Шодравон Васила Ғафуроваро дар ноҳияи Ванҷ хурду бузург мешинохтанд. Зане буд хоксору хушгуфтор. Лаҳни ширинаш ба дилҳо фараҳ мебахшид.
Нақл мекард, ки пас аз хатми донишгоҳ дар деҳа омӯзгор шуд. Бар замми ин, дар корҳои ҷамъиятӣ иштирок менамуд. Иқдом гирифта, бо аҳли рустои Ғуҷоваст муассисаи таълимиро таъмир намуданд. Он замон хонандагони деҳаҳои Ҷовидон то Пои Мазор дар ин муассиса таҳсил мекарданд. Омӯзгорон чорабиниҳои гуногун ташкил мекарданд, то хонандагон ба корҳои беҳуда машғул нашаванд. Пас аз як сол бо дастгирии роҳбари вақти ноҳия Муҳаммадулло Абдуллоев раиси Ҷамоати деҳоти «Рованд» таъин шуд.
Водии Ванҷи Боло макони меваҳои шаҳдбор аст. Чормағзи ин музофот дар сифату таъм беҳамтост. Мутаассифона, солҳои пеш агарчи зиёд ҷамъоварӣ мешуд, аммо ба мардум манфиате намерасид.
Васила-апа барои ба хориҷи кишвар содирот намудани чормағз ба Кумитаи партиявии ноҳия мактуб ирсол кард. Роҳбарони вилоят ва кишвар ин пешниҳодро дастгирӣ намуданд ва чормағзи овозадори Ванҷ ба Япония содирот гардид. Ҳамон солҳо аҳли деҳот ба ин кишвар 50 тонна чормағз содирот мекарданд. Дар иваз барои мардум молҳои ниёзи аввал ворид мегардид. Деҳқонон низ дастмузди хуб мегирифтанд.
Солҳои минбаъда Корхонаи коркарди кварс дар назди пиряхи Федченко ба фаъолият оғоз кард. Ташаббусҳои шоиста ва неки сарвари Ҷамоат обрӯяшро баландтар карду маҳбубияташ байни омма афзуд.
Гарчанде кумитаи партиявии ноҳия ӯро ба вазифаҳои дигар пешниҳод карда бошад ҳам, қаҳрамони матлаб рад кард. Беш аз 16 сол ҷамоати калонтарини ноҳияи Ванҷро роҳбарӣ намуд.
Вақти дар ҳаёт буданаш мо — як гурӯҳ журналистон ба аёдаташ рафта будем. Васила-апа тарзи истеҳсол кардани равғани ангат ва чормағзро нишон дода, шукронаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро намуд, ки миллатро аз бадбахтӣ раҳо кард. Бонуи хушгуфтор аз таҳти дил, самимона, ширину гуворо сухан мегуфт ва дар ҳаққи Президенти кишвар дуои хайр кард. Пас аз як рӯз ин навор ба воситаи телевизион пахш гардид. Суханҳои самимии ӯро тамоми халқи ҷумҳурӣ шунид ва кору номи Васила-апа боз ҳам бештар машҳур шуд.
Солҳои 2008-2010, ҳангоми вохӯрии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сокинони ноҳияи Ванҷ ин модари некном бо Сарвари давлат суҳбат намуд. Ин бонуи заҳматкаш барои таъсиси корхонаи хурд 40 ҳазор сомонӣ гранти президентӣ гирифт.
- Надидаам, ки ягон Роҳбари мамлакат ба деҳае сафар карда, аз ҳоли рустонишинон воқиф шуда бошад. Танҳо Сарвари давлати мо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ванҷи Боло омаданд ва бо мардум мулоқот карданд. Роҳбари асил чунин аст, — дар ҷамъомадҳо изҳор мекард Васила-апа.
Моҳи июли соли 2015, пас аз ифтитоҳи пули Сурхсангов, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба деҳаи Ғуҷоваст ташриф оварда, корхонаи коркарди ангатро ифтитоҳ бахшиданд.
Пас ба Васила-апа рӯ оварда, бо табассум пурсиданд:
- Боз ба куҷо, апа?
- Як сари қадам ба хонаи ман ташриф оред. Орзуи ман ҳамин аст.
- Меравем,- гуфтанд Президент.
Даҳ қадам поёнтар рӯи кати калони таги дарахтони боғистони хушҳаво хони миллӣ ороста шуда буд. Президенти кишвар ҳамаро сари хон даъват намуданд.
Аз он вақт солҳои зиёде сипарӣ шуданд, вале хотироти он мулоқоту дидорбинӣ дар ёди мардуми водии Ванҷи Болост. Ифтихорманданд, ки тавассути як зани рустонишин мардуми Ванҷи Боло ба дидори Президенти маҳбуби худ мушарраф шуданд.
Пайшамбӣ Шоҳзода,
«Садои мардум»