Аз нишастҳои матбуотӣ

Барномаи Mozilla Firefox фаъол гардид

№ 04.08.2023

RaisiKumitaДар нишасти матбуотии Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси он доктори илмҳои филология, профессор Олимҷон Муҳаммадҷонзода хабарнигоронро бо фаъолияти Кумита дар нимсолаи якуми соли 2023 шинос кард.

Маълум гардид, ки дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ ду фарҳангномаи тахассусӣ (бо муҳтавои 3960 истилоҳ), маводи марбут ба истилоҳи соҳавӣ (шомили 123 истилоҳ) ва 8 китоби таълимӣ, дастурамали машваратӣ (560 истилоҳи соҳавӣ), ки дар умум, 4643 вожаву истилоҳро дар бар мегирад, мавриди баррасӣ қарор гирифтааст.

Бо мақсади иҷрои банди 13-и «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030» аз ҳисоби мутахассисон ва барномасозони маҳфили «Посдорон ва дӯстдорони забони давлатӣ»-и Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори аввал дар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ браузери нав (ҷустуҷӯгари нав) – Барномаи танзими Mozilla Firefox бо забони тоҷикӣ таҳия гардид. Ин барнома аз 9-уми майи соли равон дар шабакаи Интернет фаъол мебошад, — гуфт раиси кумита.

Мутахассисони Кумита беш аз 2 сол дар таҳияи барномаи мазкур заҳмат кашида, ниҳоят комёб шуданд.

Фаъолият дар шабакаи иҷтимоӣ ва сомонаҳои интернетӣ тариқи Mozilla Firefox, ки бо забони тоҷикӣ мебошад, осон буда, дар рушди забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон саҳмгузор хоҳад буд.

Т. НЕКҚАДАМ,

«Садои мардум»