1. Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Ҷаноби Олӣ Муҳаммад Навоз Шариф, бино ба даъвати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон, дар таърихи 17-18 июни соли 2014 ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сафари расмӣ анҷом дод. Сафари мазкур ҷузъе аз мубодилаҳои мунтазами сатҳи баланд байни ду кишвари бародар буд.
2. Сарвазирро ҳайати баландпоя иборат аз вазири об ва неру, вазири саноати нассоҷӣ, вазири давлатии корҳои хориҷӣ ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ намуданд. Сарвазир ва ҳайати ҳамроҳ мавриди истиқболи гарм ва самимӣ қарор гирифтанд.
3. Сарвазир ва Президент дидори хосса доштанд, ки пас аз он музокироти сатҳи ҳайатҳо баргузор гардид. Сарвазир Муҳаммад Навоз Шариф инчунин бо Сарвазири Тоҷикистон мулоқоти алоҳида доир намуд. Ҳангоми ройзаниҳои густурдаи худ Президент Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазир Муҳаммад Навоз Шариф ба пайвандҳои таърихии байни ду кишвар, ки реша дар кеши муштарак, наздикии фарҳангӣ ва робитаҳои тамаддунӣ доранд, таъкид намуданд. Ду роҳбар тааҳҳудоти муштараки худро ба сулҳ, субот ва пешрафт таъйид намуда, ба диди худ дар бораи муносибатҳои роҳбурдии Покистону Тоҷикистон, ки ба сулҳу тараққиёт дар минтақа ва фаро аз он хидмат мекунад, таъкид намуданд.
4. Ду роҳбар қаноати худро дар мавриди густариши муносибатҳои дуҷониба изҳор карда, таъкид намуданд, ки имконоти фарох барои тавсеаи бештари ҳамкорӣ дар соҳаҳои тиҷорат, сармоягузорӣ, энергетика, дифоъ, амният, маориф, фарҳанг ва тамоси байни мардумон вуҷуд доранд. Онҳо азми худро ҷиҳати амалисозии ин имконот аз тариқи кӯшишҳои муштарак қайд намуданд.
5. Роҳбарон мувофиқат намуданд, ки давоми се соли оянда то ба маблағи 500 млн. доллари ИМА афзудани ҳаҷми тиҷорати дуҷонибаро ҳадаф гузоранд ва бобати имзои Созишномаи тиҷорати имтиёзӣ (СТИ) иқдом кунанд. Онҳо инчунин мувофиқат карданд, ки ҳамкории иқтисодиро тавассути абзорҳои мавҷуда ва нави ниҳодӣ тақвият бахшанд. Ду ҷониб имкониятҳои қобили мулоҳизаи мавҷударо барои сармоягузории муштарак таъкид намуда, мувофиқат карданд, ки тавассути ниҳодҳои ташвиқи сармоягузории марбутаи худ ҷиҳати таъмин намудани муҳити мусоид барои сармоягузорони ҳар ду кишвар иқдом хоҳанд кард. Ба манзури пешбурди ин ҳадафҳо, тасмим гирифта шуд, ки иҷлоси панҷуми Комиссияи муштараки сатҳи вазирон дар Исломобод давоми соли 2014 баргузор гардад. Ҷиҳати густариши ҳамкорӣ байни бахшҳои хусусии ду кишвар мувофиқат ҳосил шуд, ки Шӯрои муштараки соҳибкорон (ШМС) таъсис ёбад.
6. Роҳбарон ба аҳамияти тавсеаи алоқаи ҳавоӣ, заминӣ ва роҳи оҳан ва мусоидат ба сафарҳо, транзит, ҳамлу нақл ва гардишгарӣ таъкид намуданд. Онҳо ба Комиссияи муштараки сатҳи вазирон ваколат доданд, ки дар ин бора тавсияҳои мушаххас пешниҳод намояд.
7. Ду ҷониб ба зарурати таҳкими имконоти транзитӣ ва ҳамлу нақлӣ, аз ҷумла тавассути густариши ҳамкорӣ дар сатҳи минтақавӣ таъкид карданд. Дар ин замина, таъкид шуд, ки ҳар чӣ зудтар ниҳоӣ намудани Созишномаи сеҷониба байни Афғонистон, Покистон ва Тоҷикистон дар бораи тиҷорати транзитӣ ба робитаҳои тиҷорӣ ва иқтисодӣ мусоидат хоҳад кард. Инчунин таъкид гардид, ки пайванди мустақими роҳҳои заминӣ ба ин кӯшишҳо такони бештар хоҳад бахшид. Ҷониби покистонӣ инчунин изҳори омодагӣ намуд, ки дастрасии осонро барои молҳои Тоҷикистон аз тариқи бандарҳои баҳрии худ дар Қарочӣ ва Гвадар муҳайё созад.
8. Ду роҳбар тааҳҳуди худро ба лоиҳаи энергетикии КАСА-1000 бори дигар таъйид намуда, аҳамияти амалисозии ҳар чӣ зудтари онро таъкид карданд.
9. Ҳар ду ҷониб аҳамияти робитаҳои байнипарламентиро таъкид карда, дар ин замина аз сафари ахири Раиси Анҷумани Миллии Покистон ба Тоҷикистон истиқбол намуданд. Онҳо мувофиқат карданд, ки ҳайатҳои парламентиро ба таври мунтазам мубодила кунанд.
10. Ду ҷониб рағбати худро ба мубодилаи мунтазами гурӯҳҳои ҳунарӣ бори дигар таъкид намуданд. Мувофиқат ҳосил шуд, ки гардишгарӣ ва афзоиши мубодилаҳои байни мардумӣ бештар ташвиқ гардад.
11. Ҳар ду ҷониб терроризмро дар ҳама шаклу зуҳуроташ маҳкум намуданд ва рағбати худро бобати таҳкими ҳамкории муштарак дар мубориза бо терроризм, чӣ дар сатҳи дуҷониба ва чӣ дар чаҳорчӯби системаи СММ бори дигар таъйид карданд.
12. Ду роҳбар рағбати худро ба афзудани амнияти дуҷониба ва ҳамкории ҳарбӣ таъйид намуданд. Ҷониби покистонӣ уҳдадор шуд, ки ба рушди зарфиятҳои дифоии Тоҷикистон, аз ҷумла аз тариқи бозомӯзии афроди нирӯҳои мусаллаҳ ва амниятии Тоҷикистон пайваста мусоидат намояд.
13. Ду роҳбар масъалаҳои минтақавӣ ва байналмилалиро баррасӣ карданд. Онҳо таъйид намуданд, ки Афғонистони осоиштаву босубот дурнамои сулҳ ва суботи минтақавиро таҳким менамояд, ҷонибдории худро ба раванди фарогири сулҳ ва мусолиҳа бо раҳбарӣ ва соҳибии худи афғонҳо изҳор карданд. Онҳо инчунин тааҳҳуди худро дар мавриди истифодаи форумҳои чаҳоргона ҷиҳати таҳкими кӯшишҳо дар ҳимоят аз сулҳ, амният ва субот дар минтақа бори дигар изҳор намуданд.
14. Роҳбарон ҳамкории наздики байни ду кишварро дар чаҳорчӯби Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Ҳамкории Исломӣ, Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ, Созмони Ҳамкории Шанхай ва созмонҳои дигари марбутаи байналмилалӣ ва минтақавӣ таъкид намуданд. Онҳо изҳори тааҳҳуд карданд, ки ҳамкории босамарро дар мавриди ҷонибдории мутақобил дар ниҳодҳои интихобии созмонҳои байналмилалӣ идома диҳанд.
15. Дар ҳузури ду роҳбар санадҳои зерин ба имзо расиданд:
Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон оид ба таъсиси Гурӯҳи кории муштараки мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ;
Ёддошти тафоҳум байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути Вазорати саноат ва технологияҳои нав ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон тавассути Вазорати саноати нассоҷӣ дар бораи рушди соҳаи нассоҷӣ;
Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи миллии забонҳои муосири Исломобод;
Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон дар соҳаи таҳсилоти касбӣ;
Ёддошти тафоҳум байни Китобхонаи миллии Тоҷикистон ва Департаменти китобхонаҳо, маъмурияти пойтахт ва шуъбаи рушди Ҳукумати Ҷумҳурии Исломии Покистон.
16. Сарвазири Покистон барои ҳусни меҳмоннавозие, ки нисбати ӯ ва аъзои ҳайати ӯ аз сӯйи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт, самимона изҳори сипос намуд. Сарвазир аз Президент Эмомалӣ Раҳмон даъват ба амал овард, то ба Ҷумҳурии Исломии Покистон сафари давлатӣ анҷом диҳад. Ин даъват пазируфта шуд. Таърихи сафар тариқи каналҳои дипломатӣ муайян хоҳад шуд.
Дар шаҳри Душанбе 17 июни соли 2014 ба имзо расид.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф