29-уми декабри соли 2022 таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ҷаласаи навбатии Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашум баргузор гардид.
РАИС: — Вакилони арҷманд!
Хоҳиш мекунам, аз қайд гузаред.
Ҳоло дар толор 57 вакил ҳузур доранд.
Ба кори ҷаласа шурӯъ менамоем.
Чӣ гуна андешаҳо ҳаст? Нест.
Мутобиқи моддаи 34 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ҷаласаи навбатии Иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати шашумро кушода эълон менамоям.
Вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!
Дар ҷаласаи имрӯза Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ — Намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Зариф Ализода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодирзода Саъдӣ Сангинмурод, муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳсинзода Ғафур Муҳсин ва дигар шахсони даъватшуда иштирок доранд.
Вакилони арҷманд, ҳозирини гиромӣ!
Ба рӯзномаи ҷаласаи навбатӣ се масъала пешниҳод шудааст.
Доир ба рӯзнома таклифу пешниҳоди дигар нест?
Набошад, хоҳишмандам нисбат ба рӯзнома мавқеатонро муайян намоед.
Дар бораи рӯзномаи ҷаласа бо фарогирии масъалаҳои зерин Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардид:
1. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон»
2. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи савдо ва хизматрасонии маишӣ»
3. Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон».
РАИС: — Ба баррасии масъалаҳои рӯзнома шурӯъ менамоем. Аз рӯи масъалаи якум сухан ба раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодирзода Саъдӣ Сангинмурод дода мешавад. Марҳамат.
Саъдӣ ҚОДИРЗОДА: - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» бо мақсади идомаи ислоҳот дар соҳаи танзими низоми иҷозатдиҳии ҷумҳурӣ, аз байн бурдани ҳуҷҷатҳои хусусияти иҷозатдиҳидошта барои амал ва фаъолияти соҳибкориву сармоягузорӣ, ки аз ҷониби мақомоти давлатӣ дода мешаванд, ҳамзамон мутобиқ намудани баъзе санадҳои меъёрии ҳуқуқии хусусияти умумидошта ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» таҳия ва пешниҳод шудааст. Мувофиқи лоиҳа, дар моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» ба ваколати мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ мустақилона муқаррар намудани реҷаи кории объектҳои савдо, хизматрасонии маишӣ ва дигар намуди хизматрасонии аз ҷиҳати танзим муҳиме, ки номгӯи онҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст, муқаррар мешавад.
Инчунин, дар доираи лоиҳаи мазкур пешниҳод мегардад, ки реҷаи кории ташкилоту объектҳои савдо, хизматрасонии маишӣ ва дигар намуди хизматрасоние, ки дар қисми 1 моддаи мазкур дарҷ нагардидаанд, инчунин соҳибкорони инфиродӣ, аз ҷониби онҳо мустақилона муайян карда шавад ва ба маълумоти истеъмолкунанда расонида шуда, ба реҷаи муқарраршуда бояд мувофиқат кунад.
Қабули санади мазкур сарбории субъектҳои хоҷагидорӣ ва сармоягузориро дар бобати гирифтани реҷаи корӣ аз байн бурда, муҳити мусоид ба фаъолияти соҳибкориву сармоягузорӣ дар кишвар фароҳам оварда, ҷолибияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои ҷалби сармоягузорӣ дар байни кишварҳои ҳамсоя бештар мегардонад.
Татбиқи лоиҳаи мазкур аз буҷети давлатӣ маблағгузории иловагиро талаб намекунад. Бо арзи эҳтиром хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи қонуни пешниҳодгардидаро дастгирӣ намоед.
РАИС: — Ба маърӯзачӣ ягон савол ё пешниҳод ҳаст? Нест.
Сухани навбатӣ ба раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Қурбонзода Маҳмадалӣ дода мешавад.
Маҳмадалӣ ҚУРБОНЗОДА: - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилони арҷманд ва ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.
Мақсади лоиҳаи қонун идомаи ислоҳот дар соҳаи танзими низоми иҷозатдиҳии кишвар мебошад. Бо қабули лоиҳаи қонун барои субъектҳои хоҷагидорӣ ва сармоягузорӣ расмиёти муайян кардани реҷаи корӣ сабук гардида, барои соҳибкорону сармоягузорон шароити мусоид фароҳам оварда мешавад. Дар баробари ин, реҷаи кори ташкилоту объектҳои савдо, хизматрасонии маишӣ ва намудҳои дигари хизматрасонӣ ба маълумоти истеъмолкунандагон расонида мешавад.
Лоиҳаи қонуни зикргардидаро кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ҷонибдорӣ ва ҳамзамон ҳашт таклиф пешниҳод намуданд, ки дар маҷмӯъ қобили қабул дониста шуданд.
Лоиҳаи қонун ба моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ мебошад. Хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: - Ба маърӯзачӣ ягон савол ё пешниҳод ҳаст?
Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад? Нест.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» ба овоз монда шуда, қабул шуд.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» ба овоз монда шуда, тасдиқ гардид.
РАИС: — Ба баррасии масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи савдо ва хизматрасонии маишӣ» шурӯъ менамоем.
Сухан ба раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қодирзода Саъдӣ Сангинмурод дода мешавад. Марҳамат.
Саъдӣ ҚОДИРЗОДА: - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи савдо ва хизматрасонии маишӣ» бо мақсади идомаи ислоҳот дар соҳаи танзими низоми иҷозатдиҳии ҷумҳурӣ, аз байн бурдани ҳуҷҷатҳои хусусияти иҷозатдиҳидошта барои амал ва фаъолияти соҳибкориву сармоягузорӣ, ки аз ҷониби мақомоти давлатӣ дода мешаванд, ҳамзамон мутобиқ намудани баъзе санадҳои меъёрии ҳуқуқии хусусияти умумидошта ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» таҳия ва пешниҳод шудааст.
Мувофиқи он, дар моддаҳои 8 ва 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи савдо ва хизматрасонии маишӣ» меъёрҳо дар таҳрири нав ифода шуда, ба ваколати мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ мустақилона муқаррар намудани реҷаи кории объектҳои савдо, хизматрасонии маишӣ ва дигар намуди хизматрасонии аз ҷиҳати танзим муҳиме, ки номгӯи онҳо аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст, пешбинӣ гардидааст.
Инчунин, дар доираи лоиҳа таклиф мегардад, ки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ мустақилона бе ҷалби субъектҳои хоҷагидор дар ҳудуди марзиву маъмурии дахлдор реҷаи кории бозорҳои давлатӣ ва ғайридавлатиро муқаррар намояд. Бо назардошти пешбинӣ гардидани меъёрҳои мазкур, тибқи лоиҳа қисми 5 моддаи 13 хориҷ мешаванд.
Бояд қайд кард, ки қабули санади мазкур сарбории субъектҳои хоҷагидорӣ ва сармоягузориро дар бобати гирифтани реҷаи корӣ аз байн бурда, муҳити мусоид ба фаъолияти соҳибкориву сармоягузорӣ дар кишвар фароҳам оварда, ҷолибияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро барои ҷалби сармоягузорӣ дар байни кишварҳои ҳамсоя бештар мегардонад. Хоҳиш менамоям, ки онро дастгирӣ намоед.
РАИС: — Ба маърӯзачӣ ягон савол ё пешниҳод ҳаст? Нест.
Сухани навбатӣ ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисод ва молия Дӯстмуродзода Сурайё дода мешавад. Марҳамат.
Сурайё ДӮСТМУРОДЗОДА: - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи савдо ва хизматрасонии маишӣ» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудааст.
Мақсади лоиҳаи қонуни пешниҳодгардида идомаи ислоҳот дар соҳаи танзими низоми иҷозатдиҳӣ буда, бо қабули лоиҳаи қонуни мазкур барои субъектҳои хоҷагидорӣ ва сармоягузорӣ расмиёти муайян кардани реҷаи корӣ сабук гардида, минбаъд барои соҳибкорону сармоягузорон шароити мусоид фароҳам мешавад. Дар ин асно, аз ҷониби субъектҳои хоҷагидорӣ ва сармоягузорӣ ҳуҷҷати хусусияти иҷозатдиҳидошта, ки дар қонунгузории соҳаи иҷозатдиҳӣ пешбинӣ нашудааст, гирифта намешавад.
Лоиҳаи қонунро кумитаҳои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси намояндагон ҷонибдорӣ ва шаш таклиф пешниҳод намуданд, ки дар маҷмӯъ қобили қабул дониста шуд.
Лоиҳаи қонун ба моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ мебошад. Хоҳиш менамоям, ки онро ҷонибдорӣ намоед.
РАИС: - Ба маърӯзачӣ ягон савол ё пешниҳод ҳаст? Нест.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи савдо ва хизматрасонии маишӣ» ба овоз монда шуда, қабул шуд.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ««Дар бораи қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи савдо ва хизматрасонии маишӣ» ба овоз монда шуда, тасдиқ гардид.
РАИС: — Ба баррасии масъала «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» оғоз менамоем.
Аз рӯи масъалаи мазкур сухан ба муовини якуми вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳсинзода Ғафур Муҳсин дода мешавад. Марҳамат.
Ғафур МУҲСИНЗОДА: - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!
Дар заминаи таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат ба соҳаи тандурустӣ сол аз сол буҷети соҳа зиёд гардида, соли 2022 ба 2 миллираду 882 миллион сомонӣ расид, ки 2,8 дарсади Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ва 8,6 дарсад аз ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатиро ташкил дода, нисбат ба соли 2017 ба маротиб зиёд гардидааст.
Вобаста ба зиёд гардидани ҳаҷми маблағгузории соҳа аксарияти муассисаҳои тиббӣ аз таъмири асосӣ бароварда шуда, таҷҳизоти муосири тиббӣ (ангиография, компютери томографӣ, томографияи магнитию резонансӣ, рентгени рақамӣ), нақлиёти санитарӣ ва дигар лавозимоти тиббӣ ворид гардида, нисбат ба солҳои пешин сатҳ ва сифати ташхису табобати беморон беҳтар шуда истодааст.
Яке аз талаботи замони муосир ислоҳоти маблағузории соҳаи тандурустӣ мебошад. Мақсади ислоҳоти маблағгузории соҳаи мазкур аз таҳияи низоми устувор ва ҳамгироии маблағгузории тандурустӣ бо тақсимоти баробари захираҳо дар доираи барномаи кафолатҳои давлатӣ иборат аст.
Мутобиқи Консепсияи ислоҳоти соҳаи тандурустӣ ислоҳоти маблағгузории соҳа идома дорад. Бо ин мақсад муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба маблағгузории сарикасӣ гузаронида, дар 31 шаҳру ноҳия «Барномаи кафолатҳои давлатӣ оид ба таъмини аҳолӣ бо кумаки тиббию санитарӣ» амалӣ шудааст. Инчунин, дар муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарии 16 шаҳру ноҳия маблағгузорӣ дар асоси натиҷаи фаъолият ва дар муассисаҳои хадамоти бистарикунонии се ноҳия ба таври таҷрибавӣ маблағгузорӣ дар асоси натиҷаи табобат оғоз гардида, тибқи тартиби хизматрасонии тиббию санитарӣ ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои системаи давлатии тандурустӣ ба хизматрасонии музднок машғуланд. Мақсади асосии татбиқи тартиби мазкур кам намудани сарбории буҷет, аз байн бурдани пардохтҳои ғайрирасмӣ, ҳавасмандгардонии кормандон, мустаҳкам намудани базаи моддию техникии муассисаҳо мебошад.
Бояд қайд намуд, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 18 — уми июни соли 2008 қабул гардида, бояд аз 1 — уми январи соли 2010 мавриди амал қарор мегирифт. Аммо бо сабаби дар сатҳи нисбатан паст қарор доштани шуғли аҳолӣ, маблағи суғуртаи тиббӣ, ки ба нишондиҳандаи андоз аз даромади аҳолӣ таъсири манфӣ мерасонад, ҳамоҳангсозии нокифояи вазорату идораҳои дахлдор оид ба созмон додани низоми суғуртаи ҳатмии тиббӣ, номуайянӣ дар манбаъ ва ҳаҷми пардохти ҳаққи суғуртаи ҳатмии тиббӣ, норасоии маблағҳои буҷетӣ барои пардохт намудани ҳаҷми хизматрасонии тиббӣ ба гурӯҳҳои имтиёзнок ва бекорон аз ҷониби буҷети давлатӣ қонуни мазкур то имрӯз чор маротиба (солҳои 2010, 2014, 2017 ва 2022) мавқуф гузошта шуд. Новобаста аз ин, бо назардошти муҳлати расман муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои оғози татбиқи суғуртаи тиббӣ дар доираи нақшаи кории гурӯҳи кории Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ як қатор лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки аз Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бармеоянд, таҳия карда, барои мувофиқа ба вазорату идораҳои дахлдор ирсол шуд.
Аз аввали соли 2022 гурӯҳи кории байниидоравӣ аз ҳисоби намояндагони вазоратҳои тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, молия, адлия, рушди иқтисод ва савдо, корҳои хориҷӣ, корҳои дохилӣ, мудофиа, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Кумитаи андоз, Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис ёфта, якчанд вохӯрӣ гузаронида шуд.
Дар давоми фаъолияти гурӯҳи корӣ вазорату идораҳо хулосаҳояшонро пешниҳод намуданд. Аз ҷумла, Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудааст, ки маблағи ҳаққи суғуртаи тиббӣ аз ҳисоби корфармо (буҷет), Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудааст, ки пурра аз ҳисоби буҷети давлатӣ пардохт шавад. Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудааст, ки манбаи маблағгузории суғурташавандагон ба мақсад мувофиқ буда, тибқи талаботи моддаи 6 қонуни мазкур пардохт намудани ҳаққи суғуртаи тиббӣ дар доираи андози иҷтимоӣ ва аз ҳисоби буҷети давлатӣ дар назар аст, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» -ро мувофиқи мақсад шуморидааст, Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби зиёд намудани меъёри андозҳо ташаккул додани фонди суғуртаи тиббиро қобили дастгирӣ нашуморидааст, Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудааст, ки айни замон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои гузариши пурра ба низоми суғуртаи тиббӣ шароити мусоид вуҷуд надорад ва барои ҷорӣ намудани низоми ин навъи суғурта аввал бояд шароит фароҳам шуда, талаботи дахлдори иқтисодӣ, молиявӣ ва ташкилӣ ба назар гирифта шавад.
Тибқи хулосаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҳолати аз ҳисоби меъёри амалкунандаи андози иҷтимоӣ пардохт намудани ҳаққи суғуртаи тиббӣ эҳтимолияти кам шудани даромади буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа вуҷуд дошта, норасоии мазкур боиси иҷро нагардидани уҳдадориҳои иҷтимоии давлат дар назди аҳолӣ мегардад.
Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудааст, ки бо назардошти тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2016, қабули Кодекси тандурустӣ ва Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» таҷдиди назар намудани ин санади меъёрии ҳуқуқӣ мувофиқи мақсад мебошад.
Ҳамчунин, масъалаи мазкур аз ҷониби мушовирони байналмилалии Бонки умумиҷаҳонӣ ва Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ мавриди омӯзиш қарор дода шуд.
Таҷрибаи дигар давлатҳо нишон доданд, ки барои ҷорӣ намудани суғуртаи ҳатмии тиббӣ маблағи зарурӣ барои соҳаи тандурустӣ бояд на кам аз 4 то 6 фоизи Маҷмӯи маҳсулоти дохилиро ташкил диҳад. Ин нишондиҳанда дар ҷумҳуриҳои Қазоқистон 4,4 дарсад, Қирғизистон — 4,2, Туркия — 4,5, Молдова — 5,6, Полша — 5,7, Эстония — 5,9 ва Ӯзбекистон 3,5 дарсадро ташкил медиҳад. Айни ҳол буҷети соҳаи тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон 2,8 дарсади Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ буда, дар маҳалҳо 80-90 фоизи онро музди меҳнати кормандон ташкил медиҳад.
Ҷиҳати суғурта намудани гурӯҳҳои имтиёзноки аҳолӣ, ки теъдоди онҳо тақрибан 30-35 фоизи аҳолиро (бе назардошти бекорон) ташкил медиҳад, аз ҳисоби буҷети давлатӣ дар назар дошта шуда, пардохти аъзоҳаққии суғуртаи тиббӣ бояд аз ҳисоби буҷет таъмин шавад. Инчунин, ҳангоми гузаштан ба суғуртаи тиббӣ бояд дар тамоми мамлакат механизми низоми ягонаи феҳристи электронии маълумотии шаҳрвандон бо хусусияти хоси талаботи суғуртакунонӣ таъмин гардида, низоми ягонаи хариди давлатӣ фаъол бошад. Бинобар ин, дар асоси супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 — уми октябри соли 2022 ҷиҳати тамдид намудани муҳлати амали Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар мувофиқа бо вазорату идораҳои дахлдор тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 — уми декабри соли 2022 таҳти №596 «Дар бораи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва бо розигии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9-уми декабри соли 2022 ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол шуд.
Хоҳиш менамоям, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро дастгирӣ намоед.
РАИС: — Ба маърӯзачӣ савол ё пешниҳод ҳаст?
Сухани навбатӣ ба муовини раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ Ашӯрзода Гулбаҳор дода мешавад. Марҳамат.
Гулбаҳор АШӮРЗОДА: - Муҳтарам Раис, Раёсат, вакилон ва ҳозирини гиромӣ!
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида, мақсад аз пешниҳоди тағйири воридгардида тамдид намудани муҳлати амали қонуни мазкур мебошад.
Лоиҳаи қонун расмиёти ҳуқуқиро мутобиқ ба Дастури Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар кумита ва раёсатҳои дахлдори Маҷлиси намояндагон пурра гузашта, ҳамаҷониба дастгирӣ гардид. Он ба талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ» мутобиқ мебошад. Хоҳиш менамоям, ки ба ҷонибдории он овоз диҳед.
РАИС: — Ба маърӯзачӣ савол ё пешниҳод ҳаст?
Боз кӣ хоҳиши баромад кардан дорад? Нест.
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, қабул шуд.
Лоиҳаи Қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйир ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи суғуртаи тиббӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба овоз монда шуда, тасдиқ гардид.
РАИС: — Масъалаҳое, ки ба рӯзномаи ҷаласа ворид гардида буданд, баррасӣ шуданд.
Доир ба рафти ҷаласа эроду пешниҳод ҳаст? Нест.
Барои фаъол буданатон миннатдорӣ намуда, ҷаласаро пӯшида эълон менамоям.
Хӯҷаназари АМИНИЁН,
Шариф АТОБУЛЛОЕВ,
«Садои мардум».
Суратгир Неъматулло АЛИЕВ