Изҳороти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пас аз анҷоми музокирот бо Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф

№65 (3211) 19.06.2014

2

Муҳтарам намояндагони воситаҳои ахбори умум!

Ҳозирини гиромӣ!

Сафари расмии Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Ҷаноби Олӣ Муҳаммад Навоз Шариф идомаи мантиқии муколамаи сиёсии роҳбарияти олии ду давлат мебошад.

Дар чаҳорчӯбаи ин боздид мо бо Ҷаноби Олӣ ва ҳамроҳонашон оид ба масъалаҳои мубрами дуҷониба, минтақавӣ ва нақшу имкониятҳои ду давлат дар ҳаллу фасли онҳо мубодилаи афкори ошкору муфассал доштем, ки дар фазои созандагӣ ва ҳусни тафоҳум сурат гирифт.

Мавзӯи умдатарини мулоқоту музокироти баргузоршуда пайдо кардани роҳҳои наву воситаҳои иловагии рушду тавсеаи равобити дуҷониба ба мақсади ба сатҳи баланди сифатан нав бардоштани муносибатҳои Тоҷикистону Покистон мебошад.

Санадҳои имзошуда қадами муҳим дар татбиқи имкониятҳои зиёди истифоданашудаи ҳамкории ду кишвари дӯсту ҳамсоя аст.

Ҳар ду ҷониб дастгирӣ ва ташвиқи тарафайнро оид ба вусъати тиҷорати дуҷониба, татбиқи лоиҳаҳои зербиноӣ, нақлиётию иртиботӣ идома дода, дар соҳаҳои афзалиятноку мавриди таваҷҷуҳ ба таъсиси корхонаҳои истеҳсолии муштарак ва сармоягузории лоиҳаҳо дар минтақаҳои озоди иқтисодии Тоҷикистон мусоидати фаъолона хоҳанд кард.

Мо бори дигар таъйид намудем, ки барои бештар афзоиш додани тиҷорат ва гардиши молҳо имзои Созишномаи сеҷонибаи транзитӣ  миёни Тоҷикистон, Покистон ва Афғонистон аҳамияти зиёд хоҳад дошт. Дар ин робита суръат бахшидан ба раванди ҳамоҳангсозии лоиҳаи ин санад зарур дониста шуд.

Ҳамчунин зарурати ҳар чӣ зудтар ба Созишномаи чоргонаи Покистон-Хитой-Қазоқистон -Қирғизистон пайвастани Тоҷикистон таъкид карда шуд. Дар ин сурат соҳибкорону тоҷирон ва сайёҳони тоҷик метавонанд бо яке аз роҳҳои наздиктарин ба Ҷумҳурии Исломии Покистон бираванд.

Зимни баррасии масоили энергетикӣ нисбати суръат бахшидан ва дар муҳлатҳои эъломшуда иҷро намудани лоиҳаи маъруфи CASA – 1000 изҳори назар карда шуд.

Ҳангоми арзёбии масъалаҳои мубрами минтақавӣ мо муборизаи муштаракро бар зидди хатарҳои ҷиддӣ – терроризм, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва қочоқи аслиҳа шарти муҳими таъмини субот, амният ва пешрафти минтақа донистем.

Тоҷикистону Покистон изҳор доштанд, ки ҳамкориҳои амиқу муассири худро дар самти мусоидат ба сулҳу субот ва эҳёву бозсозии иқтисодии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон идома хоҳанд дод.

Мо муфид донистем, ки оид ба масъалаҳои муҳими минтақавӣ ба таври мунтазам табодули назар дошта бошем.

Ҳар ду ҷониб тавсеаи ҳамкории босамарро дар чаҳорчӯбаи Созмони Милали Муттаҳид, Созмони Ҳамкории Шанхай, Созмони Ҳамкории Исломӣ ва Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ комилан зарур мешуморанд.

Тоҷикистон идомаи муколамаи миёни Покистону Ҳиндустонро ҳамеша амри зарурӣ медонад ва дар ин росто мулоқоти ба наздикӣ суратгирифтаи сарварони ҳукуматҳои ду кишварро бо хушнудӣ истиқбол кард. Умедворем, ки ҳар ду кишвар бо дарки амиқи масъулияти хеш имкониятҳои худро дар роҳи ҳалли ихтилофоту мушкилот бо таври комил истифода хоҳанд кард.

Мо аз натиҷаҳои нахустини боздиди Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон қаноатмандем ва изҳори умед менамоем, ки онҳо ба раванди ба сатҳи сифатан нав бардоштани ҳамкории гуногунарсаи Тоҷикистону Покистон мусоидат хоҳанд кард.

www.president.tj