Озмуни «Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ ва эҳёи худшиносии миллӣ» ҷамъбаст гардид

№ 11.11.2022

9 ноябр дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Конференсияи ҷумҳуриявии «Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ ва эҳёи худшиносии миллӣ» доир шуд.  

Дар он муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулло Раҳмонзода, доктори илмҳои фалсафа Махфират Хидирзода, Нависандаи халқии Тоҷикистон Ато Ҳамдам, сармуҳаррири рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» Шодихони Назар, намояндагони вазорату идораҳо ва воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон иштирок карданд.

- Дар бораи Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Тоҷикистон то ин муддат аҳли адабу зиёи кишвар зиёд навишта, дар фароварди ин солҳо перомуни ин воқеа садҳову ҳазорҳо мақола ва даҳҳо маҷмӯаву китобҳо ба нашр расиданд. Ба гумони ин ҷониб, ки аксари он нигоштаҳоро варақ задаву мутолиа кардаам, чунин менамуд, перомуни ин санаи таърихӣ нигоштану ҳарфи нав гуфтан ба содагӣ даст нахоҳад дод, аммо замоне, ки масъулини рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» бо як тасмими ҷиддие дар ҳошияи 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни «Иҷлосияи XVI Шӯрои Олӣ ва эҳёи худшиносии миллӣ»-ро эълон доштанду давоми сол ҳар ҳафта як ё ду нигошта дар мавриди ин воқеаи таърихӣ аз ҷониби аҳли қалам дар саҳифаҳои рӯзнома ба табъ мерасид, то ҷое андешаи моро дигар кард, — гуфт Абдулло Раҳмонзода

Инчунин дар конференсияи мазкур Махфират Хидирзода, доктори илмҳои фалсафа, профессор, узви Комиссия марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Иҷлосия XVI ва оғози раванди рушди давлатдорӣ» маърӯза карда, аз ҷумла гуфт:

- Вақте дар як ҷомеаи ҷангзада, ки ҳисси бадбинӣ зиёд шуда истодааст, нафаре пайдо мешаваду дар бораи сулҳ гап мезанад, ин ҷавонмардии ӯро нишон медиҳад. Маҳз бо шарофати Пешвои миллат мо ба сулҳ расидем, ки аркони давлатдорӣ ва шохаҳои фалаҷшудаи ҳокимиятро дар мамлакат барқарор намуда, пояҳои Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро қавӣ намуд. Муҳимтар аз ҳама ин аст, ки дар Ватани азизамон ваҳдати миллӣ, сулҳи пойдору фазои озоди бунёдкориву созандагӣ фароҳам оварда шуд.

Нависандаи халқии Тоҷикистон Ато Ҳамдам ҳам ба сухан баромада, гуфт, ки Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олӣ барои барқарорсозии сохти конститутсонии кишвар ва эъмори давлати демократӣ ва ҳуқубунёду дунявии Тоҷикистон оғози устувор бахшид ва заминаи нахустини ҳамдигарфаҳмию ризоияти миллӣ ва сулҳи тоҷиконро фароҳам овард.

Ҳамчунин, дар конференсия озмуни ҷумҳуриявии рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» — «Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ ва эҳёи худшиносии миллӣ» ҷамъбаст ва ғолибон эълон гардиданд.

Махфират Хидирзода ғолиби ҷойи якум ва шоҳҷоизаи озмун эълон шуд, ки бо диплом ва мукофотпулӣ дар ҳаҷми 5 ҳазор сомонӣ қадрдонӣ гардид.

Ато Ҳамдам, сазовори ҷойи дуюм гардида, бо мукофтотпулӣ дар ҳаҷми 3 ҳазор сомонӣ қадр карда шуд. Ҷойи сеюм насиби Каромулло Одилов шуд, ки мукофотпулии он 2 ҳазор сомониро ташкил медод.

Дар ин баробар ба се нафари дигар барои иштироки фаъолона ва баррасии ҳамаҷонибаи мавзуъ ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ — телевизиори плазмавӣ тақдим гардид.

Зикр шуд, ки озмуни мазкур бо иқдоми рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» ва сарпарастии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо раёсатҳои кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе ва вилояти Суғд роҳандозӣ шуд.

Ҳамчунин, дар доираи ин чорабинӣ китоби «Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ ва эҳёи худшиносии миллӣ», ки фарогири маводи дар озмуни мазкур пешниҳодгардида буд, рӯнамоӣ шуд.

Ҳ. ТОҲИРӢ,

«Садои мардум»