Симпозиуми чоруми байналмилалӣ

Мушкилоти таъмини амнияти озуқаворӣ тадқиқоти ҷиддӣ мехоҳад

№89-92 (3235-3238) 06.08.2014

Чанде пеш дар Душанбе Сипозиуми чоруми байналмилалии захираҳои растаниҳои ғизоӣ ва ингредиентҳои фаъоли биологӣ баргузор гардид, ки дар кори он беш аз 100 нафар олимону мутахассисони Академияи илмҳои ҷумҳурӣ, Академияи илмҳои кишоварзӣ ва Академияи илмҳои тибби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Халқии Хитой, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии  Қазоқистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон иштирок карданд.

Дар маҷлиси пленарӣ ва соҳавии симпозиум қариб 50 маърӯзаи олимону мутахассисон шунида ва мавриди баррасӣ қарор дода шуд. Иштирокчиён дар ҷараёни ҷаласаи пленарӣ тавсияномаҳоро «Оид ба тақвият додани тадқиқоти муштарак ва татбиқи равандҳои инноватсионӣ дар соҳаи ҳифзи захираҳои растаниҳои ғизоӣ ва доруворӣ», «Таҳия ва омӯзиши ҳамкории муассисаҳои илмӣ- тадқиқотии давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Халқии Хитой оид ба истифодаи устувори захираҳои  растаниҳои ғизоӣ ва доруворӣ ва ба роҳ мондани  технологияи парвариши он вобаста ба шароитҳои экологӣ дар минтақаҳои гуногун» қабул карданд.

Дар рафти кори симпозиум, ки ду рӯз давом кард, зикр гардид, ки масъалаи таъмини аҳолӣ бо маводи  озуқаворӣ сол аз сол мушкилтар мегардад. Чун роҳи ҳалли мушкилоти таъмини амнияти озуқаворӣ ба соҳаи кишоварзӣ робитаи ногусастанӣ дорад, олимон мехоҳанд бештар тадқиқотро дар самти омӯхтани олами наботот ба роҳ монанд.

Олимону  мутахассисони соҳаи кишоварзӣ дар баробари баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо, инчунин тадқиқотро дар самти гирифтани ҳосил аз растаниҳои худрӯй равона намудаанд.

Зикр кардан бамаврид аст, ки ин масъала дар Тоҷикистон мавриди таваҷҷуҳи ҳамешагии Давлату Ҳукумат қарор дорад. Ҳамин аст, ки олимони тоҷик дар бахши  омӯхтани наботот, махсусан растаниҳои гуногуни манотиқи кӯҳистони мамлакат корҳои тадқиқотиро ҷиддӣ ба роҳ мондаанд.

Солҳои охир олимони тоҷик дар ҳамкорӣ бо олимони Ҷумҳурии Халқии Хитой, ки аллакай дар ин самт ба комёбиҳои назаррас ноил гаштаанд,  дар муассисаҳои илмии Тоҷикистон растаниҳои шифобахшу худрӯйро мавриди таҳқиқ қарор додаанд. Намудҳои зиёди растаниҳое, ки дар Ҷумҳурии Халқии Хитой ҳамчун ғизо истифода мешаванд, дар Тоҷикистон ҳам мерӯянд. Яъне, кишвари мо низ аз растаниҳои ғизоноку шифобахш  бой мебошад ва барои истифодаи босамари онҳо олимону мутахассисонро зарур аст, ки усулҳои ҳозиразамонро ба роҳ монда, дар таъмини амнияти озуқавории кишварамон саҳм гузоранд.

Тибқи қарори Симпозиуми чоруми байналмилалӣ Симпозиуми навбатии панҷуми байналмилалӣ соли 2015 дар музофоти махсуси маъмурии Гонконги Ҷумҳурии Халқии Хитой баргузор мегардад.

 

Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум»