Дар Ишкошим бунёди иншооти наву замонавӣ бомаром идома дорад

№118 (4538) 22.09.2022

Сокинони ноҳияи Ишкошими Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон бахшида ба таҷлили ҷашни Истиқлолияти давлатӣ ва 30 — солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои ободонию бунёдкориро ба роҳ монда, тибқи супориши Ҳукумати мамлакат иншооти зиёди ҷамъиятию маишӣ ва маъмурии нав сохта истодаанд.

Тавре узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси ноҳияи Ишкошим Мусо Мирзозода иброз намуд, сарпарасти асосии барномаҳои созандагию ободонии ноҳия Ҳукумати мамлакат буда, бо дастгирии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон варзишгоҳи марказӣ, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии № 13, 21, бинои маъмурии нозироти андози ноҳия, комендатураи ҳарбиву хонаи фарҳанги деҳаи Лангар ба маблағи умумии зиёда аз 53 млн. 400 ҳазор сомонӣ сохта шуда, дар муҳлатҳои муқарраргардида ба истифода дода мешаванд.

Бо мақсади сазовор таҷлил намудани 35 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 январи соли 2022, таҳти № 311 «Дар бораи ҷашн гирифтани 35 – солагии Истиқлолияти давлатии  Ҷумҳурии Тоҷикистон» нақшаи чорабиниҳои корҳои ободонию созандагии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ишкошим, ки аз 104 банд иборат аст, мавриди амал қарор дорад. Тибқи он, сохтмони 16 иншооти нав бо арзиши 74 миллиону 400 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби вазорату кумитаҳо, се иншоот бо харҷи 5 миллиону 700 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, як иншоот бо маблағи 120 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, 30 иншооти дигар бо арзиши 74 миллиону 300 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби шарикони рушд ва 54 иншоот бо маблағи 10 миллиону 600 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби бахши хусусӣ ба нақша гирифта шуда, дар бархе аз онҳо аллакай корҳои сохтмонӣ ва таъмиру навсозӣ оғоз гардидааст.

- Баъди ба истифода додани иншоот симои маркази ноҳия ва ҷамоатҳои деҳот ба куллӣ тағйир ёфта, сатҳу сифати зиндагии мардум боз ҳам беҳтар хоҳад шуд, — гуфт раиси ноҳия.

Зикр кардан бамаврид аст, ки тайи солҳои охир дар ноҳияи Ишкошим як қатор иншооти муҳими хоҷагии халқ, аз қабили марказҳои саломатии деҳаҳои Зонгу Вранг, беморхонаи минтақавии деҳаи Вранг, бинои маъмурии филиали № 72 — и Бонки давлатии амонатгузории «Амонатбонк», хатҳои оби нӯшокии деҳаҳои Лангар, Исор, Шитхарв, Удит, Баршор, Қозидеҳ, Гармчашма, инчунин, мумфарш ва чароғон кардани кӯчаҳои маркази ноҳия ва дигар иншооти гуногуни хизматрасонӣ аз тарафи Ҳукумати мамлакат ва бахши хусусӣ мавриди баҳрабардории сокинон қарор гирифт.

М. ИМОМНАЗАР,

«Садои мардум»