31-уми июли соли 2023 дар нишасти матбуотӣ директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зафарбек Давлатзода иброз намуд, ки бо мақсади бо оби обёрӣ таъмин намудани истифодабарандагон дар мавсими соли ҷорӣ идораҳои давлатии беҳдошти замин ва обёрии шаҳру ноҳияҳо дар майдони 548 ҳазору 273 гектар бо 62 ҳазору 540 истифодабарандагони об шартномаи додугирифтро ба имзо расонида шуд.
Бо вуҷуди он ки идораҳои давлатии беҳдошти замин ва обёрӣ уҳдадориҳои шартномавиашонро дар назди истифодабарандагони об оид ба таъминот бо оби обёрӣ пурра иҷро карда бошанд ҳам, вале обистифодабарандагон, хусусан хоҷагиҳои кишоварзӣ, ҳақи хизмати обрасониро сари вақт ва бо ҳаҷми пурра пардохт намекунанд. Бинобар ин қарздорӣ аз ҳисоби ҳақи хизмати обрасонӣ афзоиш ёфта, бақияи он бо назардошти солҳои пеш 168,3 миллион сомониро ташкил менамояд, ки ин дар навбати худ боиси афзоиши қарзҳои кредиторӣ, аз ҷумла қарзи суғуртаи иҷтимоӣ ва ҳамаи намуди андозҳо, гардидааст.
Бо мақсади рӯёнидани маблағи қарз аз ҳисоби ҳақи хизмати обрасонӣ дар давраи ҳисоботӣ ба мақомоти Суди иқтисодӣ ва Прокуратураи генералӣ аз ҷониби идораҳои давлатии беҳдошти замин ва обёрии вилоятҳо ва минтақаҳо ба маблағи 32,3 миллион сомонӣ ҳуҷҷат ва аризаҳои даъвогӣ пешниҳод гардида, аз ин ба фоидаи идораҳои беҳдошти замин ва обёрӣ 6,58 миллион сомонӣ рӯёнида, ба маблағи 25, 7 миллион сомонӣ дар арафаи баррасӣ қарор доранд. Дар доираи «Барномаи давлатии корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027» соли 2023 гузаронидани корҳои соҳилмустаҳкамкунӣ ба маблағи 50,77 миллион сомонӣ ба дарозии 18 ҳазору 963 метр пешбинӣ гардида, дар давраи ҳисоботӣ аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳо ба маблағи 1,4 миллион сомонӣ корҳо иҷро гардидааст. Барои беосеб гузаронидани мавсими селоб ва обхезиҳои дарпешистода дар мавзеъҳои осебпазири ҷумҳурӣ 2766 адад тахтасангҳои оҳану бетонӣ васл ва 10565 адад тахтасангҳои оҳану бетонии дигар захира карда шудааст.
Р. ҲАБИБОВ,
«Садои мардум»