20 — уми апрели соли равон раиси Кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба тартиботи ҳуқуқӣ, мудофиа ва амният Рустам Шоҳмурод, инчунин вакилони Маҷлиси намояндагон Толибхон Азимзода ва Мавлудахон Мирзозода дар кори ҷаласаҳои нақшавии комиссияҳои доимии Ассамблеяи парлумонии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ оид ба масоили мудофиа ва амният, ки дар Қасри Таврическийи шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия аз тариқи фосилавӣ баргузор гардид, иштирок карданд.
Дар рӯзномаи ҷаласа 11 масъала, аз ҷумла «Дар бораи лоиҳаи дастури намунавии мақомоти салоҳияти давлатҳои аъзои СААД дар соҳаи таъмини оперативӣ ва тафтишотии амнияти дастаҷамъӣ», «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба «Барномаи фаъолияти Ассамблеяи парлумонии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ оид ба ҳамбастагӣ ва ҳамоҳангсозии қонунгузории миллии кишварҳои аъзои СААД барои солҳои 2021-2025», «Дар бораи лоиҳаи изҳороти Шӯрои Ассамблеяи парлумонии СААД роҷеъ ба роҳ надодани мусаллаҳшавии бошитоб дар фазои кайҳон», «Дар бораи лоиҳаи изҳороти Шӯрои Ассамблеяи парлумонии СААД оид ба пешгирии нашъамандӣ дар байни кӯдакон ва ҷавонон», «Дар бораи додани мақоми мушоҳидачии Шӯрои халқии Ҷумҳурии Сурияи Араб дар Ассамблеяи парлумонии СААД», «Дар бораи ҳуҷҷатҳое, ки аз парлумонҳои кишварҳои аъзои СААД ба Ассамблеяи парлумонии СААД ворид шудаанд», мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Гуфта шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди ҳамкории якҷоя, такмили механизми ин ҳамкорӣ дар тамоми бахшҳо, аз ҷумла дар доираи Ассамблеяи парлумонии СААД, эътибори ҷиддӣ медиҳад.
Дар ҷаласаҳои мазкур намояндаи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қароргоҳи Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар шаҳри Санкт-Петербург Бахтовар Сафарзода низ иштирок намуд.
Муҳаммадато СУЛТОНОВ,
мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Суратгир Неъматулло АЛИЕВ