Ба ҳукми анъана даромадааст, ки ҳамасола Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Паёми худро ба мақоми олии қонунгузори кишвар – Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол менамояд. Ироаи ин ҳуҷҷати барои тоҷику тоҷикистониён муҳиму сарнавиштсоз, аз ҷумлаи рӯйдодҳои муҳими ҳаёти сиёсии кишвар маҳсуб ёфта, татбиқи нуктаҳои он ба беҳбудӣ ёфтани сатҳи зиндагии шаҳрвандон ва боз ҳам болотар рафтани нуфуз ва мақоми кишвар дар арсаи байналмилалӣ мусоидат менамояд. Мусоҳибаи зер бардоштҳои раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Комилзода Абдувалӣ Ҳакимро аз Паёми Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бозгӯйӣ менамояд.
-Айни замон намояндагони тамоми қишрҳои ҷомеа оид ба Паёми Роҳбари мамлакат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон андешаҳои хешро иброз намуда истодаанд. Барои хонандагони рӯзнома ҷолиб аст, ки Шумо аз ин ҳуҷҷати муҳим чӣ бардошт доред?
- Бисту сеюми апрели соли равон, баъд аз ширкат дар ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар он Президенти мамлакат Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон Паёми худро доир ба самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат манзур намуд, муътақид гардидам, ки доираи таҳлилу хулосабарориҳои Сарвари хирадсолори давлатамон доир ба ҳама бахшҳои ҷомеа бамаротиб фарохтар шудааст. Аз ин бармеояд, ки аз лиҳози мазмуну моҳият низ Паём сол то сол сатҳу сифати навро касб намуда истодааст. Ин аст, ки айни замон миёни тамоми табақаҳои ҷомеа сухан асосан бобати таҳлили амиқу доманадор ва асоснок, пешниҳодоти судманд, дастуру супориш ва ҳидоятҳои ба ривоҷи фаъолият мусоидаткунанда ва ғамхориву таваҷҷуҳи Сарвари давлат, ки аз ин ҳуҷҷати муҳим бармеоянд, меравад. Маҳз ҳамин омилҳо, ки аз раъиятпарварӣ маншаъ гирифтаанд, боис шудаанд, ки Паёми Президент ба зудӣ дар қалбҳои шаҳрвандон хеле амиқ маъво гирифтаву эътимоди онҳоро ба фардои боз ҳам дурахшонтари кишвар комил намудааст. Доираи бардоштҳои банда аз ин ҳуҷҷати раҳнамунсоз хеле фарох буда, наметавон онро бо чанд ҷумла бозгӯйӣ намуд. Дар маҷмӯъ, ҳаминро бояд гӯям, ки меҳвари асосии Паёмро бунёдкорӣ ташкил медиҳад. Ҳамагон шоҳиди бевоситаи он будем, ки ҳанӯз аз рӯзҳои аввали давлатдории Президенти кишвар Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ин омил яке аз самтҳои афзалиятнок эътироф ва интихоб гардида буд. Чунин тарзи кор замина фароҳам овард, ки дар як муддати кӯтоҳ раванди созандагӣ дар кишвар ба марҳилаи сифатан нави тараққиёти худ ворид гардад. Доир ба натиҷаи иқдомоти дар ин ҷода амалигардида чизе намегӯям, зеро «чизе , ки аён аст, ҳоҷат ба баён нест».
- Шумо хеле бамаврид зикр намудед, ки «бунёдкорӣ меҳвари асосии Паём аст». Аз ин нуктаи назар бамаврид мебуд, агар сухбати мо бобати ин раванд дар робита ба Паём сурат гирад.
-Бо камоли майл.
- Бисту шашуми апрели соли гузашта зимни ирсоли Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвари давлат ҳамрадиф бо таҳлили амиқу доманадор минҷумла гуфта буд, ки «рушди имрӯзу фардои тамоми соҳаҳои иқтисоди миллӣ аз истифодаи боигарии асосии мамлакатамон, яъне захираҳои гидроэнергетикӣ вобастагии бузург дорад.Зеро ягон кишвари дунё бе рушди энергетика, инчунин коммуникатсияи ҳозиразамон тараққӣ карда наметавонад.Аз ин лиҳоз, мо бунёди неругоҳҳои барқи обиро калиди ҳалли мушкилоти иқтисодиву иҷтимоӣ ва афзоиши неруи содиротии кишвар мешуморем». Дар Паёми имсола низ ба ин масъала таваҷҷуҳ зоҳир гашта, минҷумла зикр гардид, ки «Рушди ояндаи иқтисоди кишварамон аз бунёди иқтидорҳои нави истеҳсоли қувваи барқ вобастагии калон дорад». Ба андешаи Шумо оё корҳои бунёдкорӣ дар ин самти хеле муҳим мувофиқи матлаб аст?
- Ҳамаи мо аз кӯшишҳои Ҳукумати мамлакат ва дурнамову нақшаҳо дар ин самт бохабар ҳастем.Бо вуҷуди душвориҳои чандинсола ва сарфи маблағу вақти иловагӣ дар ин ҷода иқдомоти зиёде амалӣ гардидаанд. Ҷоиз ба зикри алоҳида аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги барқароршавандаи гидроэнергетикӣ ва оби тоза мебошад, ки истифодаи оқилонаи онҳо на танҳо ба манфиати мардуми мамлакат, балки ба нафъи кишварҳои минтақа низ хоҳад буд. Яке аз рукнҳои асосии ин силсила Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» маҳсуб меёбад, ки барои кулли тоҷику тоҷикистониён иншооти тақдирсоз буда, корҳои барқарорсозии он, тибқи нақшаи бо Бонки Умумиҷаҳонӣ мувофиқагардида, амалӣ шуда истодааст. Эътироф ва арҷгузорӣ бояд кард, ки бо ибтикори бевоситаи Президенти мамлакат Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади таъмини рушди соҳаи энергетика то имрӯз хеле корҳо ба анҷом расидаанд. Аз ҷумла бо истифода аз ангишти худӣ сохтмони Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе-2» идома дорад, ки навбати аввали он имсол ба кор андохта шуд.Соли ҷорӣ Нерӯгоҳи барқи обии «Сангтӯда-2» бо иқтидори 220 мегаватт ва навбати дуюми Маркази барқу гармидиҳии «Душанбе-2» бо иқтидори пурра, яъне 100 мегаватт, ба истифода дода мешавад. Ман муътақидам, ки дурнамои ин соҳаи муҳим дар кишвар хеле нек аст ва ҳамон тавре, ки дар Паём зикр шуд: «Барои таҷдиди низоми энергетикии мамлакат дар 10 соли охир беш аз 13 миллиард сомонӣ маблағ сарф шудааст ва дар ҳафт соли оянда бо мақсади ташкили фаъолияти устувори инфрасохтори энергетикӣ, рушди соҳа ва расидан ба истиқлолияти энергетикии мамлакат аз ҳисоби буҷети давлатӣ ва дигар сарчашмаҳои маблағгузорӣ беш аз 22 миллиард сомонӣ равона карда мешавад».
- Ҳамагон шоҳиди бевоситаи он будем, ки бо кушодашавии нақби «Шаҳристон» кишварамон аз бунбасти коммуникатсионии дохилӣ пурра раҳо ёфта, ба як сарзамини воҳид табдил ёфт. Ҳамон вақт Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зикр намуда буд, ки «акнун зарур аст, ки доир ба ҳалли масъалаи баромадан ба баҳр ва бандарҳои тиҷоратӣ низ чораҷӯйӣ карда шавад». Барои хонандагони рӯзнома ҷолиб аст, ки корҳо дар ин самт чӣ гуна ҷараён доранд?
- Агар гӯям, ки аз ҳамон вақт то ин замон бо дастгирии бевоситаи Роҳбари мамлакат дар ин ҷода корҳои назаррасе ба сомон расидаанд, муболиға нахоҳад буд. Зеро мо ба хубӣ дарк намудаем, ки омили муҳимтарине, ки ба рушди минбаъдаи иқтисодиву иҷтимоии кишвар такони ҷиддӣ мебахшад, татбиқи лоиҳаҳои бунёди инфрасохтори коммуникатсионии дорои аҳамияти дохиливу минтақавӣ мебошад. Бо дарназардошти муҳимияти масъала дар Паём зикр гардид, ки «соли 2014 аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ барои соҳаи нақлиёт ва коммуникатсия 1,1 миллиард сомонӣ ва дар 7 соли оянда зиёда аз 8 миллиард сомонӣ сарф карда мешавад».
Нуктаи муҳим он аст, ки татбиқи чунин лоиҳаҳо, аз ҷумла сохтмони хатти роҳи оҳани Туркманистон-Афғонистон-Тоҷикистон, роҳҳои мошингарди байналмилалии Душанбе-Кӯлоб-Хоруғ-Кулма, Душанбе-Турсунзода, Айнӣ-Панҷакент, Восеъ-Ховалинг ва хусусан роҳи оҳани Ваҳдат-Ёвон-Қӯрғонтеппа барои беҳтар гардидани фазои сармоягузории кишвар, пайваст шудан ба шабакаҳои байналмилалии нақлиётӣ, инкишофи бозори дохилӣ ва афзоиши ҳаҷми хизматрасониҳои байналмилалӣ мусоидат хоҳад кард.Илова бар ин, ташкил ва рушди марказҳои нақлиётиву логистикӣ ҳамчун қисми таркибии инфрасохтори нақлиётии минтақавӣ метавонад имкониятҳои транзитии кишварро беҳтар намуда, ба афзоиши ҳиссаи мамлакат дар хизматрасонии минтақавию байналмилалии нақлиётӣ мусоидат намояд, ки ин ҳам ҷойҳои нави корӣ ва ҳам манбаи даромади иловагии буҷет ва рушди иқтисодиёт мебошад.
Далелу арқоми оморӣ аз он шаҳодат медиҳанд, ки давоми даҳ соли охир ҷиҳати раҳо ёфтани кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ ва баромадан ба бандарҳои обии ҷаҳонӣ 23 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии қариб 3,2 миллиард сомонӣ амалӣ карда шудааст.Дар натиҷа 1650 километр роҳҳои мошингард таҷдиду бунёд гардида, 109 пул ва 27 километр нақб сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтаанд.
- Президенти кишвар зимни яке аз суханрониҳои худ ба масъулин дастур дода буд, ки зимни бунёди иншоот аз унсурҳои миллии меъморӣ истифода намоянд. То чӣ андоза ин дастури Роҳбари мамлакат аз ҷониби масъулини Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба инобат гирифта шудааст?
- Шумо ба яке аз масъалаҳои муҳим дахл намудед. Масъалаи фавқуззикр дар маркази диққати роҳбарият ва кормандони кумита қарор дорад. Мо дар ин ҷода иқдомоти зиёдро амалӣ намудаем, ки натиҷаи он дар раванди эъмори иншооти гуногун ба мушоҳида мерасад.Ба ғайр аз ин, аз ҷониби кумита ҳамоиш ва озмунҳои гуногун доир гашта истодаанд, ки барои таври густурда ва бо риояи назокатҳои меъморӣ истифода намудани унсурҳои миллӣ зимни бунёди иншоот мусоидат ва роҳнамоӣ мекунанд. Семинар-машварати илмӣ-амалӣ оид ба масъалаҳои истифодаи унсурҳои меъмории миллӣ дар сохтмони бино ва иншооти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 29 апрели соли равон баргузор шуд, далели возеҳи ин гуфтаҳост. Дар он муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим, масъулини Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагони Ассотсиатсияи сохтмончиён, Иттифоқҳои меъморон, рассомон, дизайнерон, устодони Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ, институтҳои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарон ва кормандони масъули ташкилоту муассисаҳо иштирок доштанд. Ҳадафи асосии ташкил намудани семинари мазкур эҳё ва такмил додани мактаби миллии меъмориву лоиҳакашӣ бо истифода аз сарчашмаҳои таърихии санъати меъмории ниёгон, густариш додани фаъолияти меъморӣ, лоиҳакашӣ, шаҳрсозӣ ва сохтмонӣ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳуриамон мебошад.Бисёр муҳим аст, ки мо анъанаҳои миллии аз наслҳои гузаштаамон боқӣ мондаро нигоҳ дорем ва барои маҳфуз ва эмин нигоҳ доштани мероси таърихию фарҳангиамон диққати ҷиддӣ диҳем.
Аз чорабинии фавқуззикр пештар озмуни ҷумҳуриявии меъмории «Услуби миллӣ дар санъати меъмории муосири Тоҷикистон» баргузор гардида буд. Озмуни мазкур аз ҷониби кумита ва Иттифоқи меъморони Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шуда, ки мақсад аз баргузории он дарёфти беҳтарин лоиҳаи бинову иншоот бо истифода аз унсурҳои миллӣ мебошад. Дар ин ҷо зиёда аз 150 лоиҳа аз ҷониби 41 ширкату пажӯҳишгоҳ, ташкилотҳои лоиҳакашӣ ва сохтмонӣ ба маърази тамошо гузошта шуда буд. Натиҷаи озмун дар се бахш - биноҳои маъмурӣ, ҷамъиятӣ ва истиқоматӣ ҷамъбаст гардид. Ғолибон Ширкати лоиҳакашии ҶМ «Партнёрс» барои лоиҳаи «Бинои маъмурии «Ориён-сентр», Пажӯҳишгоҳи илмӣ – тадқиқотӣ ва лоиҳакашии (ПИТЛ) «САНИИОСП» барои лоиҳаҳои «Бинои «Амонатбонк», «Осорхона дар Ҳисор», Ширкати лоиҳакашии «Арх-Проект» барои лоиҳаи «Маркази ҷамъиятӣ бо чойхона», ПИТЛ «Сохтмон ва меъморӣ» барои лоиҳаи «Бинои Консерваторияи миллӣ», Пажӯҳишгоҳи лоиҳакашии «Шарофат» барои лоиҳаи «Бинои баландошёнаи истиқоматӣ дар кӯчаи ба номи С.Айнии шаҳри Душанбе», КВД «Лоиҳакаш» — и шаҳри Хуҷанд барои лоиҳаи «Бинои истиқоматӣ дар шаҳри Хуҷанд», Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ барои лоиҳаҳои «Бинои баландошёнаи истиқоматӣ» -и донишҷӯ Р. Шарипов ва «Хонаи истиқоматии миллии тоҷикӣ»- и донишҷӯ Х. Аюбҷонов бо ҷоизаҳо қадрдонӣ шуданд. Мо дар оянда низ фаъолиятамонро дар ин ҷода вусъат хоҳем бахшид.
-Агар таври мухтасар фаъолияти кумита ва зерсохторҳояшро давоми соли равон бозгӯйӣ намоем, бо кадом дастовардҳо метавон ифтихор кард?
-Боиси ифтихор аст, ки натиҷаҳои фаъолият дар ҳама самтҳо хубанд. Вале ин омил ба ҳеҷ ваҷҳ маънои онро надорад, ки мо аз раванди фаъолиятамон қаноатмандем. Соли равон дар ҷумҳурӣ масоҳати умумии манзилҳои истиқоматии бунёдгардида 215 ҳазору 800 метри мураббаъро ташкил додааст.
Иҷрои корҳои сохтмониву васлгарӣ дар ин давра, ба 1392.870 ҳазор сомонӣ баробар аст. Давоми муҳлати зикршуда барои 3964 талаба мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва барои қабули 193 нафар дармонгоҳ мавриди истифода қарор гирифтаанд. Айни замон аз 65 шаҳру ноҳияи кишвар Нақшаи генералии 36 шаҳру ноҳия таҳия гардидааст.
То ба имрӯз дар пажӯҳишгоҳҳои лоиҳакашии кумита таҳия ва тасҳеҳи нақшаҳои генералии шаҳрҳои Панҷакент, Қайроққум, ноҳияҳои Бохтар, Абдураҳмони Ҷомӣ, Восеъ ва Ғончӣ ҷараён дорад. Нақшаҳои генералии шаҳри Истиқлол, ноҳияҳои Темурмалик, Ҷалолиддини Румӣ, Дарвоз, Вахш, Спитамен, Муъминобод, Ванҷ, шаҳраки С.Исоеви ноҳияи Ҷ.Румӣ пурра ба анҷом расида, дар мувофиқаи вазорату идораҳои дахлдор қарор доранд. Танҳо дар соли ҷорӣ , тибқи талаботи Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар 56 шаҳру ноҳияи мамлакат вобаста ба сифати корҳои сохтмониву васлкунӣ санҷишҳо гузаронида шуданд. Зимни ин санҷишҳо, ки дар 549 адад иншоот амалӣ гардид, барои ҷой доштани нуқсонҳо масъулин ба маблағи 314000 сомонӣ ҷаримабандӣ шуданд.
-Соли равон аз қабули ҳуҷҷати муҳиму сарнавиштсоз - Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон бист сол сипарӣ мешавад. Доир ба нақш ва моҳияти ин ҳуҷҷати муҳим дар пешрафти ҷомеа чӣ назар доред?
- Конститутсия нишонаи нахустин ва муҳимтарини соҳибистиқлолии давлат буда, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ, созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва давлатҳои дигар эътироф гардидани соҳибихтиёрии он аз ҳамин ҳуҷҷати тақдирсоз сарчашма мегирад. Он барои аз байн бурдани хатаре, ки ба истиқлолияти давлатӣ таҳдид мекард, шароити зарурии ҳуқуқӣ муҳайё карда, барои аз нобудӣ наҷот додани давлати тозаистиқлоли тоҷикон ва аз парокандагӣ раҳоӣ бахшидани миллати тоҷик асос гузошт, ҷиҳати расидан ба ваҳдати миллӣ таҳкурсии устувор гардид ва дар он марҳилаи ҳассоси таърихӣ барои гузоштани асосҳои аркони давлатдории тоҷикон нақши тақдирсозу ҳалкунанда бозид.
Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз конститутсияҳои беҳтарини дунё маҳсуб ёфта, дар он иродаи тамоми қишрҳои ҷомеа, бо назардошти талабот ва эҳтиёҷоташон, ифода ёфтааст. Албатта, бо чанд ҷумла бозгӯйӣ намудани нақш ва моҳияти он аз доираи имкон берун аст.Агар таври мухтасар моҳияти онро бозгӯйӣ намоем, пас шоистаи зикр аст, ки дар он масъалаҳои муҳим, аз қабили ҳадафҳои сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлат, мақом ва салоҳияти мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузори кишвар, салоҳияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, вазъи ҳуқуқии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, мустақилияти ҳокимияти судӣ, ба зиммаи мақомоти прокуратура вогузор будани назорати иҷрои дақиқ ва якхелаи қонунҳо дар қаламрави ҷумҳурӣ, тағйирнопазир будани шакли идораи ҷумҳурӣ, тамомияти арзӣ, моҳияти демократӣ, ҳуқуқбунёдӣ, дунявӣ ва иҷтимоӣ доштани давлат ва ғайра муқаррар гардидааст. Далелҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки дар саргаҳи қабули ин санади муҳим Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Ҳама дар хотир дорем, ки дар Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба «Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 августи соли 1990 «Дар бораи ташкил намудани комиссия оид ба тайёр намудани Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон» тағйиру иловаҳо ворид, ҳайати нави комиссия таҳти роҳбарии ин абармард тасдиқ гардида, ба таҳияи лоиҳаи нави Конститутсия суръати тоза бахшида шуд.Имрӯз бо бовари комил метавон гуфт, ки таҳти роҳбарии хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳадафҳои волои Конститутсия амалӣ шудааст. Аз ин хотир, Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки хусусияти миллиро доро мебошад, пурра ҷавобгӯйи талаботи нави замон буда, дарвоқеъ қонуни ваҳдати миллӣ ва муттаҳидкунандаи тоҷикону тоҷикистониён, таъминкунандаи рушду нумӯи давлати Тоҷикистон дониста мешавад.
Далер МЕРГАНОВ, «Садои мардум»