Мутахассисон ба талаботи бозори меҳнат рақобатпазиранд

№98 (4681) 04.08.2023

ТЕХНОЛОГИ (4)- Дар сохтори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон 8 факултет, ду марказ, инчунин, Донишкадаи технология ва менеҷменти инноватсионӣ дар шаҳри Кӯлоб, филиали донишгоҳ дар шаҳри Исфара, гимназия дар шаҳри Кӯлоб ва Литсеи инноватсионии «Душанбе» фаъо­лият дорад.

Теъдоди донишҷӯёни таълимгоҳ 3642 нафарро ташкил медиҳанд, ки тибқи низоми кредитӣ ба таълим фаро гирифта шудаанд. Донишгоҳ мутахассисони ба талаботи бозори меҳнат рақобатпазирро омода ва аз рӯи 49 ихтисос дар зинаи бакалавр, аз рӯи 36 ихтисос дар зинаи магистратура, аз рӯи 9 самти илмӣ аспирантура ва аз рӯи 8 самти илмӣ докторантура, аз рӯи ихтисоси PhD мутахассис тайёр карда мешавад,- иброз намуд ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Илҳом Амонзода зимни нишасти матбуотӣ, ки якуми августи соли ҷорӣ баргузор шуд.

Ректор қайд кард, ки маъмурияти донишгоҳ барои баланд бардоштани сатҳи сифати таълиму тарбия, ҷавобгӯ будани он ба стандартҳои байналмилалии таҳсилоти олии касбӣ чандин нақша ва чорабиниҳо тартиб дода, онҳоро зина ба зина амалӣ менамояд ва мавқеи худро дар фазои таҳсилоти олии кишвар ва берун аз он баланд мебардорад. 27-уми сентябри соли 2022 Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар рейтинги байналмилалӣ иштирок карда, дар байни донишгоҳҳои АвруОсиё ҷои ифтихориро ба даст оварда, ба чоргонаи донишгоҳҳои бонуфузи ин қитъаҳо шомил гашт.

Донишгоҳ соҳиби Ҷоизаи бонуфузи байналмилалии «Ситораи сифат» мебошад.

Ректори донишгоҳ ба саволҳои мавриди таваҷҷуҳи хабарнигорон, аз ҷумла масъалаҳои қабули довталабон, муносибатҳои байналмилалӣ ва таҳсили донишҷӯёни хориҷӣ, фаъолияти телевизион, радио ва нашрияи дохили донишгоҳ, ҳамкории таълимгоҳ бо корхонаҳои истеҳсолӣ, посухҳои мушаххас дод.

Б. КАРИМЗОДА,

«Садои мардум»