Муаррифии феҳристи номгӯи китобу мақолаҳо доир ба НБО «Роғун»

№ 11.11.2022

10 ноябри соли равон дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба 30-солагии Иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифии китоби «Ормони миллат: Роғун — бузургтарин сарбанди асри нав (Феҳристи адабиёт)» доир гардид.

Бинобар иттилои директори Китобхонаи миллии Тоҷикистон Ҷумахон Файзализода, феҳристи мазкур бори нахуст дар асоси захираҳои Китобхонаи миллии Тоҷикистон бо дарназардошти ворид шудани нусхаҳои ҳатмӣ, нашрияҳои библиографии Агентии миллии Созмони байналмилалии рақамгузории китоб — Хонаи китоби Тоҷикистон ва сомонаҳои интернетӣ таҳия шуда, маводи чопию электронии солҳои 1968-2020 нашршударо фаро мегирад.

Иттилоъ дода шуд, ки китоб асари нави библиографиест, ки дар он, аз ҷумла номгӯи китобу мақолаҳо аз саҳифаҳои матбуоти дохилӣ ва хориҷии кишвар доир ба НБО-«Роғун» мураттаб гардидаанд.

Феҳристи мазкур аз 8 қисм иборат буда, 1644 номгӯи маводи чопӣ ва электронии ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ, ӯзбекӣ, украинӣ, эстонӣ, молдавӣ, латишӣ ва қирғизӣ нашршударо фаро гирифтааст.

Ҳамчунин, зимни рӯнамоии китоб мушовири бахши Ёрдамчии Прзиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳиддин Пайшанбезода иброз дошт, ки сохтмони иншооти НБО «Роғун» муҳимтарин рӯйдоди таърихии миллати тоҷик буда, омӯзиши он, ки порае аз фаъолияти пурбаракати Пешвои миллат аст, аҳамияти бештар касб мекунад.

Ҳ. ТОҲИРӢ,

«Садои мардум»