МОҶАРОҲОИ ҲАЁТ
Яке аз дигаре пурсид: — Чаро он ҷо аз таги дил кор мекунӣ, ин ҷо хунукназарона? Аввалӣ ҷавоб дод:
- Он ҷо ҳаққи хуб медиҳанд, ин ҷой ҳаққи корамро кам медиҳанд.
* * *
Кореро мебинӣ, ки аз уҳдааш намебароӣ ва умрат барои иҷрои он намерасад, ҷони худро беҳуда накоҳон.
* * *
Одам аҷоиб сохта шудааст, ки ҳар дафъа фиреб хӯрда, ба худ мегӯяд:
- Ин дафъа фиреб нахоҳам хӯрд. Вале ин дафъа аз пештара дида бештар фиреб мехӯрад. Ҳамин тавр, то охири умр.
* * *
- Тез-тез кор кун.
- Ҳар ду даст кор карда истодааст, дасти иловагӣ надорам, ки…
- Ин қадар бо забон кор накуну бештар бо дастҳо ҳаракат намо.
Хуб шудааст, хӯҷаин, бо забон не, бо дастҳо кор мекунам.
Танҳо ва танҳо бо даст!
* * *
- Туро чӣ ин қадар кордон кард?
- Муҳтоҷӣ ва меъда. Муҳтоҷӣ одамро ба фикр кардан маҷбур месозад, то чӣ тавр меъдаро сер кунад.
* * *
Баъзан одам аз дигарон дида, аз худ бештар метарсад.
* * *
Ҳар кореро, ки cap кардӣ, то охир бирасон.
* * *
Булҳавас мабош.
* * *
Омӯзу биомӯзон.
* * *
Аз сухан ба амал, аз амал ба ҳосилғундорӣ гузаред. Вагарна аз амали бемаънӣ чӣ ҳосил?
* * *
Гуфт:
- Дидӣ?
- Надидам, — гуфту ҷон ба саломат бурд.
* * *
Он чӣ ки ман аз cap гузаронидам, онеро, ки ман дидам ва шунидам, то охири умрам кифоя аст.
Дигар нахоҳам, ки чизе бубинаму бишнавам.
ШАРОРАҲО
Дар ин вохӯрӣ на ишқ буду на муҳаббат, дар он дурӯғ буду ғайбат.
* * *
Зоҳиран хомӯшӣ. Ором менамоӣ, вале нағз медонам, ки дар ботинат тӯфоне дар шӯр аст.
* * *
Лоф задӣ, лоф, инро аз он донистам, ки кӯшише барои расидан ба мақсад надоштӣ.
* * *
Гуфтаму гуфтам. Имрӯз ҳам мегӯям, ки умри худро ба беҳуда гуфтан зоеъ кардаам.
* * *
Ҳар куҷо будам, бо ӯ будам. Бо ӯ, яъне бо ғам. Дар манзили охират низ ҳамоғӯши ману ҳасратам танҳо ӯ хоҳад буд. Танҳо ӯ.
* * *
Бо дӯст қадам задану нафас кашидан низ осонтар аст.
* * *
Сагҳоро зиндагӣ газанда мекунад, мо аз ин газандагии онҳо ба даҳшат меоему фикр намекунем, ки онҳоро зиндагӣ ва мо ба ин ҳол оварда расонидаем.
* * *
Вақте ки мефиребандат, аз фиребгар хафа машав, аз худ хафа шав, зеро ту ба фиребгар имконият додӣ, ки туро бифиребад.
* * *
Дурӯғ дар бадани инсоният то он ҷо ҷой гирифтааст, ки ӯро дигар на бо анбӯр, на бо теша, на бо дос, на бо табар, на бо арра… бо ҳеҷ чиз буридаву канда гирифта намешавад. Дурӯғ дар хуну пӯсту устухону гӯшти инсон ҳулул гаштааст. Ба ӯ ба гӯр мераваду дар гӯр ҳам ин узвҳо дурӯғро давом медиҳанд. Замин аз дурӯғи одам ба дод омадааст.
ҲАРФҲО ДАР ҚОЛАБ
Таърих барои шумо ин роҳи Каҳкашон нест, таърих ин осмону замини башарият аст.
* * *
Омадан осонам буд, будан душвор, ман аминам, ки рафтанам осон хоҳад буд.
* * *
- Будан ё набудан?
- На ин, на он!
* * *
Мегӯянд, ки камбағалӣ айб нест. Ман мегӯям, ки номаъқул кардед, камбағалӣ на танҳо айб аст, аз ҳад зиёд бад ҳам ҳаст.
Нигоҳаш ғамангез ва андуҳгин буд. Ӯ чизе мехост бигӯяд, вале нагуфта аз ин дунё бирафт.
Асрори ғами дили худро ҳар кас худ донад. Ту, ай роҳгузар аз куҷо донӣ, ки дар қалби ман чӣ гап аст?
* * *
Ба оне ки қисматат додааст, шукр гӯю ба бешу ками дигарон кина наварз. Мабод он рӯзе, ки кинаат ба ғам мубаддал шуда, чун кирм мағзи устухони туро ба хоидан дарояд.
Аз китоби «Розҳо»,
ҷилди якуми осори Ҳошим Гадо