29 март дар идомаи сафари корӣ дар шаҳри Гулистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бинои нозироти андози шаҳрро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Масоҳати бинои 0,16 гектарро ташкил дода, фармоишгари иншоот Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Дар асоси лоиҳа иншооти навбунёд аз таҳхона ва се ошёна иборат буда, бо тарҳи зебо ва унсурҳои муосири шаҳрсозӣ бунёд шудааст. Дар ошёнаи якуми бино шуъбаи хизматрасонӣ ба шахсони ҳуқуқӣ, бахши ташкили андозбандии шахсони воқеӣ ва бахши баҳисобгирии даромадҳо ҷойгиранд.
Дар ошёнаи дуюм ва сеюм маҷлисгоҳ бо 80 ҷойи нишаст, ҳуҷраҳои корӣ, маъмурият, толори баргузории видео-конфронсҳо бо 20 ҷойи нишаст ва дигар ҳуҷраҳои ёрирасон ҷой дода шудаанд.
Бинои нозироти андози шаҳри Гулистон дар доираи нақшаи чорабиниҳо ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шудааст.
Ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар бинои нозироти андози шаҳри Гулистон барои зиёда аз 30 нафар ҷойи кории мувофиқ фароҳам оварда шуд.
Насби дастгоҳу таҷҳизот ва барномаҳои муосири соҳавӣ имконият медиҳад, ки шаффофияти фаъолияти нозироти андоз дар раванди бақайдгирӣ ва пардохти андозҳо таъмин карда шуда, иҷрои чунин хизматрасониҳо бидуни таъсири омилҳои инсонӣ ва бо сарфаи вақт пешниҳоду гирифтани маълумот оид ба фаъолияти молиявию ӯҳдадориҳои андозсупорӣ анҷом дода шавад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоӣ бо шароити корӣ дар бинои нозироти андози шаҳри Гулистон ба кормандони соҳа аз наздик суҳбати озоду самимӣ анҷом дода, онҳоро чиҳати баланд бардоштани хизматрасонӣ ба андозсупорандагон, саривақт бақайдгирии шахсони воқеӣ-ҳуқуқӣ, таъмин намудани шаффофияти маблағҳо ва ба ин восита ғанӣ гардондани буҷети давлатӣ дастуру супоришҳои мушаххас доданд.
Акнун соҳибкорон имкон доранд, ки бо истифода аз шабакаи интернет эъломияи худро электронӣ пешниҳод намоянд, санадҳои муқоисавӣ тартиб диҳанд, ҳисобварақаи худро аз назар гузаронанд, бо санадҳои меъёрию ҳуқуқии қонунгузории андоз, ки дар сомонаи Кумитаи андоз ҷойгир карда шудаанд, бевосита шинос шаванд.