Муттаҳидӣ – ғояи асосии ҳамкорӣ

№66-67 (4649-4650) 19.05.2023

ХАБАР 2 (1)РАИСИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МАҲМАДТОИР ЗОКИРЗОДА ДАР ҶАЛАСАИ САЙЁРИ ШӮРОИ АССАМБЛЕЯИ ПАРЛАМЕНТИИ СОЗМОНИ АҲДНОМАИ АМНИЯТИ ДАСТАҶАМЪӢ ДАР ШАҲРИ МИНСК ИШТИРОК ВА СУХАНРОНӢ НАМУД

18 — уми майи соли 2023 дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларус ҷаласаи сайёри Шӯрои Ассамблеяи парламентии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ баргузор гашт, ки дар он ҳайати парламентии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ширкат варзид.

Дар он, ки таҳти раёсати Раиси Ассамблеяи парламентии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Вячес­лав Володин баргузор гардид, раисони парламентҳои кишварҳои аъзои СААД масъалаҳои мубрами амнияти байналмилалӣ ва минтақавиро баррасӣ намуда, доир ба масоили матраҳшуда мубодилаи афкор намуданд.

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода маърӯза карда, иброз намуд, ки баргузории ҷаласа далели возеҳи ҳамкориҳои давлатҳои аъзои СААД буда, ғояи асосии он муттаҳидии давлатҳои аъзои ин созмон аст.

Иброз гардид, ки ҷаласаи имрӯза барои ҷамъбас­ти натиҷа ва баррасии дурнамои рушди минбаъдаи Ассамблеяи парлумонии СААД имконияти хуб аст.

ХАБАР 2 (3)- Ҳуҷҷати муҳиме, ки фаъолияти СААД-ро тавсеа мебахшад, «Стратегияи амнияти дастаҷамъии СААД барои давраи то соли 2025» мебошад. Дар назди мо вазифаҳои басо муҳим вобаста ба таъмини амнияти умумӣ қарор доранд. Бо назардошти афзоиши чандинкаратаи чолишу таҳдидҳо бояд кӯшишҳои муштаракро барои таҳкими иқтидор ва тавонмандии СААД афзоиш диҳем, — таъкид намуд Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода.

Раиси Маҷлиси намояндагон афзуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таъмини амнияту субот дар чаҳорчӯбаи СААД таваҷҷуҳи хоса зоҳир менамояд.

- Умед дорам, ки қарорҳои дар натиҷаи баррасии рӯзномаи имрӯза қабулшуда амнияти кишварҳои моро боз ҳам таҳким бахшида, саҳми муассири Ассамблеяи парламентии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ барои таъмини шукуфоӣ, сулҳу субот дар кишварҳоямон мегарданд,- гуфт дар интиҳо Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода.

Дар ҷаласаи зикршуда 14 масъала баррасӣ ва қарорҳои дахлдор қабул гардид.

Дар он сафири фавқулода ва мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус Маҳмадшариф Ҳақдодзода ва намояндаи комилҳуқуқи Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ Бахтовар Сафарзода низ иштирок намуданд.

Муҳаммадато Султонов,

мудири шуъбаи матбуоти Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон