Мулоқот бо собиқ Сарвазири Малайзия Маҳатҳир Муҳаммад

№69 (3215) 26.06.2014

2

Субҳи 25 июни соли 2014 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Куала-Лумпур бо собиқ Сарвазири Малайзия Маҳатҳир Муҳаммад мулоқот намуд.

Эмомалӣ Раҳмон аз мулоқоти нахустини худ бо ин сиёсатмадори маъруф, ки моҳи октябри соли 2003 дар Малайзия баргузор шуда буд, самимона ёдоварӣ карда, изҳор дошт: «Дар Тоҷикистон шуморо ҳамчун ходими барҷаставу муваффақи сиёсиву давлатии Малайзия, олами Ислом ва қитъаи Осиё мешиносанд ва фаъолияти ислоҳотгаронаи шуморо мавриди омӯзишу ибрат қарор додаанд».

Зимни суҳбат аз натиҷаҳои мулоқоту музокироти расмӣ, муҳайё шудани нахустин заминаи қарордодию ҳуқуқии ҳамкорӣ ва оғози фаъолияти Сафорати Тоҷикистон дар Малайзия изҳори хушӣ карда шуд.

Маҳатҳир Муҳаммад изҳор дошт, ки имрӯз ҳам омода аст барои густариши робитаҳои Малайзия бо Тоҷикистон саъю кӯшиш кунад.

Табодули назар ҳамчунин доир ба мавзӯъҳои гуногуни муносиботи минтақавию байналмилалӣ сурат гирифт.

www.president.tj