Аз нишастҳои матбуотӣ

Баргузории тадқиқоти муҳандисӣ – технологӣ дар 220 деҳа ва маҳалла

№98 (4518) 08.08.2022

8- Дар объекти «Кадас­три давлатии об» аз ҷониби корхонаҳои воҳидии саридора 462 ченкунӣ дар 77 чоҳи мушоҳидавӣ ва 80 адад ченкунии фосилавӣ гузаронида шуда, мушоҳидаҳои санҷишии аввалия дар 29 обанбор, реҷавӣ дар 145 ва такрорӣ дар 184 обанбор иҷро гардида, 214 адад маҳакҳои об барои гузаронидани ташхиси кимиёвӣ гирифта шудааст,- гуфт зимни нишасти матбуотӣ сардори Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳомҷон Оймуҳаммадзода.

Тибқи нақша ва дархостҳо дар 220 деҳа, маҳалла ва шаҳрак тадқиқоти муҳандисӣ — геологӣ гузаронида, ба 154 хоҷагӣ пешниҳод гардид, ки аз ҷойҳои хавфнок ба ҷои бехавф кӯчонида шаванд.

Аз рӯи лоиҳаи «Ҷустуҷӯи обҳои зеризаминӣ бо мақсади бо оби нӯшокӣ таъмин намудани муассисаҳои тандурустӣ, маориф ва соҳаҳои иҷтимоӣ дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, вилоятҳои Хатлон ва Суғд» дар деҳаи Ҷетергани деҳоти «Лолазор»-и ноҳияи Данғара 60 метр ва дар деҳаи «Тугарак»-и ноҳияи Восеъ барои бо об таъмин намудани муассисаи таълимии № 54 ва бунгоҳи тиббӣ 40 метр корҳои пармагарӣ ба анҷом расонида шуд.

- Ҳамчунин, Саридораи геология дар давраи ҳисоботӣ бо 51 ширкат дар бонуси обунавӣ ба маблағи умумии 263 миллиону 282 ҳазору 847 сомонӣ ва бонуси кашфи тиҷоратӣ ба маблағи умумии 35 ҳазору 891 сомонӣ дар маҷмӯъ, ба маблағи 263 миллиону 318 ҳазору 738 сомонӣ қарордоди истифодабарии қаъри заминро ба имзо расонид, — иброз дошт Илҳомҷон Оймуҳаммадзода.

Шарофат АБДУЛВОҲИДОВА,

«Садои мардум»