Мутобиқи дурнамои кишт барои соли 2022 дар ноҳияи Ванҷ, дар майдони 58 гектар кишти такрорӣ пешбинӣ гардида буд.
Бино ба иттилои мудири бахши кишоварзии ноҳия Ҷавҳарӣ Неъматов, дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия гурӯҳҳои корӣ ташкил ёфта, онҳо ҷиҳати омӯзиш ва тарғиби захира кардани маҳсулот ғизоӣ барои 2 сол ба ҷамоатҳои деҳоти Язгулом, Водхуд ва М. Абдуллоев сафарбар гардиданд.
Дар натиҷаи санҷиш муайян гардид, ки ҷиҳати иҷрои дастуру супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба захира намудани ғизо барои 2 сол дар ноҳия ба ҷои 58 гектари нақша 80 гектар кишти такрорӣ гузаронида шудааст. Аз он 8 гектар мош 27 гектар ҷуворӣ барои дон ва ҷуворӣ барои хӯроки чорво мебошад. Дар ноҳия ҳар як оила бо усули хонагӣ аз 30 то 40 қуттии шартӣ мураббо ва шарбати меваи олуболу, гелос, зардолу тайёр кардааст. Кишоварзон инчунин, ба хушккунии мева машғул буда, бо соҳибкорони ватанӣ аз шаҳри Душанбе ва вилоятҳои Хатлону Суғд ҳамкорӣ доранд.
Ҷамъоварии ғалла дар ноҳия давом дошта, дар ин кор техникаи кишоварзӣ самаранок истифода мешавад.
Аз натиҷагириҳо оид ба ҷамъоварии ҳосил маълум гардид, ки имсол барои кишоварзони ноҳияи Ванҷ соли пурфайз хоҳад буд.
Пайшамбӣ ШОҲЗОДА,
«Садои мардум»