Дар ҳама нишастҳои матбуотии Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон «Амонатбонк» роҳбарият аз дастоварду пешравиҳо ва пешниҳоди маҳсулоти нави бонкӣ мужда медиҳанд.
Лозим ба ёдоварист, ки «Амонатбонк» қаблан дар заминаи иҷрои бетаъхири дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарзҳои имтиёзнокро таҳти унвони «Кишоварз», «Дониш», «Автокредит» ва «Занҳои муваффақ» пешниҳод карда буд, ки натиҷаи ин ибтикор назаррас аст.
Ин навбат раиси Раёсати БДА ҶТ «Амонатбонк» Сироҷиддин Икромӣ ба журналистон аз рӯи кор омадани намуди наву имтиёзноки қарз бо номи «Баҳор — 2023» иттилоъ дод.
Зимни саволу ҷавоб маълум гардид, ки маблағи қарз аз 3 000 сомонӣ то 500 000 сомонӣ буда, он бо пули миллӣ ё мутаносибан бо асъори хориҷӣ пешниҳод мешавад. Муҳлати қарз то 36 моҳ буда, дар давраи аввали пардохти қарзи асосӣ то як сол имтиёз дода мешавад.
Меъёри фоиз 18 % солона бо сомонӣ ва 10% солона бо доллари ИМА муайян гардида, «Баҳор – 2023» барои рушди чорводорӣ, парандапарварӣ, занбӯриасалпарварӣ, боғпарварӣ, обёрӣ ба тариқи қатрагӣ, харидорӣ кардани тухмӣ, нуриҳои минералӣ, коркарди замин, пардохти ҳаққи хизмати коргарон, хариди техникаи хоҷагии қишлоқ ва хариди сӯзишворӣ пешбинӣ шудааст. Муштариёне, ки дар доираи «Лоиҳаи музди меҳнат ва нафақа» дорандаи корти пардохтии «Амонатбонк» мебошанд, аз ҷойи кор маълумотнома талаб карда намешавад.
Дастури дигари Роҳбари мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон — бештар ба кор ҷалб кардани занон низ аз ҷониби роҳбарияти ин бонки низомсози кишвар бетаъхир иҷро гардида, ҳоло, агар посбон, инкасатор ва дигар корҳои танҳо ба мардон хосро истисно намоем, ин нишондиҳанда 56 фоизро ташкил медиҳад.
Чун ҳарвақта журналистон ба қарзҳои мушкилситон таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуданд. Посухи Сироҷиддин Икромӣ дастоварди дигарро ба маъраз гузошт. Маълум гардид, ки дар заминаи ташаккули Фонди пӯшонидани талафоти имконпазир қарзҳои мушкилситон дар БДА ҶТ «Амонатбонк» аз байн рафтааст. Зимни шарҳу тавзеҳи масъалаи мазкур раиси Раёсати «Амонатбонк» гуфт, ки ташаккули фонди мавриди назар бо истифода аз даромадҳои бонк сурат гирифта, дар ин замина 123,2 миллион сомонӣ барқарор гардид.
Таъкид шуд, ки сол то сол дастурамалҳои Бонки миллӣ низ вобаста ба ин масъала ҷиддитар шуда, агар мизоҷ ду моҳ фоизи қарзро пардохт накунад, ба рӯйхати қарзҳои мушкилситон дохил мешавад.
Зимни рӯнамоии фаъолияти яксола журналистон аз дастовардҳои дигари бонк низ огоҳ шуданд. Барои мисол, дороиҳо 6,3 млрд. сомонӣ ва уҳдадориҳо 5,6 млрд. сомониро ташкил дод, ки нишондиҳандаи арзандаи ситоиш маҳсуб шуда, нисбат ба соли 2021 мутаносибан 42,8% ва 45,4% зиёд мебошад. Ҳамрадиф бо ин, сармояи бонк ба 720,5 млн. сомонӣ расида, дар муқоиса ба соли 2021-ум 25,2% афзуд.
Ҷанбаи дигари муҳим — пардохтпазирии бонк дар сатҳи баланд қарор дошта, маблағҳо сари вақт ба ҳисобҳои дахлдор гузаронида шуданд.Чун фаъолият дар сатҳи хубу сифати баланд роҳандозӣ шуд, табиист, ки фоидаи софи бонк тамоюли афзоишро касб менамояд. Ин нишондиҳанда соли гузашта 101,6 млн. сомониро ташкил намуд, ки нисбат ба соли қаблӣ 53,5% зиёд мебошад.
«Амонатбонк» дар ғановати буҷети давлатӣ низ саҳми бориз дошта, пардохт шудани 84,9 млн. сомонӣ андозу пардохтҳои ҳатмӣ шаҳодати ин гуфта аст.
Боварии шаҳрвандон низ ба «Амонатбонк» тақвият ёфта, бақияи пасандозҳои шахсони ҳуқуқию воқеӣ 4,9 млрд. сомониро ташкил дод. Ҷоиз ба зикр аст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2021-ум 51,8% фузун аст. Месазад аз пасандозҳои аҳолӣ ёдовар шавем, ки зиёда аз 2 млрд. сомониро ташкил дода, дар қиёс ба соли 2021-ум 24,1% зиёд гардид.
Фоизҳои аз ҷониби «Амонатбонк» ба аҳолӣ пардохтгардида соли гузашта 73 млн. сомониро ташкил медиҳад, ки ба боз ҳам беҳбуд ёфтани сатҳи зиндагии мардум то андозае мусоидат намуд.
Далер Абдулло,
«Садои мардум»