- Дар нимсолаи аввали соли равон дар ҷумҳурӣ 49 масҷиди ҷомеи марказӣ, 327 масҷиди ҷомеъ, 3612 масҷиди панҷвақта, 66 ташкилоти динии ғайриисломӣ, 1 маркази исломӣ ва 3 Ҷамоатхона, дар маҷмӯъ 4058 иттиҳодияи динӣ дар Феҳристи давлатии иттиҳодияҳои динии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст, — иброз дошт зимни нишасти матбуотӣ якуми августи соли ҷорӣ раиси Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Давлатзода.
Номбурда афзуд, ки дар ин давра аз ҷониби иттиҳодияҳои динии ҷумҳурӣ ба ятимону маъюбон, шахсони бепарастор ва оилаҳои камбизоат ба маблағи қариб 1 млн. 200 ҳазор сомонӣ кумакҳои моддиву молиявӣ расонида шуд.
Аз тарафи ходимони дини шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо мақсади иштирок дар раванди корҳои ободонӣ ва бунёдкорӣ 33 ҳазору 352 адад гулҳои ороишӣ, 8501 бех дарахтони мевадиҳанда ва 18 ҳазору 287 бех дарахтони сояафкан, дар маҷмӯъ 60 ҳазору 140 бех дарахт ва гулу гулбуттаҳо шинонида шуд.
Ҳамчунин, гуфта шуд, ки ба 1143 номгӯй адабиёти динӣ, 2805 варақа, сабтҳои видеоӣ ва аудиоии дохилӣ 75 фита ва 6 телефони мобилӣ хулосаи мусбат ва ба 70 номгӯи адабиёти динӣ (дар шакли чопӣ 37 номгӯй ва дар шакли электронӣ 33 номгӯй) , 570 варақа, баъзе аз сабтҳои видеоӣ ва аудиоии дохилӣ 107 фита ва 18 телефони мобилӣ хулосаи манфӣ дода шуд.
Шарофат АБДУЛВОҲИДОВА,
«Садои мардум»