Аз маркази шаҳри Роғун то Ҷамоати деҳоти «Қади об» даҳ километр роҳ аст, ки дар даврони шӯравӣ сохта шуда буд. Пас аз барҳам хӯрдани Давлати Шӯравӣ вазъи ин роҳ хароб гардида, таъмирталаб гардид.
Дар солҳои охир вазъият дар ин қитъаи роҳ тағйир ёфт.
Бо ибтикори раиси шаҳр, ки ба ободонӣ, беҳтар кардани шароити иҷтимоию иқтисодии сокинони шаҳри Роғун таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд, дар навбати аввал азнавсозии роҳи зикршуда шурӯъ гардид. Тибқи нақша, он дар арафаи Ҷашни 35 — солагии Истиқлолияти давлатӣ мавриди истифода қарор мегирад.
Боғчаи кӯдаконаи дуошёнаи шаҳраки 25 — солагии истиқлолият низ солҳои тӯлонӣ валангор шуда буд. Дар ин бора борҳо дар матбуот бонги изтироб зада бошанд ҳам, беҳбудие дида намешуд.
Бо ташаббуси Суннатуло Саидзода таъмиру навсозии ин боғча оғоз гардида, дар як муддати кӯтоҳ боми он бо тунука пӯшонда шуд. Инчунин, ҳуҷраҳои боғча таъмир шуд, ки ҳоло дар он даҳ мураббия ба тарбияи кӯдакон машғуланд.
Раиси шаҳр баҳри вусъат бахшидани ободонӣ ба истиқболи Ҷашни 35 — солагии Истиқлолияти давлатӣ мунтазам бо мардум вохӯриҳои судманд доир карда, онҳоро ба саҳм гузоштан дар ободу сарсабз намудани диёр даъват менамояд.
Ҳокими САФАР