6 апрел пас аз анҷоми сафари бобарори давлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон аз шаҳри Душанбе ба шаҳри Боку баргаштанд.
Дар фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нишони эҳтироми самимӣ меҳмони олимақом — Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон муҳтарам Илҳом Алиевро гусел намуданд.
Ёдовар мешавем, ки сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Озарбойҷон давоми ду рӯз — 5 ва 6 апрел идома ёфт. Зимни ин сафар мулоқоти сарони давлатҳо ва ҳайатҳои расмии ду кишвар сурат гирифта, аз рӯйи натиҷаҳои он 14 санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид.