Тозанашр

«Аз садоқат, аз муҳаббат…»

№107 (4527) 29.08.2022

photo_2022-08-11_23-20-55Кам иттифоқ меафтад, ки шахс дар риштаҳои гуногун муваффақ гардад.  Башир Усмон аз зумраи ҳамон муҳаққик, рӯзноманигор ва нависанда  мебошад, ки имрӯз дар ҷодаи наср табъозмоӣ дорад.

Маҷмӯи  ҳикояҳояш  бо номи «Аз садоқат, аз муҳаббат…», ки ба муносибати 25 — солагии Рӯзи ваҳдати миллӣ  бо теъдоди  ҳазор нусха аз тариқи   КВД  КТН «Шарқи озод» — и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба чоп расид аз меҳру муҳаббат ва садоқат ба инсон ҳикоя мекунад. Нависанда дар ҳикояҳои пандгунаи хеш хостааст самимияту садоқатро дар замири дили хонанда бедор кунад. Маҷмӯа аз 64 қиссаву ҳикоя мураттаб шуда, мазмуну мундариҷа маҳсули мушоҳида ва андешаҳои чандинсолаи  ӯст. Вижагии барҷастаи ҳикояҳо содаю равон ва кӯтоҳ навиштани  онҳост.

Содаю равон навиштан  агар ҳунари нависандагии муаллиф бошад, услуби эҷодӣ, интихоби мавзӯъ, дарки воқеа, бардошт аз лаҳзаҳои  таъсирбахши  зиндагӣ маҳсули  заҳмати  зеҳнӣ аст. Воқеаҳо, ки дар ин жанри хурди адабӣ  таҷассум ёфтааст, на гузаштаи дур, балки  аз  рӯзгори имрӯза маншаъ гирифтааст.

Баъзе ҳикояҳо симои муаллифро дар худ таҷассум мекунанд:  Бо  муаллиф хеле қаринам. Он чӣ дар рӯҳу равони ӯ таҷалло медиҳад, ба маҷмӯа  роҳ ёфта,  садоқату муҳаббати инсонҳоро бозгӯӣ намудааст. Он чӣ ӯ  ҳунар дар ботин  дошт, ба хонанда ба воситаи ҳамин маҷмӯа ироа намудааст ва сабки нигориши ӯ завқи бадеии хонандаро таҳрик медиҳад.

Муаллиф салоҳ дидааст, то сиришти инсониро бо лаҳни ҳалим дар замири дили хонандаи хушбину хушзавқ ҷо кунад. Маҷмӯа гувоҳи он аст, ки адабиёт нависандаи равшанбинеро кашф кардааст, ки метавонад барои аҳли ҷомеа асарҳои арзишмандтар эҷод намояд.

Абдухолиқ МИРЗОЗОДА,

«Садои мардум»