Агар хомӯш биншинем, гуноҳ аст

Ноқобилони даҳр ба мақсад намерасанд

№ 18.08.2022

Яке аз масъалаҳои доғи рӯз, ки ҷомеаи башариро ба ташвиш овардааст, тахрибкории ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ ва экстремистӣ мебошад, зеро амалҳои харобиовари онҳо ба амнияти миллии кишварҳои олам хатари ҷиддӣ эҷод мекунад. Яъне, терроризму экстремизм ба хатари бесобиқаи ҷаҳонӣ табдил ёфта, оқибатҳои фалокатоварро ба бор оварда истодааст. Аз ин рӯ, таъмини сулҳу субот ва амнияти кишварҳо вазифаҳои калидӣ ва муҳимтарин ба хотири рушди устувор дар сатҳи минтақавӣ ва байналмилалӣ ба ҳисоб меравад. Дар даҳсолаи охир бо сабаби харобкориҳои ҳизбу ҳаракатҳои тунд­рав дар кишварҳои Шарқи Наздик ва Ховари Миёна, аз ҷумла Сурияву Ироқ, Тунису Яман, Афғонистон ва мамолики дигар, садҳо ҳазор одами бегуноҳ ба ҳалокат расидаанд ва миллионҳо нафари дигар овораву саргардон, тарки манзили зист ва ватан кардаанд.

Ҳадафу мақсади асосии гурӯҳҳои тундраву ифротгаро ноором кардани давлатҳо ва куштани мардуми бегуноҳ мебошад. Ин ҳолат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар солҳои 90-уми асри гузашта ба амал омад, ки хисороти зиёди моддиву маънавиро дар пай дошт ва ин кор бо дасти гурӯҳи ифротгарои ташкилоти террористии наҳзат, ки аз тарафи хоҷагони хориҷӣ дастгирӣ меёфт, амалӣ гардида буд. Ба Тоҷикистони азиз зарбаи ҷонкоҳе зада шуд, ки даҳшати он то ба имрӯз фаромӯш нашудааст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино ва кормандони соҳаи тандурустӣ ба муносибати Рӯзи дониш ва оғози соли нави таҳсил (1 сентябри соли 2018) дар ин маврид таъкид карданд: «Бо назардошти сабақҳои талхи солҳои 90-ум ман шаҳрвандони кишварро доимо ҳушдор медиҳам, ки ҳамеша ҳушёр бошанд, зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва дар ғафлат намонанд. Зеро солҳои охир дар натиҷаи торафт гус­тариш пайдо кардани фаъолияти гурӯҳу ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ вазъи ҷаҳон ба дараҷае ҳассосу печида ва мураккабу пешгӯинашаванда гардидааст, ки ягон кишвар кафолати эмин мондану дар канор будан аз ин раванди хатарнокро надорад». Мавриди зикр аст, ки таи солҳои соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ ­Раҳмон ба пешравиҳои назаррас ноил гардида, мардуми тоҷик баҳри боз ҳам вусъат бахшидани соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёт садоқатмандона меҳнат мекунанд. Обрӯю нуфузи Тоҷикистон ҳамчун кишвари соҳибихтиёр, демокративу дунявӣ ва ҳуқуқбунёд дар сатҳи байналмилалӣ боз ҳам баланд мегардад. Аз ҷумла, кулли давлатҳои ҷаҳон ташаббусу иқдомот ва пешниҳодҳои Тоҷикистонро дар мавриди ҳалли мушкилоти об дар сатҳи байналмилалӣ пазируфтаву ҷонибдорӣ менамоянд. Баргузории симпозиумҳои байналмилалӣ оид ба масоили об дар Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷӣ далели ин гуфтаҳост. Омили дигари пешрафти Тоҷикистон бомаром ҷараён гирифтани корҳои ободонию созандагӣ дар иншооти аср — Неругоҳи барқи обии «Роғун», ба истифода додани ду агрегати он ва дар ояндаи наздик ба кишвари содиркунандаи неруи барқ табдил ёфтани мамлакат мебошад. Вале барои душманону хиёнаткорони миллат, аз ҷумла ташкилоти террористии наҳзат ва пайравони он, ҳамаи ин дастовардҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хорест бар чашм. Онҳо аз хориҷи кишвар таҳти ҳимояи хоҷагони хориҷӣ амалҳои ноҷавонмардонаро ҷиҳати иғво андохтан тавассути сомонаҳои иҷтимоӣ алорағми пешрафту дастовардҳои Тоҷикистон ҳанӯз ҳам идома дода истодаанд.

Душманони халқи тоҷик ва пайравони он, аз воқеаҳои ҷанги шаҳрвандии солҳои 90-уми асри гузашта ва моҳи сентябри соли 2015 бо сарварии собиқ муовини вазири мудофиаи ҷумҳурӣ, генерали хиёнаткор Ҳоҷӣ Ҳалим хулосаи даркорӣ набаровардаанд ва монанди каждуми зери бӯрё барои барангехтани низоъ ва ҳангомаҳои сиёсӣ кӯшиш доранд. Вале онҳо ба ҳеҷ ваҷҳ ба ҳадафҳои нопок ноил намешаванд. Ба қавли шоир:

Ноқобилони даҳр ба мақсад намерасанд,

Дунё ҳамеша дар талаби марди қобил аст.

Бояд донанд, ки Тоҷикистон дигар он кишвари бесуботу ноамни солҳои 90-уми асри гузашта нест. Тоҷикистон таи солҳои соҳибистиқлолӣ ба кишвари қуд­ратманду тавоно табдил ёфта, сохторҳои низомии он ташаккулёфтаю мустаҳкам мебошад ва ҳеҷ неруи аҳриманӣ ба он зиён расонида наметавонад. Ваҳдат ва суботи миллӣ дар байни мардуми кишвар ончунон реша давондааст, ки роҳбарону аъзову думравони ташкилоти террористии наҳзат наметавонанд дигар ба кохи бегазанду муҳташами иттиҳоди мардуми тоҷик рахна ворид кунанд. Бояд дарк бикунанд, ки дигар миллати тоҷик фирефтаи ҷиноятҳои онҳо ва идеологияи дурӯғинашон, ки бар пояи ҷаҳлу таассуб ва қатлу куштору ваҳшоният асос ёфтааст, намешаванд.

Тамоми қишрҳои ҷомеа бо меҳнати софдилона паи ободкорию созандагӣ буда, аз сиёсати сулҳпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пуштибонӣ мекунанд.

Ноилшоҳ НУРАЛИЗОДА,

рӯзноманигор