Бонувонро бештар барои ҳаётофаринӣ, ҷоннисорӣ, муҳаббати поку беолоишашон ситоиш мекунем. Таъкид месозем, ки рисолати асливу азалии онҳо фарзанд ба дунё овардану солеҳ тарбия намудан мебошад, ки дуруст аст. Бемуҳобот модарони тоҷик ин рисолати хешро ҳамеша иҷро намудаанд. Дар баробари ин таърих далелҳои зиёд манзур медорад, ки бонувони мо дар замонҳои гуногун муқобили душман, бедодгариҳои давр низ размидаву мардонавор ҷон бохтаанд.
Саида, иштирокчии бузургтарин ҳаракати мардумии охири садаи XIX- шӯриши Восеъ (мутаассифона, дар бораи Саида ва қаҳрамониву мардонагие, ки ӯ дар ин набард нишон додааст, маълумот кам аст) аз зумраи онҳост. Дар ин бора Бекназар Аҳмадов (рӯҳаш шод бод) тақрибан 10 сол қабл дар рӯзномаи «Ҷумҳурият» матлабе нашр намуд.
Тибқи нигоштаи ӯ, бори аввал дар бобати Саида баҳори соли 1939 узви Экспедитсияи археологии бахши тоҷикистонии Академияи илмҳои Иттиҳоди Шӯравӣ Тихон Гритсенко, ки ҷониби Кӯлоб сафар намуда буд, маълумот пайдо мекунад. Тихон Гритсенко ба Балҷувон сафар намуда, бо бисёр одамон, аз ҷумла дар маҳаллаи Сурхако, бо иштирокчии шӯриш бобои Қурбони 110 — сола, дар маҳаллаи Саримазор бо холаи Фотимаи синнаш аз 100 боло ҳамсуҳбат мешавад. Холаи Фотима се бонуи ҷасурро ситоиш карда мегӯяд: «Ҳар сеи онҳо иштирокчии фаъоли шӯриш буданд. Номи дуи онҳоро дар хотир надорам, аммо Саидаро то ҳол фаромӯш накардаам. Магар метавон ӯро фаромӯш кард? Зан не, мард буд. Восеи паҳлавон борҳо ҷасорати ӯро ситоиш кардааст. Ӯ барои шӯришгарон ғизо ҷамъ меовард ва нону хӯрок ҳам мепухт».
Гритсенко аз забони холаи Фотима нақл кардааст, ки дар шӯриш бо дастаи Бек задухӯрди сахт рух медиҳад, ки Саида дар ин задухӯрди мудҳиш шуҷоату далерӣ зоҳир мекунад. Азбаски ӯ дар тан либоси мардона дошт, шинохтанаш осон набуд. Шӯриш пахш мегардад ва ба Балҷувон чил асирро меоранд ва Саидаи далерро ба дор меовезанд. Баъд дармеёбанд, ки яке аз шӯришгарон зан аст. Ин ғазаби Бек ва сарбозони ӯро меафзояд ва онҳо ҷисми беҷони Саидаро аз дами теғ мегузаронанд.
Вақте Бекназар Аҳмадов ин маводро дастрас мекунад, ба шоири зиндаёд Ҷамолиддин Каримзода рӯ оварда, мегӯяд, ки ҳодиса шарҳу тавзеҳ мехоҳад ва ҳам барои шеър мавзӯи хеле ҷолиб аст. Ҳамин тавр, соли 1988 Ҷамолиддин Каримзода бахшида ба ҷашни 100 — солагии Шӯриши Восеъ зери унвони «Марди майдон» шеър иншо менамояд. Он аз паҳлуи мардони гурд алайҳи бедодгарии давр мубориза бурдану ба шӯриш пайвастан ва бо дасти номардон ба дор овехтани Саида қисса мекунад, ки хеле дарднок аст.
Тақрибан баъд аз 40 соли кушта шудани Саида, солҳои 20 — уми асри гузашта бонувони дигари матинирода ба майдон омадаанд. Онҳо Оламбӣ Гадоева, Сайрамбӣ Абдуллоева, Маълумбӣ Қосимова, Чиллабибӣ Ҳакимова ва Файзиниссо Шоназарова мебошанд, ки аввалин муаллимаҳои тоҷик ба ҳисоб мераванд. Ба майдон омаданд, то алайҳи зулмот мубориза баранд, чароғи илму донишро афрӯзанд ва бад-ин минвол зиндагии ҷомеаро ба сӯйи нек раҳнамун созанд.
Баъд аз хатми курси яксолаи муаллимтайёркунӣ дар ноҳияи Рашт муаллимаҳои ҷавон рӯзона дар мактабҳои ибтидоӣ ва шабона ба бонувон дар курсҳои маҳви бесаводӣ дарс мегуфтанд. Баъдтар Чиллабибӣ Ҳакимова раиси деҳшӯро интихоб мешавад.
Ҳоло ҳар ташаббуси созандае, ки бонувон зоҳир мекунанд, аз ҷониби Ҳукумати кишвар дастгирӣ меёбад. Дастоварде, ки имрӯз бонувони тоҷик дар соҳаҳои гуногун ноил мегарданд, аз сиёсати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маншаъ мегирад. Агар ин сиёсат — баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, баробарии ҳуқуқи марду зан ва гузашта аз ин, истиқлолияту ваҳдати комил намешуд, шояд зан — модари тоҷик ба мартабаи воло расида наметавонист, аммо таърих гувоҳ аст, ки дар гузашта сиёсати давр ба онҳо чандон нарм набудааст. Ба иллати таъсири хуруфот ширкати бонувон дар бисёр корҳои ҷамъиятӣ маҳкум мешуд. Мутаассифона, ба ин сабаб тақдири аввалин муаллимаҳо низ ба фоҷиа меанҷомад.
Шоир ва рӯзноманигор Диловари Мирзо ин фоҷиаро чунин таҳқиқ намудааст: «Онҳое, ки мухолифи сохти нави давлатдорӣ буданд, муаллимаҳоро таъқиб намуда, Оламбӣ, Маълумбӣ, Сайрамбӣ ва Чиллабибиро дастгир мекунанд. Бо сабаби ҳомиладор будан Чиллабибиро аз марг озод менамоянд, аммо сеи дигарро ба дор меовезанд. Файзиниссоро, ки ҳамагӣ 18-сола буд, аз деҳаи Тахт дастгир менамоянд, аммо ба ҳангоми гузаштан аз болои Пули Кабуд худро ба дарё андохта, наҷот меёбад. Чиллабибӣ ва Файзиниссо баъдтар барои пойдории сохти нави давлатдорӣ корҳои назаррас анҷом медиҳанд».
Бале, ин саҳифа андуҳбору пурфоҷиа мебошад, аммо таърих онро дар хотираи худ барои ҳамеша ҳифз намудааст, мисле ки ба мову ояндагон ёдрас намудан мехоҳад, зан-модари тоҷик ба он ҷойгоҳе, ки ҳоло дар ҷомеа дорад, ба осонӣ нарасидааст.
Фарзона ФАЙЗАЛӢ,
«Садои мардум»