусиятҳои фаъолият ва мақсаду мароми онро ифода менамояд.

Нишони Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даврашакл буда, ранги хокистарӣ дорад ва дар дохили давра сутуни заррин ҷойгир шуда, дар он Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасвир ёфтааст. Дар болои сутун ҳамчун рамзи адолат тарозуи дупалладори заррин ва болотар аз он устувонаи Куруши Кабир чун рамзи аввалин Эъломияи ҳуқуқи башар ва қадимӣ будани фаъолияти ҳуқуқэҷодкунии ниёгон ҷой гирифтааст. Дар атрофи сутун шохаҳои  дарахти ғор ҳамчун рамзи пойдории қонуният бо ранги зарҳалӣ тасвир ёфтаанд. Даври нишон бо хати кабуди баланд зинат дода шуда, бо ранги сафед дар қисмати болоии он «МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН» ва дар поёни он «МАҶЛИСИ МИЛЛӢ» навишта шуда, бо ду сенуқта аз ҳам ҷудо гаштаанд.

Тибқи Низомнома дар бораи Нишони Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Нишони Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон нишони расмӣ буда, ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тааллуқ доштани онро ифода мекунад ва аз тарафи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.

Нишони Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё тасвири он дар воситаҳои нақлиёти хизматӣ, либоси хизматӣ, нишони хизматию сарисинагӣ, ашёи номӣ, таҷҳизоту ҳуҷҷатҳои хизматӣ, муҳрҳо (ба ғайр аз муҳри асосӣ бо тасвири Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон), инчунин дар биною иншооти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир ва насб карда мешавад.

www.majmilli.tj