Ҳамовозӣ ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Паёми Президент дастур ва роҳнамои мост

№1-9 (4584 - 4592) 03.01.2023

Чунин баён доштанд ҳамсуҳбатони мо — одамони касбу кор ва синну соли гуногун. Дар зер андешаҳои чанд нафари онҳоро ба хонандагон пешкаш менамоем.

Наримон Юсуфбеков, ходими илмии Маркази рушди инноватсионии илм ва технологияҳои нави Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон:

- Соҳаи илм таконбахши рушди ҷомеа маҳсуб меёбад. Нақши олимон дар пешрафти соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат муассир аст. Бинобар ин, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба наздикӣ ироа шуд, ба вазъи илм ва мақоми он дар ҷомеа таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда, минҷумла таъкид намуданд: «Вазъи имрӯзаи илми кишвар тақозо менамояд, ки ҷиҳати ба равандҳои ҷаҳони имрӯза мутобиқ намудан ва тибқи талаботи замони муосир ба роҳ мондани фаъолияти муассисаҳои илмӣ ва таҳсилоти олӣ тадбирҳои муассир андешида шаванд». Дар ин бобат вазоратҳои маориф ва илм, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ вазифадор гардиданд, ки дар ҳамкорӣ бо дигар вазорату идораҳо тавассути роҳандозии барномаҳои таълими касбу ҳунарҳои муосир ва васеъ ҷорӣ кардани омӯзиши амалии донишҷӯён бо роҳи пайванди илм ва истеҳсолот ҷиҳати баланд бардоштани сатҳу сифати омодасозии мутахассисони соҳаҳои саноат ва технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ, инчунин иқтисоди рақамӣ, тадбирҳои судмандро амалӣ созанд.

Дар мамлакат барои ҷалби ҷавонон ба омӯзиши илму дониш тадбирҳои зиёд андешида мешаванд. Иқдомҳои солҳои охир роҳандозигардида, яъне ташкили озмунҳои умумиҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст», «Тоҷикистон – Ватани азизи ман», «Илм – фурӯғи маърифат», эълон гардидани солҳои 2020 — 2040 «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» гувоҳи гуфтаҳои болост. Ин ташаббусҳо ҳамчун дастури роҳнамо ҷавобгӯи ниёзҳои таърихиест, ки дар оғози ҳазораи сеюми мелодӣ пеш омадаанд. Аз ин рӯ, онҳоро аҳли илми кишвар ҳамчун барномаи умдаи рушду такомули минбаъдаи ҷомеаи имрӯзӣ, қадами ҷиддӣ дар роҳи рушди илми ватанӣ, ташаккули тафаккури техникӣ ва ҷаҳонбинии илмии ҷомеа ва болоравии маърифати мардуми кишвар пазируфтанд.

Ин тадбирҳо ба рушди бахшҳои гуногуни илм ва баланд бардоштани сатҳи саводнокиву маърифатнокии миллат мусоидат менамояд. Дар Паём дастур дода шуд, ки бо истифода аз имкониятҳое, ки Давлат ва Ҳукумати мамлакат фароҳам оварда истодааст, муассисаҳои илмиву таҳқиқотӣ ва таҳсилоти олӣ бояд бо роҳи анҷом додани кашфиёту ихтироот, ҷорӣ кардани усулҳои инноватсионии пешбурди таҳқиқоти илмӣ ва техникаву технологияҳои муосир дар рушди минбаъдаи иқтисоди миллиамон бештар саҳм гузоранд.

Ҳасан Маҳмадов, мудири шуъбаи бемориҳои дарунии Муассисаи давлатии «Маркази тиббии шаҳрии №1 ба номи К. Ахмедов»:

- Тандурустӣ неъмати бебаҳо ва пурарзиш буда, саҳмгузорӣ дар солимии аҳли ҷомеа кори пуршараф аст. Ин рисолат ба дӯши мо — табибон гузошта шудааст ва барои анҷоми он Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ҳама шароитро муҳайё сохта, барои рушди соҳа тадбирҳои муассир меандешанд. Ин нукта зимни ироаи Паёми Президенти мамлакат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 23-юми декабри соли равон махсус зикр гардид. Дар ин бобат далелҳои мушаххас оварда шуд, аз ҷумла агар то соли 1991, яъне дар 70 соли замони гузашта, дар мамлакат 2862 муассисаву иншооти танду­рустӣ бо 52 ҳазору 800 корманд фаъолият дошта бошад, пас дар даврони соҳиб­истиқлолӣ, хусусан дар 25 соли охир, 2827 муассисаву иншооти тандурустӣ сохта ба истифода дода шудааст. Ҳоло шумораи муассисаҳои танду­рустии мамлакат нисбат ба соли 1991 қариб ду баробар зиёд гардида, ба 5116 ва кормандони онҳо ба 79 ҳазор расидааст.

Ҳоло муассисаҳои тандурустӣ бо таҷҳизоти муосир таъмин гардидаанд, ки ин тадбир ба беҳтар гардидани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ва дастрасии аҳолӣ ба он мусоидат менамояд. Бо ин мақсад, танҳо дар ду соли охир аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ба муассисаҳои тандурустии кишвар ба маблағи зиёда аз 1 миллиард сомонӣ беш аз 200 номгӯй таҷҳизоту дастгоҳи муосир дастрас шуд.

Зимни таҳлили вазъи соҳаи тандурустӣ Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон таъкид карданд, ки бо вуҷуди дастоварду пешравиҳои муайян, ҳанӯз масъалаҳои ҳалталаб бисёранд, аз ҷумла дар самти тарбияи кадрҳо, мутахассисони хубу болаёқат. Воқеан, ин масъала бояд ба таври ҷиддӣ дар мадди назари роҳбарону устодони муассисаҳои касбӣ ва олии соҳаи тиб бошад. Онҳо бояд кадрҳоеро омода кунанд, ки ба касб содиқ буда, рисолаташонро холисона иҷро кунанд.

 Маҳмадсидиқ Мирзоев, омӯзгори фанни технологияи иттилоотии ММТУ №48-и ноҳияи Рӯдакӣ:

- Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни пешниҳоди Паёмашон ба масъалаи маориф таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд. Суханони Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: «Мо мактабро ба ҳайси боргоҳи илму дониш, саводу маърифат ва омӯзгорро чун шахси мафкурасозу тарбиятгари насли наврас эътироф карда, ба онҳо арҷу эҳтиром гузоштанро аз ҷумлаи масъа­лаҳои муҳимтарин медонем», аз таваҷҷуҳи беандоза ва баҳои холисонаашон дарак медиҳад. Воқеан, тавре таъкид шуд, агар мактаб ва омӯзгор набошад, сатҳи маърифатнокии мардум паст мегардад, миллат бесавод мемонад, ҷомеа ба ҷаҳолат гирифтор мешавад ва дар натиҷа, оромиву сулҳу субот, амнияту осоиш ва, муҳимтар аз ҳама, рушди давлат сахт халалдор мегардад. Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ Давлат ва Ҳукумати мамлакат баҳри пешрафти соҳаи маориф аз тамоми захираю имкониятҳо самаранок истифода бурда, корҳои назаррасро анҷом доданд.  Чунончи, дар Паём қайд шуд: «Дар 30 соли охир шумораи муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва хонандагони онҳо беш аз ду баробар, таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ 1,6 баробар ва донишҷӯёни ин зинаҳои таҳсилот сеюним баробар, мактабҳои олӣ чор баробар ва донишҷӯён зиёда аз се баробар афзудааст.

Соли 2022 аз ҳисоби буҷети давлатӣ ба соҳаи маориф 6 миллиарду 304 миллион сомонӣ ҷудо гардидааст, ки нисбат ба соли 2021-ум 707 миллион сомонӣ ё худ 12,6 фоиз зиёд буда, қариб 19 фоизи ҳаҷми умумии хароҷоти буҷетро ташкил медиҳад».

Чунин таваҷҷуҳ, дастгирӣ ва ғамхориҳо омӯзгоронро вазифадор месозад, ки баҳри иҷрои вазифаи пурмасъу­лият, яъне таълиму тарбияи насли наврас, беш аз пеш саъй намоем.

Б. КАРИМЗОДА,

«Садои мардум»