Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Кӯлоб иттилоъ доданд, алҳол дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» 7 субъект, аз ҷумла ҶДММ «Тоҷик Алмос», ҶДММ «Кӯлоб Агросаноат», ҶДММ «Кӯлоб Пласт», ҶДММ «Растанӣ Инно», ҶДММ «Сомон Трейд», ҶДММ «Ваҳдат Металл» ва ҶДММ «Саноат Сино» ба қайд гирифта шудааст.
Аз ҷониби Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Кӯлоб Агросаноат», ки субъекти дуюми Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» ба шумор меравад, корҳои сохтмони дар корхонаи истеҳсоли равған, набот, коркард ва бандубасти намаки ошӣ оғоз гардид. Маблағи сармоягузорӣ барои эъмори корхонаи мазкур 3,4 миллион сомониро ташкил дода, иқтидори солонаи истеҳсолии он 60 тонна набот, 150 тонна равған ва 5 ҳазор тонна намаки ошӣ аст. Дар назар аст, ки 40 нафар бо ҷои кор таъмин шаванд.
Бо ибтикори соҳибкори маҳаллӣ Ҳадисиддин Икромов ҶДММ «Кӯлоб Пласт» дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» ба қайд гирифта шудааст, ки самти фаъолияташ истеҳсоли маҳсулоти пластмассӣ мебошад. Ҳадафи асосии ин иқдом истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда ва ба содирот нигаронидашуда аст. Маблағи барои бунёди корхона пешбинишуда 3,6 млн. сомониро ташкил дода, иқтидори истеҳсолии он дар як сол то 6 ҳазор дона маҳсулоти пласмассӣ мебошад. Дар сурати пурра ба кор даромадани корхона 15 мутахассиси маҳаллӣ соҳиби ҷои кори доимӣ мешаванд.
Бо мақсади иҷрои Нақша — чорабиниҳо оид ба иҷрои дастуру супоришҳои роҳбарияти олии мамлакат барои бунёди корхонаҳои саноатию истеҳсолӣ дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» дархостҳои нав барои лоиҳаҳо бо забонҳои русӣ ва англисӣ омода гардид.
Корхонаҳои истеҳсоли хӯроки биологии чорво, коғаз, сангҳои ороишӣ, коркарди пӯст ва истеҳсоли пойафзол, васлу насби лифт, маркази логистикӣ, истеҳсоли маводи шустушӯӣ, куртаҳои мардона, орд ва макарон, нӯшокиҳои ташнагишикан ва шарбати мева, газвор, коркарди пашм, сардхона, истеҳсоли равғани растанӣ, лампаҳои каммасраф, зарфҳои шишагин, маҳсулоти сохтмонӣ, сӯзандору, коркарди меваю сабзавот ва бофандагӣ аз ҳамон ҷумлаанд.
Дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ дар шаҳру деҳоти Кӯлоб 14 коргоҳи саноатӣ, аз ҷумла ҶДММ «Закияи Муҳамммадҷон» (истеҳсоли хишти пухта), ҶДММ «Орзуи кӯдакон» (истеҳсоли бозичаҳои кӯдакона), ҶДММ «Майрамбибӣ», ҶДММ «Шарипов Шарифхон», ҶДММ «Фотимаи Ҷумъахон» (истеҳсоли хишти бетонӣ), ҶДММ «Ҳоҷи Шералӣ» (истеҳсоли маҳсулоти қаннодӣ), ҶДММ «Дунёи Абдулло» (истеҳсоли дару тирезаҳои пластикӣ), ҶДММ «Ифтихор Алӣ» (истеҳсоли мебел), ҶДММ «Қурбонов Солеҳ» (истеҳсоли қанди сафед), ҶДММ «Зубайраи Азиз» (истеҳсоли мебел), ҶДММ «Маҷид» (истеҳсоли сафолак), ҶДММ «Абдулло Сафар», ҶДММ «Холзода Абдулло» (истеҳсоли гаҷ) ба фаъолият шурӯъ намуданд, ки дар онҳо теъдоди зиёди сокинони шаҳру деҳоти Кӯлоб бо ҷои кор таъмин гардиданд.
Исломи РАҶАБАЛӢ,
«Садои мардум»